Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирони тоҷик: "Бор овардан аз Дубай мушкил шудааст"


Бандари Ҷабал Алӣ дар Дубай
Бандари Ҷабал Алӣ дар Дубай

Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, пас аз он ки мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар посух ба даъватҳои Амрико тиҷорат бо Эронро маҳдуд карданд, интиқоли бору коло аз Дубай аз тариқи қаламрави Эрон ба Тоҷикистон мушкил шудааст.

Ронандаҳои тоҷике, ки ба Радиои Озодӣ дар бораи ин мушкил хабар доданд, гуфтанд, ки интиқоли бори онҳо аз бандари Ҷазира ал-Ҳамра (Имороти Муттаҳидаи Араб) ба самти Бандар Аббос (Эрон) мушкил шудааст. Масофа байни Ҷазир ал-Ҳамра то Душанбе 4600 км аст.

Соҳибкори тоҷик Зиёваддин Икромов, ки мегӯяд, дар ҳамин нуқтаи марзӣ ду мошини борбари ӯ дармондааст, ҳоло намедонад, ки интиқоли бору моли бозори Дубай ба Тоҷикистон бо таҳримҳои иқтисодӣ чӣ гуна ҳалли худро пайдо мекунад.

Ба иттилои ӯ, чандин соҳибкори тоҷики дигар ва даҳҳо борбарҳои соҳибкорони хориҷии дигар ҳам ба ин ҳол гирифтор шудаанд. Зиёваддин Икромов рӯзи 14 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Қаблан контейнерҳои зиёдеро ба киштиҳо бор карда, ба соҳили Эрон меоварданд ва аз онҷо бо мошинҳои борбар ба гузаргоҳи Сарахс ва сипас аз тариқи Туркманистон ба Тоҷикистон интиқол медоданд. Ҳоло намедонем аз ин ҳолат чӣ гуна берун мешавем”, гуфт ӯ.

Бандари Дубай.
Бандари Дубай.

Дар марз бо Туркманистон ҳам, ба гуфтаи соҳибкорони тоҷик, интиқоли контейнерҳои ҳомили бору маҳсулот аз тариқи гузаргоҳи Сарахс ба Туркманистон иҷоза намедиҳад ва бору колои соҳибкорон рӯзҳои дароз мунтазири убур мемонанд.

Саргардонӣ дар роҳ, пас аз вуруд ба Эрон

Як соҳибкори дигар, ки худро Раҳим Масруров муаррифӣ кард, гуфт, маҳсулоти Имороти Муттаҳидаи Араб дар Тоҷикистон хеле серхарид аст. Масруров, ки дар интиқоли яхдону чархи мошин таҷриба дорад, мегӯяд, дар назди Сарахс ба сабаби қатори мошинҳои зиёди борбар роҳҳо банд мешаванд.

Ӯ гуфт: “Ҳоло мо кӯшиш дорем, ки мақомоти Эрон аз тариқи гузаргоҳи “Лутфобод” иҷоза диҳад, то бори худро зуд ба Душанбе расонем. Дар ҳар истгоҳ чанд шабонарӯз дармемонем”.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар Душанбе ва сафоратхонаи Тоҷикистон дар Теҳрон мегӯянд, ки дар заминаи маҳдуд ва ё манъ шудани интиқоли бор тавассути марзи Эрон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, ҳеҷ иттилое дарёфт накардаанд.

Мақомоти тоҷик дар ин ду сохтори давлатӣ гуфтанд, ки охирин шикояти соҳибкорони тоҷик ба дасти онҳо тобистони имсол дар робита бо манъ шудани ҳаракати мошинҳои борбар ба самти Тоҷикистон дар марзи Туркманистон расидааст.

Он замон мақомоти ҳарду ҷониб гуфтанд, ки тасими манъ шудани интиқоли борҳо ба таври якҷониба ва бидуни шарҳ аз ҷониби мақомоти Туркманистон гирифта шуд, вале далели онро шарҳ надоданд.

Вазорат шикоятҳоро таҳқиқ мекунад

Таҳримҳои сахти иқтисодии Амрико ба зидди Эрон 6 ноябри соли аз нав ҳуқми иҷро гирифт ва Вашингтон аз кишварҳои дигар хост, ки таҳримҳоро риоят кунанд, дар ғайри сурат барои ҳамкорӣ бо кишваре, ки даст ба фаъолиятҳои “тахрибкорона” ва “пуштибонӣ аз гурӯҳҳои террористӣ” мезанад, танбеҳ мешаванд.

Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар бораи ин мушкилот онҳоро огоҳ накардаанд ва ҳеҷ соҳибкори тоҷик ҳам то ҳол ба онҳо муроҷиат накардааст.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, агар мақомоти Эрон ба чунин амал даст мезаданд, ҳатман мақомоти Тоҷикистонро дар ҷараён мегузоштанд. Вай гуфт, дурустии ин шикоятҳоро месанҷанд. Дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Эрон низ айнан ҳамин посухро доданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то марти соли 2016 дар Тоҷикистон 14 корхонаи муштарак бо Имороти Муттаҳидаи Араб ба қайд гирифта шудааст ва ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар соли 2015 беш аз 43 миллион долларо ташкил медод.

Агар шумо ҳам тоҷир ҳастед ва дар коратон мушкил пеш омад, лутфан ба мо нависед, дар поварақи ҳамин гузориш ва ё ба ин шумора тавассути Вайбер, Вотсапп, ИМО ва Телеграм. Шумораи мо ин аст + 420 724 053 959

XS
SM
MD
LG