Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати тиллои "усмонӣ" ва "ғарбӣ" дар бозори Душанбе. ВИДЕО


Осиёи Марказӣ бо инки чандон минтақаи сарватманду доро нест, вале аз қадим бо ҳунари баланди заргариаш маъруф буд. Дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон - низ тиҷорати тилло ва маҳсулоти заргарӣ дар ҳар давру замон қадри баланд дошт.

Душанбеи "тиллоӣ"

Яке аз маконҳои ғании маҳсулоти заргарӣ дар Душанбе бозори “Корвон” аст. Ду қатор дӯкон тақрибан 100 нуқтаи фурӯши ҷавоҳиротро пешниҳод мекунад. Навиштаҷоти калоне бо номи “Олами тилло” хоҳишмандонро ба дохил даъват мекунад. Дар дохил ҳам фурӯшандаҳои молу маҳсулоти тайёр ҳасту ва низ заргарони ҷудогона, ки аз рӯи фармоиш кор мекунанд.

Дар бархе фурӯшгоҳҳо тоҷирон самимона мегӯянд, ки маҳсулоти онҳо моли кист. Дар бархе дигар то охир пофишорӣ мекунанд, ки итолиёӣ аст.

Як тиллошиносе, ки ҳамроҳи мо ба бозор омад, гуфт, ба дохили ин қатори дӯконҳо ворид намешавад. “На, ин ҷо ҳеҷ тарсе аз ҷинояту ҷинояткорӣ нест. Фақат метавонанд мушкил эҷод кунанд. Ҳар як дӯкон тақсим шудааст, соҳиби худро дорад, танқидро намепазиранд. Мо бошем, дар ин ҷо бегона ҳастем”, гуфт Икромбеки заргар.

Воқеан ҳам дар қисмати бастаи тиллобозори “Корвон” гӯё як шаҳри калоне ҷойгир аст. Харидоре, ки по ба ин ҷо гузошт, дар они воҳид худро дар миёни фурӯшандагон дармеёбад: садоҳои бихару бипӯшу бифурӯшу монанди инҳо ба гӯшат мерасад.

Дар миёни моли пешниҳодии онҳо – тиллову нуқраи “Усмонӣ”, итолиёӣ, украинӣ, русӣ ва ҳатман туркӣ пайдо мешавад. Шаклу намуд ва ҳаҷми тиллои фурӯшӣ хеле зиёд аст. Ғурфаҳои дӯконҳо пур аз ҷавоҳироти тайёри тиллову нуқрагӣ ва аз санги қиматбаҳо таҳияшуда мебошад. Вале маҳсулоти пешниҳодӣ хеле монанд ба ҳамдигар аст.

Бозори тиллои Корвон. Ҷое, ки касе гап намезанад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:34 0:00

"Тиллои Туркия хушхарид аст"

Яке тиллофурӯши маҳаллӣ гуфт, ки дар асл анвои маҳсулот ва ҳам нарху наво байни тоҷирон хеле машварат мешавад. Ҳамчунин арзиши вазни тилло ҳам дар ҳама ҷо як аст: 300 сомонӣ барои тиллое, ки қурбаш 585 аст. Ҳарчанд тоҷирон аз наворбардорӣ шудани кору маҳсулоташон чандон хушҳол нестанд, вале дар бораи сифату он озодона сӯҳбат мекунанд. Як тиллофурӯше, ки нахост номаш пахш шавад, нақл кард, ки ҳоло бозори тиллои истеҳсоли Туркия хеле хушхарид шудааст.

“Ҳоло дар тамоми ҷаҳон тиллои туркӣ хушхарид аст. Намедонам, чаро баъзеҳо онро бесифат мегӯянд, вале ҳама чиз аз қурбаш вобаста аст. Масалан, ҳамин тиллову нуқрае, ки “Усмонӣ” меноманд, як сафсатта аст. фақат барои намуди зоҳириаш пул медиҳед, сифаташ ҳеҷ аст. Як занҷири зебои хушсифат сад бор беҳтар аст. Ана, шумо як гарданбанд доред (ба хабарнигори Озодӣ ишора мекунад). Хеле зебо аст, вале итолиёӣ нест. Дар Тоҷикистон тиллои итолиёӣ нест. Ҳамааш моли Туркия аст, фақат сифаташ хуб аст. Ба он намуди итолиёӣ дода мефурӯшанд",-гуфт ин тиллофурӯш.

Тилло миёни наварӯсон маҳбуб аст

Ин тиллофурӯш гуфт, ки бо айни ҳамин роҳ нуқраву маҳсулоти нуқрагиро ҳам ба фурӯш мебароранд. Таваҷҷӯҳ ба маҳсулоти нуқрагӣ назар ба тилло камтар будааст. Аз ҳамин хотир, интихоби он ҳам зиёд нест. Аксари маҳсулоти бозор намуди сирф шарқӣ дорад ва дар остонаи арӯсиҳо хеле хушхарид аст.

Ин намуд ҷавоҳирот хеле зиёд аст. Арӯсони ҷавон асосан бо модаронашон ба харидани ҷавоҳирот меоянд. Зане, ки бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ (тахминан 1150 доллари ИМА) омадааст, барои духтари арӯсшавандааш гарданбанду дастпона ва гӯшвору ангуштарӣ мекобад.

Хонум Марзия гуфт: “Бо духтарам омадам. Шавҳар мекунад. Мехоҳем ҷавоҳироти арӯсиашро харем. Аввал ҳамаи пешниҳодҳоро дида, баъд як чиз мехарем. Баъд ба фурӯшгоҳҳои марказии Душанбе ҳам меравем”.

Ҳукумат тиллофурӯшонро назорат мекунад

Тиллофурӯшон иқрор мешаванд, ки ҳанӯз як-ду сол пеш ин макон як бозори фурӯши маҳсулоти пастсифат буд, вале ҳоло вазъ дигар шудааст. Ин ҷо ҳамарӯза назорат мешавад ва ҳар маҳсулоти фурӯшӣ мӯҳри корхона ва ҳам мӯҳри давлатиро дорад. Ҳар як маҳсулот аз назари ниҳоди муайянкунандаи қурби давлатии назди Вазорати молия мегузарад. Дар ин ниҳод нахостанд мавзӯъро шарҳ диҳанд, вале гуфтанд, ки ба ҳарфи тоҷирон бовар кардан мумкин аст. Зимнан, ҳар нафари дилхоҳ ҳам метавонад маҳсулоти худро аз назари ин сохтор гузаронад.

Як зане, ки барои санҷидани сифати ҷавоҳироташ ба ин ҷо омада буд, гуфт: “Ба духтарам дар бозор гӯшвор харидам. Вале дере нагузашта рангаш сурх шуд. Бояд гуфт, ки фурӯшанда маро огоҳ карда буд, ки ин маҳсулот қимат нест, вале қурбаш бояд хуб бошад. Ҳоло ин ҷо омадам, ки бубинам, сифати маҳсулотро чӣ мегӯянд. Нархаш 450 сомонӣ аст, чандон зиёд нест, вале барои оилаи мо ин пули кам нест. Ҳамсарам ҳам маро ҷанг кард. Ҳамакнун мунтазирам, бубинам, ки мутахассисон чӣ мегӯянд”.

Онҳое, ки тиллоро хуб мешиносанд, ба маҳсулоти заргарии фурӯшӣ дар Душанбе боэҳтиёт муносибат мекунанд. Ҳамаи маҳсулоти бозор сабук аст, ҳарчанд санг дорад. Вале мегӯянд, ки аксари ин маҳсулот на аз сангҳои қиматбаҳо, балки аз сирконий ва ҳадди аксар аз фионит сохта шудааст. Бисёр анвои сангҳои ранга, ки ҳамчун фирӯзаву каҳрабо ё марҷон ба фурӯш меравад, маснӯӣ аст. Дар бархе фурӯшгоҳҳо тоҷирон самимона мегӯянд, ки маҳсулоти онҳо моли кист. Дар бархе дигар то охир пофишорӣ мекунанд, ки итолиёӣ аст.

Дар Душанбе тиллоро аз куҷо мехаранд?

Сифати ҷавоҳироти Душанберо мешавад ба чанд бахш ҷудо кард: Аввалӣ – фурӯшгоҳҳои марказӣ. Ин фурӯшгоҳҳо аксаран моли монанд ба ҳамро пешниҳод мекунанд, вале молашонро дар шароити зебову роҳат ба фурӯш мегузоранд. Ин ҷо низоми тахфифи мол ҳам амал мекунад.

Макони дуюм – маркази тиҷоратии “Садбарг”, “Душанбе Молл”, “Аниса” ва “Муниса”. Макони пешниҳоди ҷавоҳироти ин ҷо чандон бодабдаба нест. Вале як хубии ин фурӯшгоҳҳо дар он аст, ки сари ҳар маҳсулоти онҳо мешавад савдо кард.

Макони сеюм – бозор аст. Дар бозори “Корвон” барои ҳар як грамму ним грамм мешавад савдо кард, чун рақобати байни дӯконҳои ин ҷо хеле сахт аст. Вале фарқ дар ин аст, ки агар дар фурӯшгоҳҳои марказӣ барои маҳсулоти фурӯшӣ кафолат вуҷуд дошта бошад, дар бозор ингуна кафолат мешавад гуфт, ки аслан вуҷуд надорад. Хариди тилло танҳо бар пояи таҷрибаву дониши харидор сурат мегирад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG