Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии футболбозони хориҷӣ аз андоз. Футболи тоҷик чанд хориҷӣ дорад?ВИДЕО


Мутахассисон ва коршиносон мегӯянд, ки озод кардани мураббиёну бозигарони хориҷӣ аз андоз барои рушди футболи тоҷик мусоидат мекунад.

Бозии марказии даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои "Кӯктош" ва "Истиқлол" баргузор шуд. Ду дастае, ки дар ҳайаташон аз ҳама бештар легионер доранд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 2-2 ба анҷом расид ва ҳар ду голи "Кӯктош"-ро ба дарвозаи "Истиқлол" Муҳиддин Одилов, легионери узбекистонӣ, ба ҳадаф расонд.

Футболбозони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз рӯи қарордодашон ҳақ надоранд, дар бораи маошашон ошкоро сӯҳбат кунанд, аммо гуфта мешавад онҳо аз 3000 то 15000 сомонӣ даромад доранд.

Дар ҳайати ҳафт дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 21 легионер ё футболбози хориҷӣ бозӣ мекунад, ки намояндагони нӯҳ кишварро ташкил медиҳанд. Порлумони кишвар бо тағйир ба Қонуни буҷаи соли 2019 мураббиён ва бозигарони хориҷиро аз пардохти андоз аз даромад озод кард.

Амоншо Саодатсайров, коршиноси футбол, мегӯяд, "ин қарор аз он ҷиҳат хуб аст, ки ба ҷумҳурии мо ҳам бозигарон ва ҳам мураббиёни босифат бо дараҷаи баландтар меоянд. Чунки онҳо метавонанд маоши баландтар гиранд. Пӯшида нест, ки футболи мо он қадар пуле намедиҳад, ки ба давлати мо бозигарони хуб аз Аврупову Африқо ё дигар кишварҳои Осиё биёянд".

Озод шудани легионерҳои хориҷии футболи тоҷик аз андоз
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:07 0:00

Ишмэал Клотей, дарвозабон аз Гана, панҷ сол боз дар дастаҳои футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Се соли ахир бо дастаи "Кӯктош" қарордод бастааст. Ӯ як ҳиссаи даромадашро ба Африқо, барои дастгирии хонаводааш ирсол мекунад. Вай гуфт, "ман оиладорам. Ду фарзанд дорам. Албатта, насупурдани андоз аз даромад ба мо, се бозигаре аз Гана, ки дар бошгоҳи "Кӯктош" бозӣ мекунем, имкон медиҳад, ба пайвандони худ бештар кӯмаки молӣ кунем".

Ҳоло пардохти андоз аз даромад барои бозигарони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 25 дарсадро ташкил медиҳад. Егор Хохлов аз Русия, ки таҷрибаи бозӣ дар кишварҳои мухталифро дорад, сатҳи андоз аз даромадро дар кишварҳои бозикардааш қиёс мекунад. Ӯ соли аввал аст, ки бо дастаи ССКА "Помир" шартнома бастааст.

Футболи тоҷик чанд хориҷӣ дорад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:43 0:00
Линки мустақим

"Ҳамакнун таваҷҷуҳи мутахассисону футболбозони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар мешавад ва онҳо ба инҷо барои пулкоркунӣ меоянд. Ман дар бошгоҳҳои футболи бисёр кишварҳо бозӣ кардаам. Фикр мекунам, ки инҷо пардохти ҳаҷми андоз аз даромад барои хориҷиён баланд аст. Масалан, дар Русия, ки 12 фоиз аст, дар Тоҷикистон ду баробар зиёд мебошад", - гуфт Егор Хохлов.

Егор Хохлов.
Егор Хохлов.

Дар байни кишварҳое, ки футболбозонашон ба Тоҷикистон омадаанд, Узбекистон дар мақоми аввал аст. Аз ин кишвар ҳафт бозигар шарафи бошгоҳҳои футболи "Истиқлол"-и Душанбе, "Хуҷанд"-и Хуҷанд, "Кӯктош"-и Рӯдакӣ ва "Истаравшан"-и Истаравшанро ҳимоят мекунад.

Легионери узбекистонӣ Нодирбек Иброҳимов, нимҳимоятгари "Кӯктош", гуфт, "мо дар дастаи "Кӯктош" аз Узбекистон се нафарем. Ҳамроҳи ман дар ин даста нимҳимоятгарон Бунёд Шодиев ва Муҳиддин Одилов бозӣ мекунанд. Барои мо шароити зарурӣ муҳайёст. Мо аз он хурсандем, ки дигар аз даромади мо андоз ситонида намешавад. Ин тасмими хуб аст".

Футболбозони хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз рӯи қарордодашон ҳақ надоранд, дар бораи маошашон ошкоро сӯҳбат кунанд, аммо гуфта мешавад онҳо аз 3000 то 15000 сомонӣ даромад доранд. Коршиносони футбол аз сатҳи бозии легионерҳо дар кишвар чандон розӣ нестанд ва мегӯянд, бо ин маблағ имкон надорад бозигарони сатҳи баландро ҷалб кард.

Раҳматулло Фузайлов, сармураббии дастаи "Кӯктош", гуфт, "ин тасмим, бешак, барои рушди минбаъдаи футболи тоҷик мусоидат хоҳад кард. Мо, албатта, ба мутахассисони хориҷӣ ва легионерҳо эҳтиёҷ дорем. Бовар дорам, дар оянда онҳо бештар ба Тоҷикистон меоянд ва мо имкон пайдо мекунем, аз байнашон беҳтаринҳоро интихоб намоем. Легионер бояд аз бозигарони маҳаллӣ ҳадди аққал ним сару гардан боло бошад."

Рустам Хоҷаев.
Рустам Хоҷаев.

Тасмими порлумон, ки легионерҳоро аз пардохти андоз озод мекунад, баъди чоп дар нашриёти давлатӣ амалӣ мешавад. Коршиносони футбол аз ин қарор итизороти зиёд доранд.

Рустам Хоҷаев, сармураббии "ССКА Помир", гуфт, "ин як кӯмак ба дастаҳо ва легионерҳо ҳаст. Аз рӯи ин мо метавонем легонерҳои бештару хубтарро ба даста даъват кунем. Футбол варзиши оммавӣ аст ва ин кор дар рушди футбол мусоидат мекунад".

Бархе аз коршиносон ба ин ишора мекунанд, ки Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ки айни замон раҳбарии Федератсияи футболи Тоҷикистонро низ бар дӯш дорад, ба қабули шудани қонуни мазкур мусоидат кардааст.

XS
SM
MD
LG