Пайвандҳои дастрасӣ

“План Путина” зиёновар эълон шуд


Дар рафи фурӯшгоҳи маҳсулоти алкоголии Душанбе - навъҳои арақи "Шоҳона" ва "План Путина"

Мақомоти тоҷик бо нигаронӣ аз ҳодисаи марги фоҷеабори беш аз 70 нафар дар Иркутски Русия бар асари истеъмоли маҳлули косметикии спиртӣ, санҷиши сифати маҳсулоти спиртии Тоҷикистонро анҷом доданд. Дар натиҷа, даҳҳо навъи арақу конякҳои истеҳсоли ширкатҳои маҳаллӣ “зиёновар” ва “номутобиқ ба меъёрҳо” унвон шудааст.

Бо ин ки дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мизони истеъмоли машрубот хеле кам аст (2,8 литр бар сари ҳар як нафар дар як сол - Созмони ҷаҳонии беҳдошт), вале ҳамоно дар

Ин мавод ҳама “зиёновар” унвон шуда, бархе ба меъёрҳои таҳияи машрубот номутобиқ ба муқаррарот эълон шудаанд

ҷашну маъракаҳо бархе сокинони ин кишвари мусалмоннишин аз арақу коняк ва ё маи истеҳсоли дохиливу хориҷӣ истифода мекунанд.

Натиҷаи рейди вижа ва зоҳиран сареи мақомот ин шуд, ки нӯшидани беш аз 50 навъи машруботи спиртӣ, аз ҷумла брендҳои маъруфи “План Путина”, “Андропов”,“Кремлин”, “Лондон” ва “Наполеон”-ро ба саломатии сокинон зараровар унвон карданд. Ин машруботи спиртӣ дар 8 корхонаи истеҳсоли машруботи Тоҷикистон истеҳсол мешаванд. Бар асоси иттилои расмӣ, соли 2016 дар Тоҷикистон 266 ҳазор литр машруботи спиртӣ, ки асосан аз арақу коняк иборат буданд, аз лиҳози тамғагузорӣ, ҳаҷм ва надоштани мӯҳлати нигаҳдорӣ аз фурӯш берун карда шуданд.

50 навъи арақ "нонграта" шуд

Дар шарҳи худ мақомот гуфтанд, ки аз ҳодисаҳои маргумири даҳҳо нафар дар Русия дар моҳи декабр нигарон шуданд. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, дар солҳои охир ҳодисаҳои заҳролудшавӣ ва ё марги инсон бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ сабт нашудааст. Баъди санҷиш, ки ҷараёни онро аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизионӣ низ намоиш доданд, 8 тонна маҳсулоти спиртӣ аз фурӯш боздошта ва мусодира шудааст. Ин мавод ҳама “зиёновар” унвон шуда, бархе ба меъёрҳои таҳияи машрубот номутобиқ ба муқаррарот эълон шудаанд.

Талабшоҳ Сангзода, сардори маркази ташхисии Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар шарҳи мавзӯъ гуфт, ки амалиёт дар остонаи ҷашни Соли Нави мелодӣ ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барпо шуд. Ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, ҷилавгирӣ аз вуҷуди маҳсулоти пастсифати спиртӣ дар бозори маҳаллӣ будааст. Ба гуфтаи ӯ, беш аз 50 навъи арақу дигар навъи машруботи истеҳсоли чанд корхонаи маҳаллӣ “ғайристандартӣ” дониста шудааст.

Ӯ гуфт: “Тибқи қонуни Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ин кори онҳо фиреби истеъмолкунанда мебошад. Дар борҷома нишон дода шудааст, ки нерӯи арақ 40 дараҷа бояд бошад, аммо зимни санҷиш маълум шуд, ки 30-33 фоиз будааст. Дизайни ин маҳсулот хеле дилчасп аст, вале сифаташон паст аст”.

Истеҳсолкунанда: Иштибоҳ дар сифат не, ҳуҷҷатгузорӣ буд

Мақомот ширкатҳои «Кишвар-2010», «Сахо», «Сайҳун» ва «Шоҳин», ки бештар дар вилояти Суғд ба истеҳсоли маҳсулоти спиртӣ машғуланд, дар истеҳсоли маҳсулоти пастсифат гунаҳкор карданд. Дар ҳоле, ки ҳанӯз ҳеҷ як аз ин ширкатҳо ба таври расмӣ ба хулосаҳои санҷиш вокуниш накардааст, масъули яке аз ин ширкатҳо ба шарти набурдани исмаш ба Радиои Озодӣ гуфт, бо иттиҳомоти пешгузоштаи мақомоти тафтишотӣ розӣ нест. Ба гуфтаи вай, санҷиш дар ширкати онҳо на сифати паст ё зиёновар будани маҳсулоти спиртиро ошкор кардааст, балки дар ҳуҷҷатгузорӣ бархе мушкилоти фаннӣ ё омориро пайдо кардааст.

