Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 соли "Растохез"-и Тоҳири Абдуҷаббор


Аҳмадшоҳи Комилзода
Аҳмадшоҳи Комилзода

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Аҳмадшоҳи Комилзода дар бораи ҷунбиши “Растохез”-и Тоҳири Абдуҷаббор, ки 25 соли пеш ташкил шуда, ҳадафаш истиқлоли Тоҷикистон ва ҷойгоҳи намоёни забони тоҷикӣ будааст.

Рӯзи 14 сентябр аз таъсиси созмони мардумии “Растохез”, созмоне, ки пайравонаш ҳанӯз дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ Тоҷикистонро мустақилу забони тоҷикиро дар мақоми давлатӣ дидан мехостанд, 25 сол гузашт. Ин созмон, ки расман рӯзи 14 сентябри соли 1989 таъсис шудааст, дар оғози солҳои 90 иддаи бузурге аз равшанфикрони вақтро муттаҳид карда, яке аз ҷунбишҳои сиёсии матраҳ дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аммо баъди оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 аз майдон рафт.

Дар робита ба заминаҳои таъсиси ин созмону собиқааш дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон гуфтугӯе дорем бо Аҳмадшоҳ Комилзода, яке аз муассисони ин созмон. Сӯҳбатро бо Аҳмадшоҳи Комилзода аз ин оғоз кардем, ки “Растохез” чӣ гурӯҳе буду бо чӣ иддаоҳое пой ба майдони сиёсати вақт гузошт?

Аҳмадшоҳ Комилзода: “Аслан “Растохез” ҷабҳаи комилан мардумӣ буд. Бархе таҳлилгарон мегӯянд, гӯиё он замон ҳукумат супориш дода бошад, ки чунин як созмоне таъсис ёбад, ин комилан нодуруст аст. Аз рӯзҳои нахустини таъсиси “Растохез” бо ин гурӯҳ будам ва ҷаласаву вохӯрии мо дар утоқҳои Донишгоҳи миллӣ ва гоҳо аз тарси КГБ (Кумитаи давлатии амният) дар Боғи Ғалаба мегузарондем. Раҳбари мо Тоҳири Абдуҷаббор буд, ки воқеан, як шахсияти мардумӣ ва озодандеш буд. Пештар аз солҳои 1989, ки он вақт расман сабти ном нашуда будем, низ ҷамъ меомадем. Дар баҳсҳои клуби “Рӯ ба рӯ”, ки аз ҷониби ҳукумат таъсис ёфта буд, фаъолона иштирок мекардем. Шояд ҳамин аст, ки мегуфтанд, дар шаклгириии созмони мо ҳамин клуб ва ҳукумат даст дорад, вале чуноне гуфтам ғалат аст. Ин ҷо одамоне буданд, ки дар натиҷаи гуфтугузорҳо бо далели доштани андешаи миллӣ бо ҳам омада буданд. Дар сари ин ҷараён марди ботаҳаммуле доштем, ки ҳеч ғаразеро дунбол намекард ва атрофи ӯ афроди фарҳангие мисли Муҳаммадҷон Шакурӣ, Сотим Улуғзода ва дигарон ҷамъ омада буданд. Мо соли 1989 расман сабт шудем, вале ду се сол пеш алакай созмони мо фаъолият мекард.”

Озодӣ: Дар сабти номи созмон мушкиле пеш наомада буд?

Тоҳири Абдуҷаббор
Тоҳири Абдуҷаббор

Аҳмадшоҳ Комилзода: “Мо ин созмонро 14-уми сентябр сабти ном кардем ва аз он рӯз барои хотира як акси зебое ҳаст. Мо хеле фаъол будем ва мардуми зиёде пайравӣ мекарданд. Барномаҳои зиёде пешниҳод карда будем ва барномаҳои мо аз тарафи русзабононе, ки дар ҳукумати Тоҷикистон кор мекарданд, хуш пазируфта шуда буд. Бо дарназардошти эътибору нуфузи мо ва шароити озодбаёние, ки вуҷуд дошт, “Растохез” сабти ном шуда буд. Рӯзе, ки дар соати 4-и бегоҳӣ дар вазорати адлия сабти ном шуд, хушнудии моро ҳадду канор набуд. Созмони мо аввалин созмони мардумӣ ва ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон буд.”

Озодӣ: “Растохез” аслан чӣ ҳадафҳоеро дунбол мекард ва то куҷо дар роҳи расидан ба мақсадҳояш муввафақ буд?

