Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавӣ дар Кӯлоб. Муҳандиси корхонаи ҳасиб 3 сол зиндонӣ шуд


Табаралӣ Шарифов, муҳандиси корхонаи ҳасиби “Орзу 2004”-и шаҳри Кӯлоб, ки моҳи январи имсол дар пайи заҳролудшавии ду хонавода ва марги Умаралӣ Давлатов боздошт шуда буд, се сол аз озодӣ маҳрум гардид. Тафтиш собит кардааст, ки ин афрод дар пайи истеъмоли ҳасиби дорои маводи заҳролудкунанда ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Чор соли маҳрумият аз ишғоли мансаб

Ҳамаи ин афрод дар бемористон бистарӣ шуда, аммо Умаралӣ Давлатови сесола дар роҳ ба сӯи шифохона ҷон дод.

Ҳукми Табаралӣ Шарифовро ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Кӯлоб содир кардааст. Манобеи додгоҳ рӯзи 20-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, Шарифо инчунин баъди раҳоӣ аз зиндон чаҳор сол аз ҳаққи ишғоли мансаб маҳрум гардид.

Наздикони Табаралӣ Шарифов дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои бознигариаш талош хоҳанд кард.

Ҳодисаи заҳролудшавии нуҳ узви ду хонавода дар минтақаи Кӯлоб моҳи декабри соли гузашта ба вуқуъ пайваст. Ҳамаи ин афрод дар бемористон бистарӣ шуда, аммо Умаралӣ Давлатови сесола дар роҳ ба сӯи шифохона ҷон дод.

Моддаҳои кимиёвии заҳролудкунанда дар ҳасиб?

Бинои "Тоҷикстандарт"
Бинои "Тоҷикстандарт"

Хушвахт Машрабзода, додситони минтақаи Кӯлоб, моҳи январ гуфта буд, нисбат ба корхонаи “Орзу 2004” низ бо иттиҳоми “истеҳсоли маводе, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест” ва “аз беэҳтиётӣ боис ба марги инсон шудан” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Машрабзода дар идома гуфт, ташхис муайян кард, ки дар таркиби ҳасиб моддаҳои кимиёвии заҳролудкунанда вуҷуд дошт.

Ин ҳукми додгоҳ дар ҳоле содир шуд, ки рӯзи 14-уми марти имсол се кӯдак аз маҳаллаи Чармгарони Поёни Кӯлоб бо гумони заҳролудшавӣ дар бемористон бистарӣ шуданд. Наздикони ин атфол гуфтанд, ки ҳодиса гӯиё баъди истеъмолӣ ҳасиб рух додааст.

Нигарониҳо аз маҳсулоти гӯштии пастсифат

Солҳои охир сокинон аз маҳсулоти гӯштии сифаташон паст дар бозорҳои Тоҷикистон шкиоят дорад. Охири соли 2017 раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ мақомотро барои роҳ додани гӯшти мурғи пастсифат аз хориҷа сарзаниш кард. Дар пайи интиқоди раиси ҷумҳур се мақоми баландпоя – раиси идораи “Тоҷикстандарт”, муовини вазири тандурустӣ оид ба беҳдошт ва раёсати бойтории Вазорати кишоварзӣ аз вазифаашон сабукдӯш шуданд.

Пас аз ин интиқод, Хадамоти санитарию эпидемиологӣ танҳо дар як ҳафта – аз 1 то 8-уми декабр – дар кишвар 27 тонна гӯшт, аз ҷумла 14 тонна гӯшти мурғ, 860 кило гӯшти гов ва 970 кило гӯшти қима (фарш)-и муҳлати истифодаашон гузаштаро мусодира намудааст.

Дар ин бора бештар бихонед:

XS
SM
MD
LG