Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шайх Салмон Халифа то соли 2023 президенти AFC мемонад


Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифаи 51-сола аз Баҳрайн дигарбора президенти Конфедератсиони футболи Осиё ё AFC интихоб шуд ва ҳадди ақалл то соли 2023 дар ин мақоми худ боқӣ хоҳад монд.

Ӯ дар Конгресси 26-уми Конфедератсиони футболи Осиё, ки 6-уми апрел дар Куала-Лумпур - пойтахти Малайзия баргузор шуд, дигарбора раҳбари AFC интихоб гардидааст. Ӯ ягона номзад ба ин вазифа буд. Шайх Салмон, ки аз соли 2013 боз раҳбарии Конфедератсиони футболи Осиёро бар ӯҳда дорад, ҳадди ақалл то соли 2023 дар ин мақом боқӣ хоҳад монд.

Ҳамзамон Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ноиби президенти FIFA аз Осиё гардид ва ҷойи худро дар кумитаи иҷроияи Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) нигоҳ дошт.

Ба рӯзномаи Конгресс дар Куала-Лумпур, инчунин, масоили интихоби ноибони президенти AFC, шӯрои FIFA ва аъзои кумитаи иҷроияи AFC дохил буд.

Сауд Азиз Эл-Моҳаннадӣ (Қатар), Меҳдӣ Тоҷ (Эрон), Махдум Сайёд Файзал Солеҳ Ҳайят (Покистон), Зо Зо (Мянмар) ва Ганбаатар Амгаланбаатар (Муғулистон) ноибони президенти Конфедератсиони футболи Осиё интихоб шуданд.

Ба шӯрои FIFA аз АFC Ду Чжаосай (Чин), Прафул Пател (Ҳиндустон), Кодзо Тасима (Ҷопон), Мариано Аранета (Филиппин), Сауд Азиз Эл-Моҳаннадӣ (Қатар) ва Маҳфуза Ахтер Кирон (Бангладеш) интихоб гардиданд. Инчунин дар шӯрои FIFA шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа АFC-ро намояндагӣ мекунад.

Ба аъзогии кумитаи иҷроияи занонаи AFC Сюзан Ал-шалабӣ (Имороти Муттаҳидаи Араб), Маҳфуза Ахтер Кирон (Бангладеш), Кени Комани (Лаос) ва Хан Ун Суонг (Кореяи Шимолӣ) интихоб гаштанд.

Ҳайати кумитаи иҷроияи Конфедератсиони футболи Осиё дар давраи солҳои 2019 - 2023 чунин аст:

Обид Ал-Холиқ Масъуд Аҳмад (Ироқ)

Ҳасим Ҳайдар (Лубнон)

Салим Сайид Салим Ал-Ваҳҳобӣ (Умон)

Ҳамид Муҳаммад Алӣ Ал-Соибонӣ (Яман)

Сайид Алиризо Оғозода (Афғонистон)

Дашо Уген Тсечуп Доржӣ (Бутан)

Крис Нико (Австралия)

Дато Ҳоҷӣ Ҳамиддин (Малайзия)

Тран Куок Туан (Ветнам)

Фок Кай Шан Эрик (Ҳонгконг)

Дар Конгресси 26-уми Конфедератсиони футболи Осиё дар Куала-Лумпур намояндагони ҳамаи федератсияҳои миллии футболи қора иштирок карданд.

Ба ҳайати Тоҷикистон Хуршед Мирзо -- ноиби аввали президенти Федератсиони футболи Тоҷикистон, Алишер Урунов – ноиби президенти ФФТ ва Давлатманд Исломов - дабири кулли ФФТ, дохил буданд.

XS
SM
MD
LG