Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошт ва латту кӯби нафарони норозӣ аз ислоҳоти нафақа


Пулиси Русия рӯзи 9-уми сентябр даҳҳо нафари норозӣ аз ислоҳоти низоми нафақаро дар он кишвар дастгир ваё дар маҳалли гирдиҳамоӣ латту кӯб кардааст. Аз боздошти пирону занон ва ҳатто кӯдакон гузориш мешавад.

Рӯзи якшанбе дар баъзе аз шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург зидди ислоҳоти низоми нафақа тазоҳуроти густарда баргузор шуд. Дар гирдиҳамоии Маскав миёни норозиён ва нирӯҳои пулис задухӯрд ба амал омад. Маъмурони пулис алайҳи фаъолон аз зӯр истифода карданд. Тазоҳургарон аз майдони Пушкин ба сӯи Кремл равон буданд.

Чунин вазъ дар майдони ба номи Ленини шаҳри Санкт-Петербург, маҳалли гирдиҳамоии норозиёни ислоҳоти низоми нафақа, низ мушоҳида шудааст. Маъмурони пулис тазоҳургаронро ба шиддат латту кӯб кардаанд.

Бино ба гузоришҳо, нирӯҳои ОМОН маҳалли гирдиҳамоиро дар майдони ба номи Ленин муҳосира карда, як марди бознишастаро латту кӯб намудаанд. Ин мард дар вазъияти бад қарор гирифта, танҳо бо гузашти чанд вақт барояш ёрии тиббӣ расонда шуд.

Сомонаи "Медиазона" дар шабакаи "Телеграм" видеоеро нашр кард, ки дар он дида мешавад чӣ гуна ду корманди пулис тазоҳургаронро мезананд.

Бино ба хабари "Фонтанка", дар тазоҳурот тақрибан 500 нафар боздошт шудааст.

Тазоҳуроти зидди ислоҳоти низоми нафақа дар даҳҳо шаҳри Русия давом дорад. ​

Миёнаҳои моҳи июни имсол Думаи давлатӣ тарҳи қонуни ислоҳот дар бораи тадриҷан боло бурдани синни бознишастагиро дар хониши аввал қабул кард, ки синни нафақаро барои мардҳо 65 ва барои занҳо 63-солагӣ муайян карда буд. Тарҳи қонун боиси нигаронӣ ва норизоияти шадиди мардум шуд, ки бе ин ҳам дар чаҳор соли охир дар шароити болоравии нархҳову кам шудани даромади моҳона ранҷ мекашанд.

Президент Владимир Путин ду ҳафта қабл ба гузашт роҳ дод ва дар як муроҷиати телевизиониаш ба мардум гуфт, занҳо метавонанд дар синни 60, на 63-солагӣ ба нафақа бароянд. Вале ин ҳолат ҳам мояи норизоияти мардумро кам накард. Бунгоҳҳои омӯзиши афкори умум гуфтанд, ки маъруфияти Путин баъди ин ташаббуси баҳсбарангез коҳиш ёфт.

Дар пурсиши афкори умуми маркази “Левада” 77 дарсади пурсидашудаҳо гуфта буданд, ки агар дар Русия рӯзи 9-уми сентябр раъйгирии умумӣ дар мавзӯи синни нафақа барпо шавад, онҳо барои ҳифзи қонуни амалкунанда овоз медиҳанд. Танҳо 10 дар сад гуфтаанд, ки ҷонибдори қабули қонуни нав ҳастанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар давоми 18 соли раҳбарии Путин қонуни нафақа яке аз тарҳҳои бисёр номаъруф гардид, ки ҳатто ҷонибдорони содиқи президентро ҳам ноумед мекунад. Даромади мардум дар чанд соли охир ду-се баробар коҳиш ёфта, арзиши молу маҳсулот ва хадамот, аз ҷумла хонапулӣ ҳамин қадар афзоиш ёфт. Эҳсоси ноқаноатмандӣ аз ҳукумат бештар мешавад ва дар гумон аст, ки як гузашти нисбии Путин дар масъалаи синни нафақаи бонувон дар қонуни нав битавонад фикри мардумро дигар кунад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG