Бар асари сӯхтор дар каҳдони Маҳмадалӣ Қурбонов, яке аз сокинони деҳаи Осмонбикаи ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, се кӯдак ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса баъди зуҳри 31 октябр аз "беаҳамиятии волидон ва оташбозии кӯдакон" рух додааст.
Ба қавли манобеи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин ҳодиса ду тифли Маҳмадалӣ Қурбонов ва писари ҳамсоя, ки ҳарсеашон аз 2 то 5 сол доштаанд, ҷон додаанд. "Ин кӯдакон ба каҳдон ворид шуда ва бо гӯгирд бозӣ карданд, ки дар натиҷа алафҳо оташ гирифта ва сӯхтор ба амал омадааст", - гуфтанд дар ВКД.
Ба иттилои манбаъ, писарони соҳибхона Умарҷони Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 2014, Сулаймони Идрис, соли таваллудаш 2011 ва писари ҳамсоя Меҳридини Ёқубҷон, соли таваллудаш 2013, дар натиҷаи сӯхтани қисми зиёди бадан, дар беморхона ҷон бохтаанд.
Давлаталӣ Атоев, сардухтури беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб низ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 80- 90 дарсади баданҳои Сулаймони Идрис, Меҳриддини Ёқубҷон ва Умарҷони Маҳмадалӣ сӯхта буд ва имкони наҷоти онҳо вуҷуд надошт. Ба гуфтаи сартабиби Бемористони вилоятӣ дар шаҳри Кӯлоб, Шаҳноза Аҳмадова -- модари ду кӯдаке, ки фарзандонаш дар ин ҳодиса ҷон бохтанд ҳини талоши наҷоти фарзандонаш ҷароҳат бардоштааст ва пас аз муолиҷа, аз бемористон мураххас шуд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон айни замон мегӯяд, ки дар ин ҳодиса 250 килограм хӯроки дурушти чорво сӯхтааст ва оташсӯзӣ бо кӯмаки 26 нафар аз мардуми деҳа хомӯш карда шуд.
Ҳодисаҳои ҳалокати кӯдакон бинобар ҳодисаҳои гуногун дар Тоҷикистон сари ҳар чанд вақт рух медиҳанд. Аз ҷумла моҳи феврали соли ҷорӣ бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, ду сокини ноболиғи Исфара ба ҳалокат расиданд. Дар моҳи декабри соли 2014 бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт, панҷ нафар, аз ҷумла чаҳор кӯдак дар ҷамоати Симинганҷи ноҳияи Ваҳдат ҷон бохта буданд.
имруз пула мебаран метиян пагох меган и бача бегунох бдай тухматуш кардиян дар райони рудаки
Озодӣ илтимос қазияро хуб равшан нависед ин қазия аз филми бисерсерягии туркида зиёда. Тақрибан 100 то ҷабрдида аз болояш нависондагияй чандин соҳибкоронро доля мебасту пастава мекард банкҳо аз дасти ин ба дод омадаанд илтимос озоди миёнаравашро ҳам қапидан номаш Давлати сия инро аз пушти падараш касе ҷуръат намекард гап занад
Эти люди которые служат определённым людям и семье Хотят держать людей таким путём в страхе. Эта они специально делает чтобы другие боялись но уже они не понимает что нельзя журналистов трогать. Они должны наконец-то понять что революционер находится рядом с Верхушке Власти и день и ночь ходить с ними кушает с одного стола зачем тут журналисты. Не трогайте журналистов. Хотите не хотите заставим уйти. Как пришли так и уедите. Не переживайте Вес мир против Вас вы что можете делать. С своими фальшивыми людьми которые вы управляете и верхушка оппозиции которое Вам служат. Клан удет Народ мой. Если не хочет уйти заставим. Оставьте журналистов покое они не причём смотрите ближе себе и сваю клану они там с вами и всегда с вами. Яблоко гнётся из Нутри.
