Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қасд дорад, ки барқро ба Узбекистон гаронтар фурӯшад


Тоҷикистон ба Узбекистон пешниҳод кардааст, ки имсол барои истифодаи барқ маблағи бештар пардохт кунад. Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик" рӯзи 13-уми феврал дар нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки "мо ҳоло ба Узбекистон як киловатт-соат барқро ба нархи 2 сент мефурӯшем."

Аммо ин масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки имсол ба Узбекистон нархи баландтареро барои пардохти истифодаи барқ пешниҳод карданд. Рустам Маҷидзода мушаххас нагуфт, ки нархи пешниҳодии онҳо чӣ қадар аст, аммо таъкид намуд, ки он назар ба нархи қаблӣ бештар аст.

Ба гуфтаи ин масъули ширкати "Барқи тоҷик", дар бораи нархи интиқоли барқи имсол, то ҳанӯз бо Узбекистон ба тавофуқ нарасидаанд. Вай афзуд, ҳадаф аз пешниҳод кардани нархи баландтар, ин афзоиш додани даромади "Барқи тоҷик" ва беҳбуд бахшидан ба вазъи энержии кишвар мебошад.

Ҳоло Тоҷикистон аз ҳама бештар ба Афғонистон ва Узбекистон барқ содир мекунад. Қимати барқи содиротии Тоҷикистон ба Афғонистон сар ҳар киловатт-соат 4 сентро ташкил медиҳад.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати Барқи тоҷик гуфт, онҳо бо Узбекистон дигар барқро иваз намекунанд (бартер), балки танҳо ба ин кишвар барқ мефӯрушанд. Солҳои қабл Тоҷикистон ба Узбекистон дар фасли тобистон барқ дода, дар фасли зимистон аз ин кишвар барқ мегирифт.

XS
SM
MD
LG