Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғизол Иноят: Ман ба ҳамсари ояндаам чанд шарт дорам


Овозхони афғон Ғизол Иноят дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз омодагӣ ба консертҳояш дар Душанбе, нақшаҳои эҷодӣ ва аз зиндагиаш қисса кард.

Ғизол Иноят, сарояндаи афғон ва Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик ва дар пойтахти Тоҷикистон се консерти муштарак баргузор хоҳанд кард. Ин барномаҳои ҳунарӣ рӯзҳои 20, 21 ва 22 март бахшида ба ҷашни Наврӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон доир мегарданд.

Номи Ғизол Иноят, овозхони афғон, соли гузашта баъди бозхонии таронаи “Ҷони ман”-и Кароматуллои Қурбон, ки ҳамроҳ бо Садриддини Наҷмиддин иҷро кард, дар Тоҷикистон маъруф шуд. Имрӯзҳо ин овозхони ҷавони афғон барои ҷолибу дидани баргузор шудани консерт дар Тоҷикистон аст.

Ғизол Иноят дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ аз омодагӣ ба ин консерт, фаъолияти касбӣ ва зиндагии худ қисса кард.

Ғизол Иноят: Хушбахтона, имсол ман ягона овозхони афғон ҳастам, ки барои баргузории консерт дар арафаи ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омадам. Албатта овозхонҳои дигари афғон дар кишварҳои хориҷӣ машғули баргузории консерти худ ҳастанд. Ин консерти ман ҳам муштарак бо овозхони тоҷик Садриддини Наҷмиддин аст ва консерти мо аз ҷониби ширкати “Қиём Интертеймент” роҳандозӣ шудааст. Бояд таъкид кунам, ки ошноии мо ҳам бо Садриддин аз тариқи ҳамин ширкат сурат гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Шумо дар Тоҷикистон дар пайи бозхонии таронаи “Ҷони ман”-и Кароматуллои Қурбон маъруф шудед.

Ғизол Иноят: Воқеан ин тарона аз замони қабл дар зеҳни мардум буд ва маъруфият дошт. Ман намегӯям, ки ин таронаро мо сершунаванда кардем. Вақте устод Кароматулло Қурбон бо Ширинмоҳ Ниҳолова ин тарона дар он вақт ба ёд мондани буд, мо ҳам онро бозхонӣ кардем то тозатар шавад. Албатта ин боис шуд, ки маро дар Тоҷикистон бишносанд ва муҳимтар аз ҳама ин буд, ки мардум ин сурудро хеле гарм истиқбол карданд. Ягона суруде, ки маро шӯҳратёр кард, маҳз ҳамин бозхонии “Ҷони ман”-и Кароматулло Қурбон буд.

Радиои Озодӣ: Имрӯзҳо ки дар Тоҷикистон ҳастед, инҷоро чигуна тасаввур мекардед?

Ғизол Иноят: Пеш аз оне ки ба Тоҷикистон меомадам, фикр мекардам, ки инҷо ҳам мисли кишварҳои дигар аст ва кору зиндагии мардум ҳам якранг. Аммо вақте омадам, тасаввурам дигар шуд. Мардумро меҳмоннавозу ҳунардӯст дидам, ин маро хушҳол кард. Агар шумо клипи таронаи моро дида бошед, дар онҷо аксаран ҷойҳои таърихӣ наворбардорӣ шуданд. Барои мисол, Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Ва вақте ман аз инҷо меравам, ин ҳама барои ҳамешагӣ дар зеҳни ман боқӣ хоҳанд монд. Ҳаминро мегӯям, ки Тоҷикистонро болотар аз тасаввурам пайдо кардам.

Радиои Озодӣ: Дар бораи Тоҷикистону овозхонӣ гуфтем ва ҳоло аксар овозхонҳои тоҷик талош мекунанд, дар бозори берун аз кишвар роҳ ёбанд. Чӣ шуморо ба Тоҷикистон овард?

Ғизол Иноят: Ман фикр мекунам аввалин чизе ки як овозхонро барои рафтан ба кишвари дигар алоқаманд мекунад, ин фарҳангу забони муштарак аст. Ва ин боис мешавад, ки як овозхони афғон бо дили пур ба Тоҷикистон биёяд ва бо овозхонҳои тоҷик таронаи муштарак иҷро кунад. Ҳамин аст, ки ман ҳам имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳастам ва ҳоло фарҳанги мардуми тоҷикро дидам, акнун ҳамкориҳои бештар дар назар аст ва иншоаллоҳ, ки таронаи тоза хоҳем хонад.

Радиои Озодӣ: Ғайр аз Садриддини Наҷмиддин боз бо кӣ омодаед, ки тарона иҷро кунед?

Ғизол Иноят: Албатта, кор бо овозхонҳои тоҷик ҷолиб аст, вале ин кори насибу қисмат аст. Феълан алоқамандии бештарро бо Моҳира Тоҳирӣ овозхони тоҷик дорам, чун мо ҳар ду ҳам ҷавондухтар ҳастем ва фикр мекунам агар таронаеро иҷро кунем, кори зебое хоҳад шуд, ман инро ҳадс мезанам.

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо Ғизол Иноят, овозхони афғон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:29 0:00

Радиои Озодӣ: Имрӯз як овозхони зан дар Афғонистон барои муваффақ шудан ва омадан ба руи саҳна, чӣ маҳилаҳоро пушти сар мекунад? Чун шумо ҳам дар ҳамин муҳит бузург шудед.

Ғизол Иноят: Ман агар гӯям, ки комилан дар дохили Афғонистон набудам, иштибоҳ нест. Ман дар ин кишвар таваллуд шудам ва замони муҳоҷират ба Покистон кӯч бастем, вақте дубора ба Кобул омадем алакай замони таҳсили ман гузашта буд. Баъдан рафтем ба Канада. Вале ман ҳамеша мехостам овозхон бошам, новобаста аз вазъи ваҳим дар Афғонистон аз ин хотир ман таронахоямро ба шакли аудио омад мекардам ва бидуни аксу видео пешкаши ҳаводорон мекардам, аз ин хотир ки барои таронахонии ман ба хонаводаи ман зиён нарасад. Аммо ҳоло як каме вазъ беҳтар аст ва ҳар касе аз ҷавондухтарҳо мехоҳад истеъдоди худро берун кунад ман мегӯям ки метавонад вафурсат расидааст.

Радиои Озодӣ: Шумо имрӯз дар Тоҷикистон мухлисони зиёд доред, ҷолиб аст агар дар бораи зиндагии шахсии худ ҳам каме қисса кунед.

Ғизол Иноят: Аввалин барои ман ифтихор аст, агар имрӯз дар Тоҷикистон бо сурудани як тарона мухлиси худамро дошта бошам. Ман дар хонавода фарзанди бузург ҳастам ва се хоҳару ду бародар дорам. Падару модарам ҳарду ҳам журналист буданд ва дар яке аз расонаҳои Афғонистон кор мекарданд. Хонаводае, ки ман бузург шудам, ҳамагӣ таҳсилдида ва ҳунардӯсту ҳунарпарвар ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Касе дар хонавода овозхон ҳаст?

Ғизол Иноят: Не, ман танҳо ҳастам ва ман ин корро худам шурӯъ кардам. Ва ҳоло яке аз хоҳаронам дар роҳи санъат по гузоштааст ва мехоҳад овозхон бошад. Агар ӯро ҳам мухлисон дастгирӣ кунанд, умедворам, ӯ низ таронаҳои хуб иҷро мекунад.

Радиои Озодӣ: Худ шумо ягон мактаби мусиқиро гузаштед?

Ғизол Иноят: Мутаассифона, дар он шароите ки ман дар Афғонистон зиндагӣ кардам ва замоне муҳоҷир будем таҳсил кардан дар риштаи мусиқӣ осон набуд, заминае набуд. Вале зиёд мехоҳам нозукиҳои ин касбро ҳирфавӣ анҷом диҳам, орзу дорам илми мусиқиро дар мактаби вижа омузам. Ҳоло ҳар чизе ки мехонам, таҷрибаи худомӯзӣ асту тамом.

Радиои Озодӣ: То имрӯз чанд таронаи худро сабт кардед?

Ғизол Иноят: Ман ҳоло танҳо як албом дорам, ки то ҳудуди 12 тарона дорад. Соли 2008 корро дар овозхонӣ шуруъ кардам, аммо пайваста дар пайи таҳияи таронаҳо набудам. Як оҳангро иҷо мекардам ва бо ҳамин баъди шаш моҳи дигар таронаи дигари худро омода мекардам. Аз ин лиҳоз оҳангҳои ман чандон зиёд нестанд. Вале акнун мехоҳам дар ин роҳ ҷиддитар кор кунам.

Радиои Озодӣ: Нақшаҳоятон чи аст, оё тасмим оиладорр шуданро доред ва ҳамсари ояндаи худро чигуна дидан мехоҳед?

Ғизол Иноят: Албатта, фикр мекунам, ҳар касе ки мегӯяд, зиндагиро дар танҳоӣ пеш мебарад, муболиға аст. Ва зиндагӣ ҳам бидуни ишқ намешавад. Ва ҳоло ман интизори ҳамон нафаре ҳастам, ки метавонам зиндагиро ҳамроҳи ман метавонад сипарӣ кунад. Албатта, барои ин кор як каме фурсат дорам, чун ҳоло пайи таҳияи оҳангу таронаҳои тоза ҳастам. Барои шахси ман, албатта, симои зоҳирӣ ҳам муҳим аст, вале муҳимтар аз ин шахсе бошад, ки қалби мо бо ҳам созиш карда тавонад. Вале ман ба ҳамсари ояндаам шарти дигаре ҳам дорам, ки дар роҳи ҳунар ба ман монеъа нагузорад. Пешниҳодҳо буданд, вале ман омода набудам.

Радиои Озодӣ: Барои суҳбат ташаккур ва Наврӯзатон муборак бошад.

Ғизол Иноят: Наврӯз ба кулли кормандони Радиои Озодӣ ҳам муборак бошад. Фақат орзу мекунам, ки ҳама дар соли наву баҳори нави зебо дошта бошанд, зиндагияшон бо ин сол равнақи дигар гирад. Баракат, иззат ва обрӯ насибатон гардад.

XS
SM
MD
LG