То ин рӯз кормандони милисаву гаи дар тухмату бухтон хад надоштанд, худои нокарда агар аз барашон мегузашти ва шамолатон расад, бо хар роху васила тухмататон мекарданду пулхои калон сарф мекарди то халос шави ва агар бизананду маъюббатон кунанд боз бо гуфте прав мебаромаданду гугахкорат меҳисобиданд....Имрӯз бошад дар баробари хамин баъзе кормандони худкомаи полис ки шумораашон андак хасту танҳо мақсади пулис шуданашон зарбу лат таъма ҳастанд ва бо қавле танҳо ба хотири падару язнаи миллат шудан, милиса мешаванд, ҷояшонро блогерону рӯзноманигорон гирифтаанд ва айнан аз ҳамин шева истифода мебаранду тӯҳмат месозанд ва боз прав ҳастанд ва боз пушташон ҳамон пулисон ҳастанд ки яке аз дигаре фарк надорад дигар акнун блогерону журналистон падару язнаву шавҳари миллат гаштаанд ва боз пушти ҳамин журналистону блогерону ҳамон милисаҳо ҳастанд ва танҳои боқии миллат бе пушту паноҳанду соҳиби язнаву шавҳару падари дуввуму дувоздаҳум шудаанд вой миллати бесоҳиб бе пушту паноҳ бечора мардуми одди як мусуре беш нестанд... Масалан як блогере,ки тамом ҳадди ҳудуд надорад ва ҳамеша дашномҳо болои миллат мезаду боз бо роҳи конкурс боқии миллати гариби бечораеро қиморбоз карду танҳо аз даҳонаш ғайр аз дашноми бе ҳадди, зиёд набуд ва ҳатто дар суханхои пештарааш ҳатто ҳамин ҳукуматдоронро дашному суханҳои қабеҳ мезад ва боқиро ҳар рӯз бо ҳар васила даштномҳо медод ва подписчикҳояшро автомати пулбарори сохта буду халқу ғарибонро ғайр аз лох будан дигар касе намеҳисобид, ҳамин полисҳое, ки ҳамин гуна табъ доранду ва ако аз уко ҳеч фарқе надорад ва дар ҳолати истифода бурдану бар зидди нокасоне, ки касро нокас сохтан мисли садои умедаш месозанд ҳастанд, ҳамин садои умеде, ки он гуна воҳимае буд, ки агар худое нокарда ягон суханат ноҷо мерафт бо сӯистифода аз чор пушташ он гуна мехонд, худро, ки гуҷое боши ва дар ҳар кунҷи диёр боши меебемат мегуфту ҷазоятро медиҳем ва танҳо аз рӯи падписчик доштанаш мефахрид ки ин чиз ва, ин подписчикдорони дигар дар тамоми дунё ингуна рафтор намекунанду ба мисли он чор подписчикдори точики... Ва ҳатто инҳо агар ин коментҳоро хонанд он гуна худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд ва ин коментнависро он гуна даштном месозанд ба хотири табъи нозукашон, ки дигар вовайло, дигар он гуна блогерон бо конурсҳояшон худро раису сарвари халк ва соҳиби ҳалк меҳисобанд, ки ҳатто Аллоҳ фаромӯш шуда истодааст, аз корашон ва ҳатто, он гуна ҳукумат дар баробарашон нотавон шудааст, ки як даштномдиҳандаву қабеҳгуфторро танҳо барои кадри ҳирфаву надоштанаш Ҳукумати бузурги Тоҷикистон, қаҳрамони миллат сохтааст чи миллат ва соҳибони аслии ин миллат мӯҳтарам (Ҳукуматдорони ҳакики) кучо, ва бо кадом роҳ, ба хотири ин чор нокас блогеру журналист ва милисаи худкома рафтаа истодааст номаълум ва аҷибаш он аст, ки боз ҳамин блогерон- (аз ҳарду тараф)-и нокасу журналистони худхоҳ, ва милисаҳои худкомае, ки (худро ҳамаи чизи миллат)меҳисобанд, он аст ки натанҳо Ҳукуматдоронро қарзидори худ балки Тамоми Ҳукумат ва Миллати бо Соҳиби Тоҷикро бо гуфти русҳо должен гардонидаанд...дигар Миллат ба он рузе расида истодааст, ки худро бар ҳар касе хоҳад мебахшад, нисфе ба афғону ирониҳо ва нисфи дигаре бар ӯзбеку қирғизу русу чинитаборҳо ва боқи ба нокасиву нокасон Шояд Радиои Озоди инро чоп накунад, ки медонад, аммо дарди миллат ин аст...Во вайло....ва бовар кунед инчо ачнабиен ҳеч гуноҳе надоранд
Здесь Таджикистан, детка. Законы не работают. Всё решают деньги.