Аз шикори шоҳин дар Қазоқистон то инқилоби мусолиматомез дар Арманистон -- инҳо аксҳое ҳастанд, ки тасвирбардорони бахшҳои гуногуни Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ бардоштаанд.
Беҳтарин аксҳои тасвирбардорони Радиои Озодӣ дар соли 2018
13
Ёдбуди хабарнигорони бахши афғонистонии Радиои Озодӣ дар қароргоҳи марказии радио дар шаҳри Прага. Дар ҳамлаи гурӯҳи ДИИШ дар рӯзи 30-юми апрел се хабарнигори бахши афғонии Радиои Озодӣ кушта шуданд.
14
10-уми май. Пулис дар шаҳри Алмаато эътирозгаронро боздошт мекунад. Даҳҳо нафар аз эътирозгарон, ки раҳоии маҳбусони сиёсиро талаб доштанд, аз сӯи пулис боздошт шуданд.
15
13-уми май. Тоторҳои ҷавони Қрим барои беш аз 1000 нафар қурбониёни истибдоди даврони сталинӣ дуо ва ниёиш мекунанд. Ин қурбониён аз сӯи ҳокимони вақт аз сарзамини бобоияшон ихроҷ шуданд.
16
Як духтар маросими хатми мактабро тамошо мекунад. 25-уми май, Бишкек. Қирғизистон.