Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз ҳамлаи бесарнишинҳо ба Харков хабар дод


19 май, канораҳои Харкив
19 май, канораҳои Харкив

Украина гуфт, ки субҳи 20-уми май 29 ҳамлаи бесарнишинҳои навъи “Шаҳид”-ро, ки Русия ба самти Харков фиристод, хунсо намуд.

Нирӯҳои мусаллаҳи Украина гуфтанд, ки Русия ҳамчунин як мушаки баллистикии навъи “Искандар-М”-ро партоб кард, вале маълум нест оё аз таркиши он пешгирӣ шуд ё на.

Артиш гуфт, ки дронҳо дар фазои Одесса, Миколаев, Полтава ва Лвив хунсо карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки як рӯз пеш дар паи ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар вилояти Харкив 11 нафар кушта шуд. Мақомот мегӯянд, Русия ҳамлаҳоро афзоиш медиҳад. Олеҳ Синеҳубов, волии Харкив гуфт, рӯзи 19 май дар шаҳри Купянск панҷ нафар куштаву нӯҳ нафар захмӣ шуданд. Ҳамаи онҳо афроди солхӯрда буданд. Нирӯҳои Русия инчунин дар наздикии Харков ба як фароғатгоҳе зарба заданд, ки дар натиҷаи он, шаш нафар куштаву 27 кас захмӣ гардид. Дар ин бора додситонии кулл изҳорот додааст. Артиши Украина дар талоши ҷилавгирӣ аз пешрафти артиши Русия дар минтақаи Харков мебошад.

Дар ҳамин ҳол, вазорати дифои Русия гуфт, ки чандин минтақа, аз ҷумла, нимҷазираи ишғолшудаи Қрим рӯзи 19 май таҳти ҳамлаи дрон ва мушак қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG