Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Розҳои нокушодаи солҳои ҷанг: Латифиро кӣ кушт?


16 сол қабл – 22 сентябри соли 1998 – узви Кумиссиюни оштии миллӣ ва яке аз журналистони маъруфи тоҷик Отахони Латифӣ дар натиҷаи як сӯъиқасд кушта шуд. То ҳол маълум нест, ки фармони қатли Латифиро кӣ дода буд?

Отахони Латифӣ, узви Кумиссиюни оштии миллӣ ва муовини собиқи сарвазири Тоҷикистонро субҳи 22 сентябри соли 1998, дар назди манзилаш дар фосилаи ҳамагӣ чандсад метр аз меҳмонхонаи "Вахш", мақари Кумиссиюни оштии миллӣ куштанд. Бо амри тасодуф ё амри тақдир ҳамон рӯз Латифӣ ҳам ронандаву ҳам ҳарду муҳофизашро ҷавоб дода, пойи поёда ва танҳо буд...

Ҳукумати Тоҷикистон ба дунбол Отахони Латифиро аз тарафдорони собити ҷараёни сулҳ номида, қатли ӯро талоши латма задан ба ин ҷараён унвон карда буд.Ҷониби мухолифин дар пайи ин куштор фаъолияташ дар кумисиюни оштии миллиро барои тақрибан як ҳафта мутаваққиф сохта, таъмини амнияти аъзои кумиссиюн, таҳқиқи мунсифонаи парвандаи куштори Латифӣ ва намояндагони дигари оппозисиюнро тақозо карданд...

Аммо бо гузашти инак 16 сол аз қатли ин хабарнигор ва сиёсатмадори маъруф ва бо вуҷуди эълони расмии чанд "боевик" ба унвони қотилони Отахони Латифӣ, ин парванда пур аз роз боқӣ мемонад ва маълум нест, ки оё фармони қатли ӯро кӣ ва барои чӣ дода буд?

Отахони Латифӣ соли 1938 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, баъди хатми риштаи журналистикаи донишгоҳи шаҳри Ленинград, Санкт-Петербурги кунунии Русия, дар солҳои 60-уми асри гузашта вориди майдон матбуот шуд. Ӯ ибтидо дар рӯзномаи “Комсомолская правда” ва баъдан то поёни солҳои 80 ба ҳайси хабарнигори тоҷикистонии рӯзномаи “Правда”, органи КПСС – ҳизби коммунисти дар Шӯравӣ ҳокими яккатоз - фаъолият мекунад ва ҳамчун як хабарнигори забардаст дар майдони матбуоти шӯравӣ муаррифӣ мешавад.

Нуфузи Латифӣ ба ҳадде буд, ки аксари мансабдорони вақти ҷумҳурӣ аз ӯ метарсиданд ва ба ин далел Латифиро ҳатто “котиби чоруми СеКа” ном мебурданд. “СеКа”, яъне кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон он вақт ҳамагӣ 3 котиб дошт.

Латифӣ дар нимаи дуюми солҳои 80, бо оғози сиёсати бозсозии раҳбари вақти СССР Михаил Горбачёв, пой ба майдони сиёсати бузург гузошт. Аммо дар интихоботи вакилон ба Шӯрои олии СССР дар баҳори соли 1989, ки бори аввал ба сурати алтернативӣ мегузашт, Латифӣ дар ҳавзаи Роҳиоҳани Душанбе дар даври дуюм бо фарқи хеле ночизе, ки ба бовари тарафдоронаш, натиҷаи тахаллуфи мақомот буд, аз Владимир Гиро ном халабон мағлуб шуд.

Дар ҳамон соли 1989 Отахони Латифӣ ба мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом ду сол – то ибтидои соли 1991 кор кард.

Дар пайи истеъфояш аз ҳайъати ҳукумат Латифӣ раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон интихоб шуд ва ҳамзамон дар ҳамроҳӣ бо тоҷири тоҷиктабори муқими Финландия Алексей Сафаров ширкатеро бо номи "Зарфин" таъсис дод, ки ба як ширкати хеле матраҳ дар майдони тиҷорати Тоҷикистон табдил ёфт.

Дар баҳори соли 1992 Латифӣ барои муддате ба сиёсат баргашт. Маҳз бо миёнаравии ӯву Акбари Турсон, академик Рашид Раҳимов ва Лоиқ Шералӣ байни раҳбарони майдони Шаҳидон ва раисиҷумҳур Раҳмон Набиев музокироти анҷом ёфт, ки дар натиҷаи он ҳукумати муросои миллӣ рӯи кор омад ва ду моҳи майдоннишиниҳои мудавом дар шаҳри Душанбе ба поён расид.

Отахони Латифӣ дар поёни соли 1992 тарки Тоҷикистон кард ва ду солро дар Маскаву се соли дигари муҳоҷираташро дар Теҳрон ба сар бурд. Ӯ дар ин 5 сол, ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, раҳбари Шӯрои ҳамоҳангсози нирӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) буд. Ӯ дар нахустин даври музокироти сулҳи тоҷикон дар баҳори соли 1994 дар Маскав раҳбарии ҳайъати Иттиҳоди мухолифини тоҷикро бар ӯҳда гирифт ва то замони ба ин ҷараён пайвастани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва баъдан худи раҳбари аввали Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ, музокиротро бо ҳукумат аз тарафи мухолифин пеш бурд.

Баъди имзои созишномаи сулҳ дар 27 июни соли 1997 ва таъсиси Кумиссиюни оштии миллӣ, Отахони Латифӣ моҳи сентябри ҳамон сол ба Душанбе баргашт ва то замони кушта шуданаш дар таърихи 22 сентябри соли 1998 дар симати раиси зеркумиссиюни ҳуқуқии кумиссиюни оштии миллӣ (КОМ) кор кард.

Дар таърихи 26 январи соли 1999 телевизиони Тоҷикистон навореро намоиш дод, ки дар он Равшан Ғафуров, аз саркаштарин фармондеҳони марбут ба гурӯҳи низ саркаши Саидмухтор Ёров, ки дар минтақаи Ҳазрати Мавлонои шарқи пойтахт амал мекард, баъди боздошт шуданаш масъулияти қатли Отахони Латифиро ба гардан гирифт ва бидуни бурдани ягон номи мушаххас гуфт, Латифиро бо амри раҳбарони мухолифин куштааст. Аммо баъди ҳамагӣ ду ҳафтаи нашри ин навор Равшан Ғафуров худ ба таври мармуз зимни анҷоми як амалиёти тафтишотӣ гӯё ҳангоми талоши фирор кушта шуд ва ин сирро бо худ ба хок бурд.

Саидмухтор Ёров ва Нозим Воҳидов, як фармондеҳи дигари мухолифин дар минтақаи Кофарниҳон, ки ба гуфтаи мақомот, дар сӯъиқасд ба ҷони Латифӣ мустақиман ширкат доштааст, низ дар ҷараёни амалиёти интизомии мақомот кушта шуда, аз ҷамъи афроди муттаҳам ба қатли Отахони Латифӣ танҳо парвандаи Абдуллоҳ Турсунов то ба додгоҳ расид. Рӯзи 7 июни соли 2000 Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуллоҳ Турсунови он замон 21-соларо ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, маҳз Абдуллоҳ Турсунов ба сӯи Латифӣ тир холӣ карда буд.

Манзура Яъқубова
Манзура Яъқубова

Аммо ин ҳукм тарафдорону шогирдон ва наздикони Отахони Латифиро қаноат надод. Манзура Яъқубова, ҳамсари Отахони Латифӣ дар як сӯҳбати қаблиаш бо Озодӣ дар ин бора гуфта буд: "Баъд аз ду сол буд, ки маро ба додситонӣ даъват карданд. Додситон гуфт, ки мана ҳамин нафар куштааст Отахонро. Ман гуфтам, ки агар ба ман фармоишгарро пайдо кунед, ман бовар мекунам. Баъд суд карданд ё накарданд он нафарро, ман намедонам. Мо нарафтем дигар на ба додситонӣ ва на ба додгоҳ. Дигар моро даъват ҳам накарданд."

Рӯзи 22 сентябри соли 1998, ки Отахон Латифӣ дар синни 62 кушта шуд, Абдуллоҳ Турсунов – нафаре ки бо ҷурми куштани ин сиёсатмадор ва журналисти шинохтаи тоҷик ба зиндон рафт, ҳамагӣ 18 сол дошт ва бино ба эътирофи худаш дар додгоҳ, ҳатто намедонист, ки Латифӣ кист?

XS
SM
MD
LG