Аҳмадшоҳ Комилзода: “Ҳадафи аслӣ ва дар навбати аввал ба истиқлол расидани Тоҷикистон буд, ки дар барномаву оинномаи мо дар баробари дигар масоили кишвар ҷой дошт. Ҳадафи дигари мо мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ буд. Албатта, ҳоло осон аст, дар бораи мақоми давлатӣ ва истиқлол сӯҳбат кардан, вале он замон ин кори осон набуд. Вақте ба мардум фаҳмондем, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ мақоми забони давлатӣ аст, моро аксарият хеле хуб фаҳмиданд. Мо ба ин назар будем, ки бояд ҳатман забони порсӣ-тоҷикӣ дар ватани худ мақом дошта бошад. Он вақт ин амали мо як миқдор барои баъзеҳо хандаовар буд, вале мо аз талаби худ даст намебардоштем ва билохира ба мақоми давлатӣ гирифтани забони порсӣ-тоҷикӣ муввафақ шудем. Раҳбари созмони мо, Тоҳири Абдуҷаббор зери фишор қарор дошт ва ба унвонаш ҳама гуна ҳарф аз ҷониби рақибон садо медод, аммо ӯ бо як тамкини ба худ хос ин ҳамаро таҳаммул мекард ва ба роҳи худ идома медод. Бовар кунед, вақте ӯ дар бораи истиқлол сӯҳбат мекард, ба ҳолаш механдиданд. Аммо вақте дар соли 1991 зарурат пеш омад, барномаи ӯро, “Консепсияи миллии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”-ро бо каме тағийроти кӯчаки саросемавор пазируфта, зери эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Ҳарчанд дӯстони мо зиндонӣ шуданд, кушта шуданд, вале билохира муборизаи мо натиҷаи хуб дод. Шояд натавонистем, пурра истиқлолияти Тоҷикистонро таъмин кунем, аммо ҳадафи нахустин буд, ки расидем. Ин бузургтарин муввафақият аст, ки як давлат ба истиқлол мерасад. Албатта, барномаву оинномаи “Растохез”-ро имрӯз ҳам нафаре бихонад, хеле пешниҳодҳои ҷолиб, хеле роҳи ҳалҳои ҷолибе барои Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки бархе аз онҳоро ҳам ҳукумат истифода бурдааст.”

Озодӣ: Масалан, кадом пешниҳодҳо? Метавонед чанде аз онҳоро номбар кунед?

Раҳмон Набиев
Раҳмон Набиев

Аҳмадшоҳ Комилзода: “Доштани пули миллӣ, барномаи ҳифзи сарҳад аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик аз ҷумлаи пешниҳоди созмони “Растохез” буд, ки то имрӯз мавриди амал қарор гирифтаанд. Мегуфтем, марзамон бояд аз ҷониби фарзандони худи мо ҳифз шавад. Мегуфтем, агар марзи моро дигарон ҳифз кунанд, истиқлоли мо таъмин нест ва заъф дорад. Сари миллӣ кардани пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон борҳо бо Тоҳири Абдуҷаббор назди Раҳмон Набиев рафта будем. Ӯ хуб мегуфт, аммо пойгоҳро ҳеч гоҳ миллӣ эълон накард. Ҳарчанд касе номи созмони моро намегирад, ки пешниҳоди аз мо буд, вале боке нест, муҳим ҳалли мушкил аст. Он замон барои ин гуна пешниҳодҳо моро душмани халқу миллат эълон медоштанд, вале имрӯз андешаҳоямон қабул шудаасту ҳанӯз номамонро қабул надоранд.”

Озодӣ: Чӣ боис шуд, ки бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ созмони "Растохез" пароканда ва якбора аз саҳнаи сиёсӣ дур шуд?

Аҳмадшоҳ Комилзода: “Созмони “Растохез”, яке аз созмони нерӯҳои мухолифин буд, ки дар аввал барнома пешниҳод мекард ва гирдиҳамоиҳоро созмон медод, вале бо оғози ҷанг зарбаҳои нахуст ба созмони мо зада шуд, зеро мо аз мухолифони ҷанг будем. Чун диданд, ки моро наметавонанд истифода кунанд, бо тамоми имконот ва душман эълон доштан пароканда карданд. Чун ин ҷо донишмандоне буданд, ки ҳеч гоҳ ба ҷанг иҷоза намедоданд ва намехостанд. Бисёре аз аъзои моро куштанд ва боқимонда фирор карданд. Созмони мо дар қатори Ҳизби наҳзат ва ҳизби демократ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шуд.”

Озодӣ: Аммо баъд аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ ҲНИТ ва ҲДТ аз сар нав сабти ном шуданд. Чаро созмони “Растохез” дубора сабти ном нашуд?

Халифабобо Ҳомидов, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон низ аз "Растохез" бархоста буд
Халифабобо Ҳомидов, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон низ аз "Растохез" бархоста буд

Аҳмадшоҳ Комилзода: “Соли 2000-ум Тоҳири Абдуҷаббор ба ватан баргаштанд ва мо чунин як тасмиме доштем, аммо дидем, ки ҳанӯз вазъ хуб нест ва моро хуш надоранд. Аз сӯи дигар дидем, ки ҳадафҳои асосии мо пиёда мешаванд. Баъдан, беморӣ дигар ба Тоҳири Абдуҷаббор имкони дубора фаъолият карданро надод. Бо ҳамин, мо аз баҳри сабти он гузаштем. Аксар аъзои “Растохез” ҳоло дар ҳукумат кор мекунанд ва мансабҳои баланд ҳам доранд. Он вақт онҳо аъзоҳаққӣ ҳам месупурданд, вале ҳоло дигар аз “Растохез” ном намегиранд. Аммо аъзои дигаре ҳастанд, ки ҳоло ҳам бо ҳам мешинем, аммо дигар баҳси сиёсӣ намекунем.”

XS
SM
MD
LG