Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сабаби марги Марям Набиеваро ташхис муайян мекунад"


Ҷасади хонум Майрам Набиева, ҳамсари президенти собиқи Тоҷикистон Раҳмон Набиев, ки рӯзи панҷшанбеи 28-уми декабр дар пайи сӯхторе дар манзилаш дар Хуҷанд ҷони худро аз даст дод, рӯзи ҷумъа низ дар ташхиси тиббии колбадшиносон қарор дошт.

Cанҷиши колбадшиносӣ, ки метавонад то се рӯзро дар бар гирад, сабаби аслии марги хонуми 80-соларо мушаххас хоҳад кард ва хешовандон мегӯянд, ки баъди анҷом ин таҳқиқ, маросими дафни Майрам Набиева баргузор мешавад.

Манзили якошёнаи Майрам Набиева дар назди як роҳи мошингарди калон дар маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Як масъули Хадамоти оташнишонии вилояти Суғд, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фарзияи аввалини марги хонум Набиева заҳролудшавӣ бар асари дуди ғализи сӯхтор гуфта мешавад, вале сабаби маргро ташхиси ҷасад муайян хоҳад кард.

Маросими дафни хонум Набиева баъди анҷоми таҳқиқ ва ба дасти пайвандонаш супурдани ҷасади ӯ баргузор мешавад. Баъд аз як рӯзи ҳалокати Майрам Набиева, хешовандонаш мунтазири хулосаи колбадшиносон ҳастанд.

Яке аз хешовандоне, ки дар ҳамон ҷо ҳузур дошт, гуфт, ки сӯхтор баъди нисфирӯзӣ дар як утоқи ин манзил сар задааст. Хонум Набиева дар он лаҳза дар хона танҳо буда ва вақти хомӯш кардани сӯхтор ҷасади ӯро дар ҳамон хонаи хобаш пайдо кардаанд. Аз сар задани сӯхтор ҳамсояҳо ба Хадамоти оташнишонӣ хабар додаанд ва оташнишонҳо зуд ҳозир шуда, нагузоштаанд оташ забона кашад ва ба хонаҳои дигар паҳн гардад.

Раҳмон Набиев ва ҳамсараш Майрам. Акс аз "Азия Плюс"
Раҳмон Набиев ва ҳамсараш Майрам. Акс аз "Азия Плюс"

Ин хеши Майрам Набиева афзуд, танҳо баъд аз гирифтани хулосаи ташхиси ӯ ва маълум шудани сабаби маргаш бо намояндагони матбуот сӯҳбат хоҳанд кард. Яке аз ҳамсоягони ин хонавода дар сӯҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки хонум Набиева дар хориҷ аз хонааш хеле кам ба назар мерасид ва зоҳиран гоҳе дар Хуҷанду гоҳе дар Душанбе мезист. Мусоҳибам афзуд, ки баъзан пайвандонаш ба дидани ӯ меомаданд.

Манзили якошёнаи Майрам Набиева дар як ҳавлии назди як роҳи мошингарди калон дар маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Соатҳои 19:30 рӯзи 28-уми декабр, баъди шунидани рух додани сӯхтор дар манзилу ҳалокати хонум - Набиева назди манзилаш рафтем, дар он лаҳзаҳо хешовандон, ҳамсояҳо ва дигар афроди наздики хонадон ҷамъ омада буданд. Ҳамон лаҳзаҳо духтари ӯ Мунаввара Набиева ҳам аз Душанбе расида омад ва дар як ҳолати ошуфтаву ҳаяҷонзада қарор дошт. Ӯ омода набуд, ки бо матбуот сӯҳбат кунад.

Дар ҳавлии хонум - Набиева кормандони полис ва оташнишонӣ кор мекарданд. Ба гуфтаи мақомоти оташнишонӣ, мизони сӯхтор чандон зиёд набуд ва як утоқи зоҳиран хоби хонум Набиева ҳудуди 20 метри мураббаъ ба коми оташ рафтааст. Сабаби сӯхтор ҳам ҳанӯз маълум нест.

Майрам Набиева соли 1937 таваллуд шуда, дар солҳои охир дар Душанбеву Хуҷанд зиндагӣ мекард. Ҳамсараш Раҳмон Набиев 11-апрели соли 1993 даргузашт. Дар як мусоҳибаи охирини худ ба «Азия-Плюс» дар соли 2015, Майрам Набиева гуфт, ки бовар дорад ҳамсараш баъди истеъфои маҷбурӣ аз мақоми президентӣ кушта шуд.

Сабаби расмии марги Раҳмон Набиев – сактаи қалб гуфта мешавад. Аз се фарзанди онҳо танҳо писару духтар – Рустам ва Мунаввара дар қайди ҳаёт ҳастанд. Дар ҳамин мусоҳиба ӯ гуфта буд, ки баъди марги ҳамсар ҳеҷ кӯмаке аз давлат дарёфт намекард ва нафақаи ҳармоҳаашро дар Русия танзим карда буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG