Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радиои Озодӣ: мақомот ҳанӯз ҳам ба кори расонаҳо дахолат мекунанд


Мақомоти бештари кишварҳо ҳанӯз ҳам ба кори рӯзноманигорон дахолат карда, амнияти онҳоро зери хатар мегузоранд. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Дейзи Синделар дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии озодии баён изҳор дошт.

"Радиои Озодӣ тайи чандин даҳсолаҳо ҳаводисро дар кишварҳои гуногун зери хатарҳои зиёд бозтоб мекард, ки ин кори осон набуд. Бештар аз ҳама амалҳои худсаронаи мақомот ва беҷазоии ҷинояткорон мушкил ва хатарҳоеро печидатар мекунад, ки рӯзноманигорон бо онҳо рӯбарӯ мешаванд", - омадааст дар изҳороти Синделар.

Иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Озодӣ маҳдудиятҳое дар самти озодии баён ёдовар шудааст, ки тайи солҳои ахир рӯзноманигорони радио рӯбарӯ шудаанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Псков зидди Светлана Прокопева, ки аз соли 2014 бо радио ҳамкорӣ мекунад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ӯро барои як назараш дар бораи ҳамла ба бинои ФСБ дар Архангелск ба ҷонибдорӣ аз терроризм айбдор кардаанд.​ Прокопева гуфтааст, шояд саркӯбгариҳои режими сиёсӣ, эҳсоси ноумедие, ки миёни ҷавонони Русия паҳн шудааст, ҷавони 17-соларо ба ин кор водор карда бошад.

Ба гуфтаи Синделар, ҳамчунин қабули қонуни ахир дар бораи ҷудокунии интернети Русия низ нигарониҳоро ба бор овардааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, қонун имкони мақомотро барои ҷорӣ кардани сензура дар шабакаҳо бештар кард.

Дар изҳороти иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Радиои Озодӣ низ омадааст, ки рӯзноманигорони таҳқиқотгар дар Украина зери фишори мансабдорони давлатӣ ва олигархҳо қарор доранд. Блогер ва яке аз ҳамкорони Радиои Озодӣ дар Донетск Станислав Асеев беш аз ду сол мешавад, дар ҳабс аст. Бино ба хабарҳои ахир, ӯро ҷудоихоҳони рӯ ба Русия боздошт кардаанд.

Дар Қазоқистон пулис ҳангоми бозтоби ҳамоишҳои эътирозӣ ба кори рӯзноманигорон монеа эҷод мекунанд.

Рӯзи ҷаҳонии озодии баён аз соли 1994 ба ин сӯ ҳамасола 3 май таҷлил мешавад.

XS
SM
MD
LG