Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморие, ки домани фархориҳоро сар намедиҳад ВИДЕО


Ин кӯдакон бар асари истеъмоли гандуми олуда ба чунин беморӣ гирифтор шудаанд.
Ин кӯдакон бар асари истеъмоли гандуми олуда ба чунин беморӣ гирифтор шудаанд.

Исо Мирзоев, сокини деҳаи Ламан беш аз ду даҳсола аст, хонаи нимавайронеро посбонӣ мекунад. Борҳо аз ӯ хостанд, хонаро бифурӯшад, вале ӯ рад кард, чун хона ёдгорие аз ягона бародараш Мусо Мирзоев аст.

Ба ин хона даст нарасондам, ки ин ягона ёдгорӣ аз бародарам ва хонаводаи ӯ ҳаст. Чанд кас харидорӣ шуд, лекин нафурӯхтам. Гуфтам аз раҳматии акаам ёдоварӣ мемонад, ман фақат як бародар доштам», гуфт ӯ.

Тирамоҳи соли 1992 дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ роҳ ба вилояти собиқи Кӯлоб баста шуд. Шаш моҳ вилоят дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт ва охирин захираи маводи озуқаи сокинон ба анҷом расид. Моҳи сентябри соли 1992 сокинон ба ҷамъоварии ғалладона оғоз карданд, то орди худӣ дошта бошанд.

Хонаи бесоҳиб ва ёдгор аз ягона бародари Исо Мирзоев.
Хонаи бесоҳиб ва ёдгор аз ягона бародари Исо Мирзоев.

“Ин гандумро овардам ва ба бародарам, ки чизе барои хӯрдан бо фарзандонаш надошт, додам. Яке пайи ҳам аз по афтоданд. Фақат духтарчаи хурдаш, ки нав таваллуд шуда буд, зинда монд. Мо ҳам бемор шудем, вале шифо ёфтем” – гуфт Исо Мирзоев.

“Фархор ба беморхона табдил ёфта буд”

Сокинони Фархор, ки то он замон фақат орд харида мехӯрданд, нодониста орди гандумеро истеъмол карданд, ки бо тухми рустании хатарноке ҳамроҳ буд. Бештар аз 8 ҳазор нафар дар ин ноҳия заҳролуд шуданд. На камтар аз 500 нафар бар асари заҳролуд шудан ва варами ҷигар ҳалок шуданд, ҳазорон нафар шифо ёфтанд, вале ҳанӯз ҳам ранҷи бемориро мекашанд.

Рухсорамоҳ Баротова, сокини ноҳияи Фархор он замон 18 сол дошт ва пас аз ин фоҷиа танҳо монд. Ҳама хонавода ба ин беморӣ гирифтор шуд. Падарам, хоҳарам, бародарам ҳалок шуданд. Танҳо мондам“ - гуфт Рухсора.

Беморие, ки домани фархориҳоро сар намедиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00

Барои Талбак Саидов, ки он замон сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Фархор буд, он рӯзҳо пур аз мушкилу даҳшатовар буд. Ӯ мегӯяд, Фархор ба бемористон табдил ёфт. Бинобар пур шудани шифохона беморонро дар мактабу боғчаҳо бистарӣ карданд.

Мардум чӣ гуна заҳролуд шуд?

Талбак Саидов, мегӯяд, сокинон аз гиёҳи гератроп заҳролуд шуданд, ки дар байни гандумзор мерӯяд. “Дар тирамоҳ тухми ин гиёҳ пухта мерасад. Ин гиёҳро дар он вақт аз гандум ҷудо кардан бисёр мушкил аст. Мардум то ин вақт орд мехариданд ва касе худаш мустақилона гандум орд намекард. Гандумро орд карда, истеъмол карданд”- мегӯяд, ӯ.

Талбак Саидов мегӯяд, он рӯзҳои бисёр мудҳиш буд.
Талбак Саидов мегӯяд, он рӯзҳои бисёр мудҳиш буд.

Ба гуфтаи табиб, истеъмоли орди олуда бо гератроп кори ҷигарро вайрон мекунад ва дар шиками инсон об ҷамъ мешавад. Шикам калон шудан мегирад. Наҷот додани гирифторони беморӣ бисёр як кори мушкил буд” - гуфт ӯ.

Ҳарчанд, бисёри сокинон аз ин бемори наҷот ёфтанд, вале ҳанӯз ҳам аз аз дарди ҷигар ранҷ мекашанд ва ҳамасола худро табобат мекунанд.

Вақте писари раҳматиам “оча нон” гуфт...

Момагул Самадова, сокини деҳаи Гулшан дар осоишгоҳи вижа, ки барои заҳролудшудагони соли 1992 дар Фархор бунёд шудааст, табобат мегирад. Он сол худу хонаводааш аз ин беморӣ наҷот ёфт, вале писарашро аз даст дод.

Писари худораҳматиам шаб хеста гуфт, оча нон гуфт, нон надоштем.. Ҷигарам месӯзад.

“Хешовандонамон аз ноҳияи Вахш гурехта ба Фархор омаданд. Ҳама ҷо пури гуреза шуд. Онҳоро хона ба хона тақсим карданд. Худо он рӯзҳора ба ягон модар нишон надиҳад. Ҷав ҳам хӯрдем, сабӯс хурдем. Писари худораҳматиам шаб хеста гуфт, оча нон гуфт, нон надоштем.. Ҷигарам месӯзад.. Хай шукри Худо, ки гузашт он рӯзи сахтиҳо”.

Барои мардуме, ки ҷабри ҷангу гуруснагӣ ва истеъмоли тухмии рустании хатарнокро кашидаанд, ёдоварӣ аз он рӯзҳо бисёр сахт аст. Саид Даминов, бо 11 узви хонаводааш аз ин заҳролудшавӣ наҷот ёфт, вале ҳоло ҳам ранҷ мекашад: “Эҳ, бачам ӯ рӯзора Худо нишон надиҳад. Худо душмани касро нишон надиҳад. Даҳшат буд».

XS
SM
MD
LG