Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тарозуи санҷишӣ" фиреби фурӯшандаҳоро ошкор мекунад. ВИДЕО


Ҳамакнун харидороне, ки дар бозорҳои шаҳр ба тарозуҳои савдогарон шак доранд, метавонанд маҳсулоти харидкардаи худро дар тарозуҳои назоратӣ бисанҷанд. Барои ошкор кардани "тарозуҳои фиребгар" ва рафъи шубҳаи харидорон, дар чанд нуқтаи бозорҳои пойтахт тарозуҳои махсуси назоратӣ фаъол шуданд. Баробари ворид шудан ба бозори "Саховат" чашми кас аввал ба тарозуи санҷишӣ ва эълони калоне, ки болои он овезон аст, мерасад.

Ҳамакнун дар тамоми растаҳои бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад тарозуҳои аз санҷиши мутобиқати давлатӣ гузаронида шуда, насб гардида, дар болои онҳо навиштаҷоти "Тарозуҳои санҷишӣ" овезон шудааст.

Наврӯз Бобоев, як масъули бозори "Саховат" рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шикояти харидорон аз кори нодурусти тарозуи савдогарон зиёд буд. "Бисёр харидорони норозӣ пайдо шуданд, ба ин хотир тасмим гирифтем, ки ин корро ҷиддӣ гирем ва назорат барем, то ягон мизоҷ аз мо нороҳат наравад. Аз "Тоҷикстандарт" ин тарозуҳоро гирифта оварда, дар ҷойҳои намоёни бозор насб кардем."

Дастур оид ба насби тарозуҳои назоратӣ дар маҷмӯъ дар кишвар аз қабл буд, аммо ба сурати умум чунин тарозуҳо дар бозорҳои шаҳр ва эълонҳо дар ин бора аз аввали моҳи Рамазон пайдо шуданд. Дар пайи як санҷишӣ ахири "Тоҷикстандарт", ки бо ҳадафи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон анҷом шуд, муайян гашт, ки талаботи қонун, аз ҷумла дар бораи дар ҷойҳои муайяни бозор гузоштани тарозуҳои назоратӣ риоя намегардад.

Насби тарозуҳои назоратӣ дар бозорҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Масъулини бозорҳои пойтахт мегӯянд, раҳбарияти нави оҷонсии "Тоҷикстандарт" ҳоло назорат аз болои бозорҳоро шадидтар кардааст ва ҳар ҳафта бевосита худаш кор ва махсусан тарозуҳои савдогаронро тафтиш мекунад.

"Маъмурияти бозор ба маълумоти мизоҷони муҳтарам мерасонад, ки аз тарафи бозор дар се нуқтаи бозор тарозуи санҷиши боварӣ гузошта шудааст". Эълонҳо ба ин маънӣ ҳоло дар як рӯз чанд бор дар бозорҳо аз тариқи баландлгӯяк садо медиҳанд ва харидоронро аз вуҷуди тарозуи санҷишӣ огоҳ мекунад. Харидороне, ки ба тарозуи садогарон шак дорад, метавонанд маҳсулоти харидкардаи худро дубора дар тарозуҳои санҷишии бозор баркашанд ва агар вазни он ба вазни муайянкардаи савдогар мувофиқ наояд, ба маъмурият шикоят барад.

Маъмулан харидорон агар ба тарозуи савдогарон шак ҳам кунанд, мегӯянд, барои санҷидани тарозу талош намекунанд ва аксарият инро ба инсофи фурӯшандаҳо вогузор мекунан. Абдулло, як сокини шаҳр, ки дар бозори "Саховат" сабзавот мехарид, гуфт, ӯ зимни харид ба тарозу таваҷҷӯҳ намекунад.

"Худо инсофашон диҳад. Бовар мекунем, наход дар моҳи шарифи Рамазон дурӯғ гӯянд? Марям -- харидори дигар дар ин бозор гуфт, "ҳамашон медонанд, ки охири кор марг аст. Агар фиреб ҳам кунанд, чихел бо онҳо муноқиша мекунем? Таваккалашон ба Худо."

Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки бовар доранд, тарозуи савдогарон фиребашон медиҳад -- "ҳамааш дурӯғ аст. Ҳама фиреб мекунанд. Ман Рамазон гуфта ба инҳо бовар мекунам, инсоф доранд гуфта, аммо не, ҳатман дуруғ мекунанд",- мегӯяд, як сокини дигари шаҳр, ки назди бозори "Саховат" бо мо сӯҳбат мекард.

Шадид шудани назорат аз тарозуҳо ва насби тарозуҳои санҷишӣ барои ҷилавгирӣ аз фиребкории савдогарон дар ҳолест, ки харидорон дар моҳи Рамазон аксарият аз гаронии нархҳо шикоят мекунанд ва мегӯянд, ки дар баробари насби тарозу, беҳтар буд мақомот ба ин масъала ҳам таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунанд.

Абдулоиқ -- як сокини Душанбе, ки бо табъи хира аз бозор берун шуда буд, дар сӯҳбат бо мо гуфт, "медонанд, ки ба хотири Рамазон мардуми мусалмон маҷбур аст харид кунад, нархро боло бурдаанд. Мо хоҳиш мекунем, ки нархро арзон кунанд, мушкили аслӣ ин аст."

Ҳамакнун дар тамоми растаҳои бозорҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе аз 1 то 4 адад тарозуҳои аз санҷиши мутобиқати давлатӣ гузаронида шуда, насб гардида, дар болои онҳо навиштаҷоти "Тарозуҳои назоратӣ" овезон шудааст.

Маъмулан дар Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон кори бозорҳо ва савдогарон зери назорат қарор мегирад. Ду сол пеш дар моҳи Рамазон оҷонсии "Тоҷикстандарт" беш аз 2000 тарозуеро, ки дар баркашидани маҳсулоти асосӣ мардумро фиреб медодаанд, аз бозорҳо барчинда буд. Масъулини "Тоҷикстандарт" он замон гуфта буданд, ки тарозуҳои ғайристандартӣ ва фурӯшандагоне, ки харидоронро фиреб додаанд, дар 48 бозори кишвар ошкор шудаанд.

XS
SM
MD
LG