Вай гуфт: “Мо дар ҳақиқат дар ҳуҷҷатгузорӣ ва навиштани санаи истеҳсолу мӯҳлати истеҳсол камбудӣ доштем, вале ин маҳсулоти мо ба саломатӣ зараровар нест. Ин камбудиҳоро мо ислоҳ мекунем”. Намояндагони ширкатҳои дигар нахостанд ин мавзӯъро барои матбуот шарҳ диҳанд, вале дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки ин санҷиш “ба тиҷорати онҳо зарба мезанад ва сокинон дар харидории маҳсулоти онҳо ҳамакнун эҳтиёткор мешаванд”.

Исми арақ - гарави даромади хуб

То ду соли пеш дар миёни истеъмолкунандагони машруботи спиртӣ дар Тоҷикистон бештар “Арақи Тоҷикистон”, “Шоҳона” ва “Русская водка” харидор доштааст. Тоҷирон мегӯянд, ки ин навъи арақҳои маҳаллиро ба хотири сифати баландашон мепазируфтанд. Баъдан брендҳои нави мисли арақи “Андропов” ва “План Путина” пайдо шуданд ва бозори дигар маҳсулотҳои спиртиро каме сард карданд. Гузоштани исми шахсиятҳои маъруф ё сиёсатмадорону давлатмардоняк анъанаи роиҷ дар бозори машруботи ҷаҳон аст, ки дар Тоҷикистон ҳам ба кор меравад.

Қиммати як литр арақи навъи “Андропов” то 80 сомонӣ баробар бо даҳ доллари амрикоӣ мерасад ва ним литр арақи навъи “План Путина” то 22 сомонӣ нарх дорад. Хайриддин Шарифов, як тоҷири маҳсулоти спиртӣ дар Душанбе мегӯяд, то пайдо шудани ин навъи брендҳо арақи “Шоҳона” харидори бештар дошт.

"Ҳоло барои баргузории маъракаҳо ва барои фурӯш дар ресторанҳо “Наполеон”, “Андропов” ва “План Путина” бештар харидорӣ мешавад. Аслан, ин навъи арақу конякҳоро афроди доро харидорӣ карда менӯшанд, афроди миёнаҳол бештар “Арақи Тоҷикистон” ва навъи арзони “Шоҳона”, ки аз 10 то 20 сомонӣ арзиш доранд, менӯшанд", - гуфт ӯ.

Маннон Қурбонов, фурӯшандаи дигар мегӯяд: “Арақи Тоҷикистон”, “Шоҳона”, “Шоҳона гост”, “Шоҳона платина” ва арақи “План Путина” харидори зиёд дорад. Ба гуфтаи худи харидорон, сифаташон нағз аст. Зимнан, Маннон Қурбонов, ки солҳои зиёд аст бо фурӯши маҳсулоти спиртӣ машғул аст, вақтҳои охир муштариёни машрубот дар

Тоҷикистон сифати арақ ё дигар машруботро дар навбати аввал арзёбӣ мекунанд ва амнияти сиҳатии ин маҳсулот барояшон муҳим аст. Яъне, гуфт ӯ, шумори онҳое кам нест, ки мехоҳанд «арақи баландсифат, безарар ва хубро истеъмол кунанд, на ин ки ба хотири маишати кӯтоҳ ҳама навъи машрубот ва бахусус арзону дастрасро бигиранд».

Табибон: Арақ зиён дорад

Кишвар Бозоров, марде, ки бо машруботи истеҳсоли Тоҷикистон хуб шинос аст, мегӯяд, бо вуҷуди назорати шадид, гощҳо дар нуқтаҳои савдо машруботи пастсифат ҳам роҳ меёбад ва “агар танҳо бо дарди сар анҷом шавад, бад нест”. Акрам Исмоилов, яке аз муштариёни “План Путина” гуфт, ки ин арақро бо сифати хубаш мешиносад ва ҳамеша аз он харидорӣ мекунад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ки 60 навъи маъмули бемориҳо, ки дар ниҳоят боиси марги инсон мешавад, маҳз дар паи истеъмоли машрубот пайдо мешавад. Солона дар саросари ҷаҳон 2,2 миллион нафар ё 4 дар сади ҷамъият бар асари майзадагӣ ҷони худро аз даст медиҳанд. Табибон мегӯянд, аксари қурбониҳои алкоҳол мардони аз 15 то 59-сола будаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG