Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хайрбод. Гузориш аз маҳалли қатли Кароматуллоҳи Қурбон баъди 25 сол. ВИДЕО


Бо гузашти 25 сол аз марги фоҷиабори овозхони маъруф Кароматуллоҳи Қурбон, дар деҳаи Тошохури ноҳияи Ёвон як хонавода баробари дидани аксу наворҳои ин ҳунарманд, ашк мерезанд. Ҳам ба ёди ин ҳунарманди ҷавонмарг, ки тӯйи нахустписарашонро обод карда буд ва ҳам барои тамоми бадбахтиҳое, ки баъд аз қатли бераҳмонаи ӯ бар сарашон рехт.

Мегуфтам, ки ман чизе намедонам. 5 силоҳдор писарамро як рӯз омада бурданд, тамоми дандонҳояшро канданд.

25 соли пеш, 18-уми октябри соли 1992, Кароматуллоҳи Қурбон маҳз барои иштирок дар тӯйи арӯсии писари Ҷӯрахоновҳо бо аъзои гурӯҳаш ба Ёвон рафт. Базми гарму зебое, ки то соати 16:00 рӯз давом кард, барои соҳибони маъракаву даҳҳо тамошобин як рӯйдоди фавқулода хотирмоне буд, чун ситораи ҳунар ва овозхони рақами яки эстрадаи тоҷик шахсан дар маъракаи онҳо хидмат мекард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Гузориш аз маҳалли қатли Кароматуллоҳи Қурбон баъди 25 сол
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:09:04 0:00

Азияти Ашӯрмоҳу хонаводааш баъди марги Кароматуллоҳ

Ашӯрмоҳ Аҳмадова, ки ёдоварӣ аз он ҳаводис барояш хеле сахту сангин ва дардовар аст, рӯзи 24-уми июн гуфт, ҳамсараш Хайруллоҳ Ҷӯрахонов аз он шод буд, ки тавассути дӯсташ Аслонбек Нуров (маъруф бо лақаби “Деҳқон”) тавонист, базмашро бо ҳузури ҳунарманди маҳбуб обод кунад. “Дар ҳамин ҳавлӣ овозхонӣ кард ва баъд ба тӯйи дигар, ба хонаи Сулаймон, даъват шуд. Соҳиби он хона ҳам, ки орзу дошт, дар тӯяш Кароматулло ширкат кунад, баъд аз тӯяш ҳамроҳ бо овозхон ва гурӯҳи ӯ кушта шуд”, - нақл кард ӯ.

Субҳи дигар ба хонаи тӯйдор хабари марги Кароматаллоҳ расид. Баъди ин, гуфт Ашӯрмоҳ Аҳмадова, зиндагии онҳо ҳам ба куллӣ тағйир ёфт. Силоҳбадастон пайваста меҳмонашон мешуданд ва дар бораи ҷузъиёти ҳодиса мепурсиданд. Ашӯрмоҳ Аҳмадова мегӯяд, шавҳараш дар пайи фишору таъқиб ва тарси ҳамешагӣ даргузашт.

Мегӯянд, Кароматуллоҳи Қурбонро дар ҳамин маҳал куштаанд. Ҳоло дар инҷо шуъбаи хурди пулис амал мекунад
Мегӯянд, Кароматуллоҳи Қурбонро дар ҳамин маҳал куштаанд. Ҳоло дар инҷо шуъбаи хурди пулис амал мекунад

“То ҳол ба худ наомадем”

“8-9 сол азоб доштем. Шавҳарам 3-4 рӯз баъди таъқибҳо гурехту рафт, ману фарзандон азоб доштем. Худамро бо писарам ба шӯъба бурданд. Мегуфтам, ки ман чизе намедонам. 5 силоҳдор писарамро як рӯз омада бурданд, тамоми дандонҳояшро канданд. Хулоса, то ҳоло мо ба худ наомадаем ва ҳар касе аз дарамон медарояд, моро як ваҳм фаро мегирад”, - гуфт ӯ.

Дар деҳаи Даҳана, воқеъ дар даромадгоҳи ноҳияи Ёвон, 50-километрии Душанбе, ҳама – аз пир то ҷавон – ҷузъиёти ин ҳодисаҳоро нақл мекунанд. Медонанд, ки ҳунарманди маъруф дар куҷо ва чӣ тавр кушта шуд. Аммо дақиқтар ба мо дар бораи ин ҳодиса собиқ корманди милиса Муҳаммадлатиф Тағоев нақл кард. Тағоев ҳоло бознишаста аст. Вай ҳамон шабе, ки Кароматуллоҳи Қурбон кушта шуд, дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана навбатдорӣ мекардааст.

Муҳаммадлатиф Тағоев
Муҳаммадлатиф Тағоев

“Ба Кароматуллоҳ гуфтам, ки панҷи бегоҳ нашуда аз Ёвон барояд”

Бино ба нақли Муҳаммадлатиф Тағоев, рӯзи 18-уми октябри соли 1992 ӯ дар дидбонгоҳ буд ва Гурӯҳи ҳунариро бо раҳбарии Кароматуллоҳи Қурбон пешвоз гирифт. “Вақти ба ноҳия ворид шудан ба Кароматуллоҳ гуфтам, ки беҳтар аст то соати панҷи бегоҳ тӯйро анҷом дода, ба Душанбе баргардад. Чун дар ноҳия он шабу рӯз гурӯҳҳои мухталиф буданд ва чандон ором набуд. Кароматуллоҳ ҳам гуфт, шартномаи ман то соати 17:00 аст. Аммо бегоҳ наомад. Ман навбатдориамро супурдаму ба тӯйхона рафтам ва дубора огоҳ кардам, ки як бало карда, аз ноҳия шаб нашуда барояд. Аммо баъзе бачаҳо гуфтанд, ки ӯро худамон гусел мекунем. Ман хона рафтам ва шаб садои тирпаронӣ шуд”, - ба хотир овард ӯ.

“Мо дар ин ҷо ҷанг мекунем, шумо...”

Кароматулло Қурбонов
Кароматулло Қурбонов

Тафтишоти баъдӣ бар асоси нишондоди шоҳидони воқеӣ мушаххас кард, ки ин қатли гурӯҳӣ аз сӯи Абдувосит Самадов, ки он шаб бо гурӯҳаш дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана қарор доштанд, анҷом шудааст. Баъди бозгашт аз тӯйи дуввум ин гуруҳ, ки ҳамагӣ маст будаанд, Кароматуллоҳу ҳамроҳонаш ва соҳибони тӯй, дар маҷмӯъ 12 нафарро боздошт карданд. Қумондони сармаст ба гуруҳ ҳукм содир карда мегӯяд, “мо дар ин ҷо ҷанг мекунем, шумо дар туйҳо гаштаед” ва ҳамаро ба қатл мерасонад.

Ҳоло дар дидбонгоҳи деҳаи Даҳана ба ҷойи ду вагон, ки дар гузашта ҷойи кори милисаҳо буд, як бинои дуошёна қомат афрохтааст ва шуъбачаи умури дохилӣ амал мекунад. Муҳаммадлатиф Тағоев бо ишора ба девори сангии рӯ ба рӯи бинои умури дохилӣ гуфт, ҳамин ҷо Кароматуллоҳ ва гурӯҳашро паррондаанд. Дар бархе аз ин сангҳо нишони тир то ҳанӯз ҳам аз он ҳаводиси мудҳиш шаҳодат медиҳанд. Ҷасадҳоро баъди ду рӯз аз ҳавзи партобҳои корхонаи кимиёвии Ёвон пайдо ва ба наздиконашон супурдаанд.

Аз байни ҳамроҳони Кароматуллоҳи Қурбон фақат як нафар аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд. Рустам Алимов, корманди фаннии гурӯҳ, тавассути боғу дараҳо фирор ва баъдан дидаҳояшро ба пулис нақл кардааст.

Ортиқи Қодир
Ортиқи Қодир

“Ҳатто ба Наврӯзи 17-сола раҳм накарданд”

Ортиқи Қодир аз дӯстони наздики Кароматуллоҳи Қурбон мегӯяд, имрӯз ягона шоҳиди ҳодиса Рустам дар Тоҷикистон нест. Ӯ ба бозпурсиву фишорҳо тоб наоварда, берун рафтааст. Ортиқи Қодир, ки дар пурсишҳои Рустам ширкат кардааст, аз номи ӯ нақл мекунад: “Вақте гурӯҳи силоҳбадаст раққосаро аз мошин берун меоранд, вай доду фиғон мекунад. Таваҷҷӯҳи ҳама ба ӯ мешавад ва Рустам дар пушти як техника пинҳон мешаваду мегурезад. Қотилон ба ягон нафар, ҳатто ба Наврӯзи бародари Кароматуллоҳ, ки 17 сол дошт ва овозхонӣ мекард, раҳм намекунанд. Нақл мекунанд, ки вақте Восит як автомат тирро ба ҷисми Кароматуллоҳ холӣ кард, Наврӯзи бародараш худро ба рӯйи Кароматулло партофта ӯ ҳам кушта мешавад. Баъд Абдураҳмони найнавозу Фариди саксофоннавоз ва Ҷамолиддин - ҷияни Кароматуллоҳ ҳам кушта мешаванд”.

Ортиқи Қодир ба ёди дӯсташ Кароматуллоҳи Қурбон китобе бо номи “Ёди ту оташест” навишта, аз ин ҳодиса ҳам ба ёд овардааст. Дар ин китоби худ ӯ саҳнаи худоҳофизӣ бо ҳунармандро дар Душанбе тасвир кардааст, ки чӣ тавр мардуми зиёд барои гусели овозхони дӯстдоштаи худ назди Театри опера ва балети Душанбе ҷамъ омада, ашк рехтанд. Ортиқи Қодир ба ёд меорад, ки дар сӯҳбатҳо Кароматуллоҳ ҳамеша нақли фарзандонашро мекард ва бо вуҷуди серкорӣ ҳама ҳушу ёдаш ба бачаҳояш буд.

Муҳаммадрофеи Кароматулло
Муҳаммадрофеи Кароматулло

"Он вақт фаҳмидам, ки ғам чист"

Муҳаммадрофеъ, нахустфарзанди Кароматуллоҳ, ки шабу рӯзи ҳодисаи қатли падар 6 сол доштааст, мегӯяд, дар ҳамин син ӯ бори аввал чӣ будани ғамро эҳсос кард. “Мо, ки хурдсол будем, ҳар бор аз оинаи нилгун ҷангу ҷӯшро нишон медоданд, медидему ақламон чизеро намегирифт. Моҳи октябри соли 1992, вақте ин воқеа рух дод, моро ба хонаи бобоям бурданд. Хоҳару додарам хеле хурдсол буданд ва чизеро дарк намекарданд. Вале ман ҳис кардам, ки ғам чӣ аст. Гиряҳои модарам, мардуми зиёди ҷамъомада, ки ҳама гиря мекарданд. Ҳамаи ин даҳшат ёдам ҳаст.”

На танҳо ҳунар, балки симои ӯро ба худ гирифтааст

Баъд аз марги падар Муҳаммадрофеъ, ки дар мактаби оддӣ таҳсил мекард, ба мактаби мусиқӣ барои таҳсил рафт. Ду соли баъд ӯ аввалин бор дар озмуни “Ормон” барои гиромидошти Кароматуллоҳи Қурбон рӯйи саҳна омад ва марсияи падарро суруд. Муҳаммадрофеъ мегӯяд, ӯ ки аз дидори падар сер нашудааст, имрӯз на танҳо ҳунар, балки симои ӯро ба худ гирифтааст.

Ӯ дар ороиши мӯй ва либосу зоҳир кӯшиш мекунад, монанди падар бошад. Дар бораи ҳодисаи марги падар фарзандон ҳам ҳамон чизеро медонанд, ки дар расонаҳо то имрӯз нашр шудааст, вале Муҳаммадрофеъ бо боварӣ мегӯяд, агар имрӯз падараш зинда мебуд, дунёи онҳо ҳам дигар буд.

Яке аз ҳазорон қурбонии ҷанг

Овозхони саршиноси тоҷик Кароматуллоҳи Қурбон яке аз садҳову ҳазорон қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ 25 соли қабл бо “аҳли олам хайрбод” гуфт. Имрӯз ҳам садои хушнавози оҳангҳои ӯ, аз ҷумла дар Интернет хомӯш намешавад ва оҳангу таронаҳои дилнишин ёди ӯро дар қалбҳо зинда нигаҳ медорад.

XS
SM
MD
LG