Пайвандҳои дастрасӣ

Борҳои "Талко" ҳам дар Туркманистон дармондаанд


Корхонаи алюминий бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон аст.

Дар марзи Туркманистон корвони мошинҳои боркаше дармондаанд, ки алюминийи ширкати “Талко”-ро мекашонанд. Мошинҳои ширкати “Талко” барои интиқоли алюминий, аз ҷумла аз қаламрави Туркманистон убур мекунанд.

Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, дар ширкати нақлиётӣ, ки борҳои “Талко “-ро мекашонад гуфт, “ҳудуди як моҳ боз “Талко” ҳам наметавонанд, аз қаламрави Туркманистон барои боркашонӣ истифода кунад ва мошинҳо дар марзи Туркманистон дармондаанд”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Туркманистон як роҳи муҳиме барои интиқоли ашёи хом ва баръакс ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани алюминий ба ҳисоб меравад. Ба таъкиди ӯ ҳоло масъулони “Талко” чанд роҳи дигари воридоти ашёи хом ва содироти маҳсулоти омодаро баррасӣ мекунанд.

“Аз ҷумла интиқоли боксит аз Озарбойҷойн аз тариқи бандари Атирауи Қазоқистон баррасӣ мешавад” - гуфт, ҳамсуҳбати мо.

Масъулони “Талко” то замони нашри ин гузориш ҳозир нашуданд, бигӯянд, ки дар ояндаи наздик ширкат кадом роҳи алтернативиро ба ҷои Туркманистон истифода карданӣ аст ва ё умедвори хотима ёфтани роҳбандони Туркманистон мемонанд.

Роҳи муҳимтарини "Талко" барои воридоту содирот

Қаламрави Туркманистон наздиктарин роҳи Тоҷикистон ба Баҳри Хазар аст, ки «Талко» аз тариқи он аз Озайрбоҷон “боксит” – як маводи муҳим барои истеҳсоли алюминийро ба кишвар интиқол медиҳад. Бар изофа “Талко” аз худи Туркманистон “кокс” - як маводи дигари зарурӣ барои тавлиди алюминиюм мехарад.

Бурӣ Каримов, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон ва роҳбари Шӯрои роҳсозони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳҳои Туркманистон барои Тоҷикистон наздиктарин роҳ ба баҳри Хазар аст ва дигар роҳҳо дар муқоиса бо он хеле дарозанд.

Каримов афзуд, роҳи дароз хароҷоти боркашониро бештар мекунад ва аз ин рӯ Тоҷикистон зарур аст, мушкилоти ба миён омада бо Туркманистонро рафъ кунад, то ки роҳ барои ширкатҳои боркашонии Тоҷикистон дубора боз шавад.

“Як ҳафта қабл дар шаҳри Тошканд як конфронси вобаста ба нақлиёт доир шуд. Дар яке аз толорҳои конфронс Муҳаммадалӣ Шокиров, роҳбари Анҷумани ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистон масъалаи баста шудани роҳҳои Туркманистонро дар миён гузошт. Як намояндаи ширкати нақлиётии Туркия ҳам чунин арз кард. Роҳбари Ташкилоти байналмилалии боркашон гуфт, ки бори аввал аз ин проблема огоҳ мешавад” – гуфт, ӯ.

Ба ронандагони Туркия иҷоза доданд, тоҷикон монданд

Як натиҷаи конфронс, ки дар он намояндагони 40 кишвар ҳузур доштаанд ин шудааст, ки Туркманистон ба ширкатҳои Туркия, ки ба Тоҷикистон бор мекашонанд, иҷозаи вуруд додааст.

Аммо мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҳанӯз дар ду тарафи марзи Туркманистон дармондаанд ва қисмате ҳам тариқи Озабойҷон, барҳри Каспий ва Қазоқистон раҳсипори Тоҷикистон шудаанд.

Як ҳамсуҳбати мо дар вазорати нақлиёт гуфт, Тоҷикистон ҳоло аз Озарбойҷон барои убуру мурури мошинҳои боркаш тариқи роҳҳояш тахфиф хостаст, то ки хароҷоти дурии роҳ пас аз роҳбандони Туркманистон ҷуброн шавад.

Туркманистон аз рӯзи 2-уми сентябр иҷоза намедиҳад, мошинҳои боркаши Тоҷикистон тариқи қаламраваш убур кунанд. Мақомоти Туркманистон дар посух ба номаи ҷониби Тоҷикистон сабаби роҳбандонро ба масъалаи “амният” рабт доданд. Шарҳи норушане, ки суолҳоро дар бораи бастани роҳҳо ба рӯи мошинҳои боркаши Тоҷикистон зиёд кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG