Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дармондани мошинҳои борбари Тоҷикистон дар марзи Туркманистон


Акс аз бойгонӣ. Мошинҳои Узбекистон дар марзи Туркманистон
Акс аз бойгонӣ. Мошинҳои Узбекистон дар марзи Туркманистон

Гуруҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон мегӯянд, бештар аз як ҳафта аст, ки дар марзи Туркманистон ва Эрон дармондаанд ва намедонанд, сабаби роҳ надодани онҳо ба қаламрави Туркманистон чӣ ҳаст.

Ду нафар аз ин ронандагон рӯзи 2-уми сентябр ба Радиои Озодӣ занг зада гуфтанд, ки бештар аз 7 рӯз аст, ки дар гузаргоҳи Лутфобод-Ортиқ дармондаанд.

Яке аз онҳо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, дар назди ин гузаргоҳ тақрибан 100 мошине мунтазири вуруд ба қаламрави Туркманистон ва сипас роҳ гирифтан ба самти Тоҷикистон ҳастанд.

“Бештар аз як ҳафта шуд, намемонанд, гузарем. Сабабашро ҳам намегӯянд, мондем дар инҷо. Аз Туркия бор меорем барои бурдан ба Тоҷикистон, аз онҷо ба Эрон ва сипас ба Туркманистон меравем ва баъдан аз тариқи Узбекистон ба Тоҷикистон мерасем”.

Мошинҳои Узбекистону дигарон мегузаранд, аз мо не..

Ронандаи дигари тоҷик, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, марзбонони Туркманистон фақат ба мошинҳое иҷозаи убур намедиҳанд, ки моли воридотӣ барои Тоҷикистон доранд.

Ба қавли ӯ, “Мошинҳое, ки барои Узбекистону Қирғизистон ва дигар ҷойҳо бор мебаранд, бе мамониат мегузаранд, фақат мошинҳои боркаши самти Тоҷикистонро роҳ намедиҳанд” – гуфт, ӯ.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мошинҳои боркаши Эрону Туркия низ айни аҳволро доранд ва мунтазиранд, ки ба онҳо иҷозаи убур диҳанд, то молу маҳсулоти воридотиро ба Тоҷикистон баранд.

“Дар инҷо то 20 мошини боркаши худи Тоҷикистон ҳастанд, бақия мошинҳои ронандагони эронӣ ва турк ҳастанд ва дар маҷмӯъ тақрибан 100 мошин дар марз ҷамъ шудаанд” – гуфт, яке аз ронандагони тоҷик.

“Дар инҷо то 20 мошини боркаши худи Тоҷикистон ҳастанд, бақия мошинҳои ронандагони эронӣ ва турк ҳастанд ва дар маҷмӯъ тақрибан 100 мошин дар марз ҷамъ шудаанд

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, дар гузаргоҳи дигари байни Туркманистону Эрон низ вазъ чунин аст ва мошинҳое, ки ба Тоҷикистон бор мебаранд, иҷозаи убури марзро нагирифтаанд.

“Ҳатто автобусҳои нави мусофирбарро, ки Тоҷикистон аз Туркия харидааст, дар гузаргоҳи марзии Сарахс намондаанд. Автобусҳо ҳам дар марз истодаанд” гуфт, ронандаи тоҷик ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, сафири Тоҷикистон ҳам ба қазия дахл кардааст, вале бенатиҷа. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани посух аз сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон натиҷа надод.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, мақомоти Туркманистон, ки аз пӯшидатарин кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, ҳеҷ гоҳ чунин масоилро шарҳ намедиҳанд.

Масъалаи дармондани молу маҳсулоти воридотии Тоҷикистон дар марзи Туркманистон бо Эронро як тоҷири тоҷик низ бо Радиои Озодӣ матраҳ кард. Ӯ гуфт, мунтазири бори харидааш аз Эрон аст, вале сабаби роҳ надодани мошинҳоро ҳам намедонад ва ба ӯ ҳам чизе нагуфтаанд.

Манъи вуруд баъди ҳалокати зане дар назди сафорати Тоҷикистон

Аммо аз ин пештар гузориш буд, ки як зане дар Туркманистон баъди навбатпоии дароз дар назди сафорати Тоҷикистон ҳалок шудааст. Як шоҳиди ҳодиса ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, ки "Ӯ ду ҳафта дар навбат истода, мехост, барои писараш виза гирад ва ӯро барои таҳсил ба Тоҷикистон фиристад. Навбатпоии тӯлонӣ ба вазъи руҳии зан таъсир расонда, якбора аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Дар рӯзҳои охири моҳи август пушти дари сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Ишқобод барои дарёфти виза навбатпоии тӯлонӣ ташкил мешавад. Дар Тоҷикистон бештар аз 4000 донишҷӯи туркман таҳсил мекунанд.

Мушкилот дар ҳаракати мошинҳои борбар, ки Туркманистон як транзитии онҳо ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ҳамчунин баъди фурсати кӯтоҳе аз он пеш омад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Ишқобод сафар кард ва бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон мулоқот дошт.

Робитаҳои бе мушкилот вале камсамари ду тараф

Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҳамоиши Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии Наҷоти Арал ба Ишқобод рафт ва зимни суханронӣ дар ин ҷаласа дар рӯзи 24-уми август ба беҳтар кардани ҳамкориҳо дар арсаи ҳамлу нақли бор ва транзит даъват кард.

Ӯ хост, ки кишварҳои минтақа барои ҳамгироии бештари иқтисодӣ, “ҳаракати озоди мол ва хизматрасониро” таъмин кунанд.

Тоҷикистону Туркманистон аз ҷумлаи ду кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд, ки дар равобиташон мушкилот аҳёнан пеш омадааст. То кунун байни ду кишвар бештар аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, вале тиҷораташон ночиз аст. Соли 2017 гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон камтар аз 40 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG