Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳзаҳои нотакрори интихоботи президентии Украина (Нигористоон)

Дар Украина даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба поён расид. Бино бар натиҷаи экзит-пол ё пурсиши пас аз раъйдиҳӣ, 73,2 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Володимир Зеленский овоз доданд ва раиси ҷумҳури феълӣ Петро Порошенко ҳамагӣ 25,3 дарсад овоз гирифт.

Комиссияи Марказии Интихоботӣ бояд натиҷаҳои ниҳоиро то 1 майи соли 2019 эълом дорад. Расми савганди раисиҷумҳури тозаинтихоб бояд то 3 июн баргузор шавад.

Дар даври аввали интихобот ба тарафдорӣ аз Владимир Зеленский 5 714 034 нафар (30,24%) ва аз Петро Порошенко – 3 014 609 (15,95%) интихобкунанда пуштибонъ карда буданд. Иштирок дар раъйдиҳӣ 62,8 дарсадро ташкил дода буд.

Ёфтҳои бештар

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG