Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандаҳо аз марзи Туркманистон: сабаби манъи убурро шарҳ намедиҳанд. ВИДЕО


Сарахс, марзи Туркманистону Эрон. Ронандаҳо мегӯянд, ки дар ин қитъаи марзӣ даҳҳо мошини борбари ба самти Тоҷикистон ҳаракаткунанда дармондааст

Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, тавассути шабакаҳои дипломатӣ талош доранд ба қазияи дар марз бо Туркманистон дармондани мошину борҳои марбут Тоҷикистон расидагӣ шавад.

Дар гузашта мо аз ин роҳ бидуни мушкил истифода мекардем, вале инак як ҳафта мешавад, ки дармондем. Як дафъа гуфтанд, ки иҷозати вуруд бигиред. Гирифтем. Вале бо ин иҷозатнома ҳам нагузоштанд, ки биравем. Сабабашро ҳам намефаҳмонанд

Фаррух Неъматзода, сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рузи 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи талошҳоро ба харҷ медиҳанд, то ки ҳарчӣ зудтар ронандаҳо ва мошину бори шаҳрвандони Тоҷикистон аз мушкил дар марз бо Туркманистон раҳо шаванд. Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, бо сабабҳои барои онҳо ҳам номаълум ба даҳҳо мошини шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам боре, ки марбут ба Тоҷикистон аст, ҳақи убур аз хоки Туркманистон дода намешавад ва ҳадди аққал як ҳафта мешавад, ки даҳҳо мошин дар марз бо ин кишвар дар хоки Узбекистон ва Эрон дармондаанд.

Фаррух Неъматзода рӯзи 3 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт:

“Бо мо ҳам ронандаҳо ва ҳам ширкатҳо тамос гирифта истодаанд ва аз мушкилашон ҳарф мезананд ва хоҳиши ҳарчӣ зудтар ҳал шудани ин масъаларо доранд. Мо дар ҷараён ҳастем ва ҳоло ҳамаи роҳҳои алтернативиро баррасӣ дорем, ки кадом беҳтару наздиктар аст.”

Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин мавзӯъ рӯзи душанбе, 3 сентябр мавриди баррасии вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам қарор дошт. Онҳо мегӯянд, феълан барои ҷониби Душанбе сабаби аз ҳақи убури транзитии хоки Туркманистон истифода кардани ронандаҳои тоҷик ва борҳои марбут ба Тоҷикистон маълум нест.

Бархе мақомоти дигари вазорати нақлиёт мегӯянд, ки барои ронандаҳои дар марз бо Туркманистон дармонда, вобаста ба он ки дар кадом қитъаи марз қарор доранд, машварат шудааст, ки бо роҳҳои дигар ба интиқоли борҳояшон идома диҳанд. Масалан, барои онҳое, ки дар даромадгоҳи Туркманистон дар хоки Эрон дармондаанд, машварат шудааст, ки аз хоки Озарбойҷон ва роҳи бандарии Қазоқисттон роҳро ба самти Тоҷикистон тағйир диҳанд.

Чаро мошинҳои Тоҷикистон дар марзи Туркманистон банд мондаанд?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:12 0:00

Ронандаи тоҷик: роҳи дигар хеле гарон мешавад

Гуруҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз як ҳафта аст, ки дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст.

Ду нафар аз ин ронандагон рӯзи 2-уми сентябр ба Радиои Озодӣ занг зада гуфтанд, ки бештар аз 7 рӯз аст, ки дар гузаргоҳи Лутфобод-Ортиқ дармондаанд.

Яке аз онҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар назди ин гузаргоҳ тақрибан 100 мошине мунтазири вуруд ба қаламрави Туркманистон ва сипас роҳ гирифтан ба самти Тоҷикистон ҳастанд.

Марзи Туркманистону Узбекистон. Акс аз бойгонӣ
Марзи Туркманистону Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Як ронандаи дигари тоҷик, ки дар марзи Узбекистон бо Туркманистон беш аз як ҳафта аст, ки дармондааст, ният дошт дар фурсати муқарраршуда аз Хуҷанд то Туркия меваи хушк бубурад. Ин роҳ, ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ 2-3 ҳазор доллар харҷ дорад. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар сарҳади Узбекистон бо Туркманистон тахминан 15 мошини борбаре дармондааст, ки моли Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ронандаҳоро бо сабабҳои номаълум иҷоза намедиҳанд, ки аз хоки Туркманистон истифода кунанд. Ронандаи тоҷик гуфт, аз рӯи иттилои ҳамкорони дигарашон, дар марзи Эрону Туркманистон даҳҳо мошини дигаре дармондааст, ки бо нияти интиқоли бор аз Туркиву Эрон ба Тоҷикистон ба роҳ баромада буданд.

“Дар гузашта мо аз ин роҳ бидуни мушкил истифода мекардем, вале инак як ҳафта мешавад, ки дармондем. Як дафъа гуфтанд, ки иҷозати вуруд бигиред. Гирифтем. Вале бо ин иҷозатнома ҳам нагузоштанд, ки биравем. Сабабашро ҳам намефаҳмонанд. Албатта, дар байни мардум гап бисёр аст, вале мо сабаби аслиро намедонем”, гуфт ин ронандаи тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад.

Мошинҳои Узбекистону дигарон мегузаранд, аз мо не..

Ронандаи дигари тоҷик, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, марзбонони Туркманистон фақат ба мошинҳое иҷозаи убур намедиҳанд, ки моли воридотӣ барои Тоҷикистон доранд.

Ба қавли ӯ, “Мошинҳое, ки барои Узбекистону Қирғизистон ва дигар ҷойҳо бор мебаранд, бе мамониат мегузаранд, фақат мошинҳои боркаши самти Тоҷикистонро роҳ намедиҳанд,” – гуфт, ӯ.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мошинҳои боркаши Эрону Туркия низ айни аҳволро доранд ва мунтазиранд, ки ба онҳо иҷозаи убур диҳанд, то молу маҳсулоти воридотиро ба Тоҷикистон баранд.

“Дар инҷо то 20 мошини боркаши худи Тоҷикистон ҳастанд, бақия мошинҳои ронандагони эронӣ ва турк ҳастанд ва дар маҷмӯъ тақрибан 100 мошин дар марз ҷамъ шудаанд” – гуфт, яке аз ронандагони тоҷик.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, дар гузаргоҳи дигари байни Туркманистону Эрон низ вазъ чунин аст ва мошинҳое, ки ба Тоҷикистон бор мебаранд, иҷозаи убури марзро нагирифтаанд.

“Ҳатто автобусҳои нави мусофирбарро, ки Тоҷикистон аз Туркия харидааст, дар гузаргоҳи марзии Сарахс (марзи Эрону Туркманистон) намондаанд. Автобусҳо ҳам дар марз истодаанд,” - гуфт ронандаи тоҷик ба Радиои Озодӣ.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани посух аз сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон натиҷа надод.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, мақомоти Туркманистон, ки аз пӯшидатарин кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ҳеҷ гоҳ чунин масоилро шарҳ намедиҳанд.

Масъалаи дармондани молу маҳсулоти воридотии Тоҷикистон дар марзи Туркманистон бо Эронро як тоҷири тоҷик низ бо Радиои Озодӣ матраҳ кард. Ӯ гуфт, мунтазири бори харидааш аз Эрон аст, вале сабаби роҳ надодани мошинҳоро ҳам намедонад ва ба ӯ ҳам чизе нагуфтаанд.

Манъи вуруд баъди ҳалокати зане дар назди сафорати Тоҷикистон

Аммо аз ин пештар гузориш буд, ки як зане дар Туркманистон баъди навбатпоии дароз дар назди сафорати Тоҷикистон ҳалок шудааст. Як шоҳиди ҳодиса ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки "Ӯ ду ҳафта дар навбат истода, мехост, барои писараш виза гирад ва ӯро барои таҳсил ба Тоҷикистон фиристад. Навбатпоии тӯлонӣ ба вазъи руҳии зан таъсир расонда, якбора аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Вале рӯзи 1 сентябр як мақоми вазорати умури хориҷии Тоҷикистон даргузашти занеро дар навбатпоии визаи тоҷикӣ дар Ашқобод рад кард ва гуфт, ки ин зан аз муоинаи табибон баргашта визаи писарашро дарёфт кард ва писараш ба Тоҷикистон барои таҳсил рафт.

Дар рӯзҳои охири моҳи август пушти дари сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Ишқобод барои дарёфти виза навбатпоии тӯлонӣ ташкил мешавад. Дар Тоҷикистон бештар аз 4000 донишҷӯи туркман таҳсил мекунанд.

Мушкилот дар ҳаракати мошинҳои борбар, ки Туркманистон як транзитии онҳо ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳамчунин баъди фурсати кӯтоҳе аз он пеш омад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ишқобод сафар кард ва бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот дошт.

Робитаҳои бе мушкилот вале камсамари ду тараф

Эмомалӣ Раҳмон, ки як ширкатдори ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии Наҷоти Арал дар Ашқобод буд, зимни суханронӣ дар ин ҷаласа рӯзи 24-уми август ба беҳтар кардани ҳамкориҳо дар арсаи ҳамлу нақли бор ва транзит даъват кард.

Ӯ хост, ки кишварҳои минтақа барои ҳамгироии бештари иқтисодӣ, “ҳаракати озоди мол ва хизматрасониро” таъмин кунанд.

Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар равобиташон мушкилот аҳёнан пеш омадааст. То кунун байни ду кишвар бештар аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале тиҷораташон ночиз аст. Соли 2017 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон камтар аз 40 миллион долларро ташкил додааст.

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба мо фиристед: +420 724 053 959

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG