Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзияи Эрон дар банд мондани даҳҳо мошини Тоҷикистон дар марзи Туркманистон


Рӯзи 28-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон вохӯрии навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) баргузор мешавад.

  • Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз 11 узви ИДМ роҳбарони 9 кишвар дар нишаст иштирок хоҳанд кард. Аз ҷумла, Владимир Путин, Александр Лукашенко, Илҳом Алиев, Армен Саркисян, Нурсултон Назарбоев, Шавкат Мирзиёев, Сооронбой Ҷээнбеков ва Игор Додон ба Душанбе меоянд.
Тоҷикистон бояд раисии даврагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба Туркманистон супорад. Аммо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Душанбе намеояд.

Бердимуҳаммадов намеояд

Қарор аст, дар вохӯрии сарони кишварҳои узви ИДМ 16 масъала баррасӣ шавад. Муҳимтарини онҳо ин қабули “Барномаи байнидавлатии муборизаи якҷоя бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023” ва “Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ” аст.

Дар вохӯрии рӯзи 28-уми сентябр Тоҷикистон бояд раисии даврагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки як сол давом мекунад, ба Туркманистон супорад. Аммо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ки қарор буд раёсати даврагиро аз Тоҷикистон қабул кунад, ба Душанбе намеояд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан" ахиран навишт, ки Бердимуҳаммедовро дар ин нишаст Пурлӣ Оқомуродов, ноиби сарвазири Туркманистон иваз мекунад.

Қазияи "сиёсӣ"?

Раиси ҷумҳури Туркманистон дар нишасти кобинаи вазиронаш гуфтааст, кишвараш роҳбарии ИДМ-ро дар соли оянда бар уҳда мегирад, аммо ҳамзамон мақоми нейтралии худро ҳифз хоҳад кард. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ба ҷуз Бердимуҳаммадов иштироки сарони дигар кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе тасдиқ шудааст.

Туркманистон, ба гуфтаи манбаъҳои ҳукумати Тоҷикистон, сабаби ба нишаст наомадани Бердимуҳаммадовро шарҳ надодааст. Аммо аз ин нишаст сарфи назар кардани раиси ҷумҳури кишвари Туркманистон дар шабу рӯзе сурат мегирад, ки ин кишвар ба даҳҳо мошини Тоҷикистон, ки аз Туркия бор меоранд, иҷозаи убур намедиҳад ва ҳар ду кишвар аз шарҳи расмии ин вазъият худдорӣ кардаанд. Баъзе манбаъҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон бо ишора ба “сиёсӣ” будани қазия аз шарҳи вазъият канор мераванд.

Аммо як мақоми огоҳ аз таҳаввулоти ахир рӯзи 21-уми сентябр ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, дар масдуд шудани роҳи баргашти даҳҳо мошини Тоҷикистон Эрон нақш дорад ва Ишқобод хостаҳои Теҳронро амалӣ мекунад.

Эрон мегӯяд, ки "даст надорад"

Марзи Эрону Туркманистон
Марзи Эрону Туркманистон

Муносибати Эрону Тоҷикистон дар се соли охир дар заминаи эҳтимоли пуштибонии Теҳрон аз оппозитсиюни исломии тоҷик шадидан сард шуд ва Душанбе фаротар аз ин, Эронро ба кушторҳои сиёсии солҳои 90-ум гунаҳкор кард. Вокуниши Эрон дар баробари иттиҳомоти ба ин бузургӣ бисёр кӯчак буд ва Теҳрон ба ибораҳои мисли “даъвои бепоя” иктифо кард.

Теҳрон, ҳамин тавр, ба баста шудани даҳҳо пойгоҳҳои фарҳангиву тиҷоратиаш дар Тоҷикистон вокуниши ҷиддӣ нишон надод.

Дар байни чанд фарзияҳои сард шудани муносибати ду ҳамсоя, аз баҳси об гирифта, то нармиши равобити Тоҷикистон бо Узбекистон, эҳтимоли даст доштани Эрон дар ин таҳаввулот бори аввал садо медиҳад.

Манбаи Радиои Озодӣ дар ҳоле ба эҳтимоли нақши Теҳрон дар қазияи масдуд шудани роҳи даҳҳо мошини борбари Тоҷикистон дар марзи Туркманистону Эрон ишора кард, ки хабаргузории расмии Эрон ИРНА рӯзи 7-уми сентябр аз қавли Умеди Ҷаҳонхоҳ, нозири гумруки Хуросони Разавӣ гуфт, ки Эрон барои убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар гузаргоҳи “Лутфобод” ҳеҷ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Ҷаҳонхоҳ гуфтааст, маҳдудият марбут ба гумруки Эрон нест, балки ҳукумати Туркманистон монеи вуруди мошину вагонҳо аз гузаргоҳи “Лутфобод” шудааст.

Кишвари дар муносибат "нозук"

“Як ҳафта қабл Туркманистон барои мошинҳои ҳомили молу коло, ки бояд ба Тоҷикистон бираванд, маҳдудият ҷорӣ кард. Мошинҳои расида ба марзи "Лутфобод" маҷбур ба бозгашт ва идомаи масир аз марзҳои шимоли ғарбии Эрон ҳастанд. Гумруки Эрон бо ирсоли нома аз мамониати Туркманистон барои вуруди мошинҳои боркаш, ки ба Тоҷикистон бояд бираванд, гумрукоти Хуросони Разавиро огоҳ карда буд", - афзудааст Ҷаҳонхоҳ.

Тоҷикистон бо Туркманистон марзи муштарак надорад. Вале мошину қаторҳое, ки аз Туркия бор меоранд, тавассути марзи Эрон ба Туркманистон мегузаранд ва аз роҳи оҳани Узбекистон ба Тоҷикистон бармегарданд.

Абдулфайз Атоев
Абдулфайз Атоев

Абдулфайз Атоев, собиқ сарпарасти сафорати Тоҷикистон дар Ишқобод гуфт, Туркманистон дар муқоиса ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар муносибатҳои дипломатӣ бисёр нозук аст ва ҳатто масъалаҳои кӯчак дар равобит дар ин кишвар метавонад боиси дардисардҳои зиёд шавад.

XS
SM
MD
LG