Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷистандарт: "Агар маҳсулоти пастсифатро дидед, ба мо бигӯед”


Дар пайи мақомоти корҳои дохилӣ ва шаҳрдории Душанбе, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба муроҷиати шаҳрвандон расидагӣ мекунанд, Оҷонсии “Тоҷикстандарт” низ бо истифода аз паёмрасонҳо назорати сифати маҳсулотро дар кишвар пурзӯр намуданист.

Як рақиб метавонад нависад, ки дар фалон бозор ё мағоза маҳсулот ба талабот ҷавобгӯ нест. Мақомот набояд омада, дарҳол молу маҳсулотро мусодира ва тоҷирро ҷарима кунанд. Аввал бояд хуб санҷанд, ки шикоят то куҷо воқеият дорад

Дар нуҳ моҳ беш аз 300 шикоят​

Мурод Ашӯров, сухангӯи Оҷонсии “Тоҷистандарт”, рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳар рӯз чандин нафар тариқи “Вайбер” аз вуҷуди маҳсулоти пастсифат дар бозорҳо шикоят мекунанд.

Ӯ мегӯяд, дар нуҳ моҳи охир тариқи “Вайбер” аз мардум беш аз 300 шикоят гирифтаанд, ки дар муқоиса ба номаҳои воридшуда ба идораи онҳо ду баробар бештар аст.

“Агар истеъмолкунанда фаъол шуд, пешгирӣ аз паҳншавии маҳсулоти пастсифат низ осон мегардад. Мо наметавонем ҳар рӯз дар ҳамаи бозору фурӯшгоҳҳо истем ва назорат барем. Агар сокинон камбудро диданд, ба мо бигӯянд”, - афзуд ӯ.

"Гуфтанд, ки камбуд бартараф шудааст"

Ҳисоби Оҷонсии “Тоҷикстандарт” тавассути насби варақаҳо дар аксари бозору фурӯшгоҳҳо эълон шудааст. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, пас аз эълони моратория, ки санҷишҳоро маҳдуд кард, муроҷиат аз тариқи “Вайбер” имкон медиҳад, бар асоси шикояти сокинон санҷиш гузаронанд. Ба гуфтаи онҳо, аксари шикоятҳо аз сифати пасти маҳсулоти ғизоӣ будааст.

Санавбар, як сокини шаҳри Душанбе, гуфт, ду дафъа ба “Тоҷикстандарт” аз тариқи Viber дар масъалаи ҳасиби мӯҳлаташ гузашта ва тухми мурғ муроҷиат кард ва посух гирифт.

Ӯ гуфт, “аз наздикии бозори “Саховат” тухм гирифта ва баъди истеъмолаш вазъи саломатиам бад шуд. Тавассути “Вайбер” суроғаи мағозаро ба мақомот фиристодам, то бубинанд, тухмҳо то куҷо ба талабот ҷавобгӯянд. Ҳамин гуна аз ҳасиби мӯҳлаташ гузашта низ навишта будам. Дертар ҷавоб омад, ки муроҷиати мо баррасӣ ва камбудиҳо бартараф шудааст.”

"Ҷараёни қабул ва расидагӣ ба шикоят шаффоф бошад"

Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ, роҳандозии хадамоти қабули арзу шикояти сокинонро тариқи паёмрасонҳои Viber-у WatsApp ва IMO аз тарафи мақомоти давлатӣ хуб арзёбӣ мекунад.

Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова

Гулова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳалли мушкили мардум дигар ниҳодҳо низ метавонанд аз ин иқдом пайравӣ кунанд. “Лекин набояд шуморае, ки бар асоси он ҳисоби Viber кушода мешавад, ба номи як шахси алоҳида бошад. Чун баъди аз кор рафтани ӯ ин хидматрасонӣ метавонад аз байн равад. Шумора ба номи ҳамон мақомот сабт гардида, котиботи махсус онро назорат кунад. Ҷараёни қабули арзу шикоятҳо ва баррасиву бартараф намудани камбудҳо бояд шаффоф сурат гирад”, - афзуд ӯ.

"Ба василаи фишор ба тоҷирон табдил наёбад"

Дар ҳамин ҳол, бархе аз он хавф доранд, ки шикоятҳо тавассути паёмрасонҳо ба василае барои фишор ба соҳибкорон табдил наёбанд. Яке аз тоҷирон бе зикри номаш гуфт, “барои мисол, яке аз рақибон метавонад нависад, ки дар фалон бозор ё мағоза маҳсулот ба талабот ҷавобгӯ нест. Баъд мақомот набояд омада, даррав молу маҳсулотро мусодира ва тоҷирро ҷарима кунанд. Аввал бояд хуб санҷанд, ки шикоят то куҷо воқеият дорад.”

Маъмурони Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз аввали имсол беш аз ду ҳазор тонна маҳсулоти ғизоии пастсифатро ошкор кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта ҳудуди 300 тонна зиёдтар будааст.

Масъалаи ба фурӯш гузоштани маҳсулоти пастсифат дар бозорҳои Тоҷикистон борҳо нигаронии сокинонро ба миён овардааст. Дар пайи як интқоди президент Эмомалӣ Раҳмон аз вуруди гӯшти пастсифати мурғ ба Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта, дар кишвар Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон ҳам таъсис шуд.

Ин ниҳод, ки рисолати сохторҳои барҳамхӯрдаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмиро ба ӯҳда гирифт, вуруди маҳсулотро ба кишвар назорат мекунад.

XS
SM
MD
LG