Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафақа аз ҳисоби... писари муҳоҷир. ВИДЕО


“Нафақаи баланд мехоҳед, пас дар муддати кор дар фонди нафақа маблағи зиёдтар захира кунед.” Чунин аст, посухи масъулини Оҷонсии нафақа ба интиқодҳо дар бораи онки чаро ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон ночиз аст.

Ба ман ҳам пешниҳод шуда буд, ки шаҳрвандии Русияро бигирам ва аз ин ҳисоб нафақаам зиёд шавад. Ман инро рад кардам, аммо ба Владимир Путин ду маротиба мактуб навиштам, ки ҳамчун меросбари Шӯравӣ нафақаи 9 ҳазор иштирокчии ҷанги Афғонистонро ба уҳда гирад

Масъулини ин ниҳод мегӯяд, минбаъд ҳақи бознишастагӣ танҳо дар асоси маблағҳои ҷамъшуда дар суратҳисоби коргар таъин мешавад. Аммо пурсиши аслии шаҳрвандон ин аст, ки вақте маошашон барои рӯзгузаронӣ кифоят намекунад, онҳо кадом маблағро барои нафақаи худ захира кунанд?

“169 сомонӣ магар айб нест”

Мадина Азизова 54 сол дошта, соли гузашта ба нафақа баромад. Мегӯяд, заҳматҳои 26-солаи ӯро дар ниҳоят ба 169 сомонӣ қадр карданд. Ин сокини ноҳияи Фархор нафақаашро ба ҳадде ночиз мехонад, ки ҳатто барои роҳпулиаш намерасад.

“Қариб 30 сол дар замин кор кардем, умед доштем, акнун бароҳат давраи пирӣ меронем. 169 сомонӣ нафақа медиҳанд, айб нест магар? Барои як халта орд мерасад, тамом. Ба ин синну сол маҷбурам ҳоло ҳам кор кунам. Аз аввал камбағал будем, камбағал аз дунё меравем.”

Мадина Азизова ҳоло ба қавли худаш “дуои ҷон”-и шавҳари муаллим ва писари муҳоҷирашро мекунад, ки рӯзғори ӯро таъмин мекунанд. Ин сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, барояш ҳатто тасаввур кардан мушкил аст, ки танҳо бо нафақа зиндагии ӯ чигуна мегузарад.

“Нафақаи кабинетшинон аз мани ҷангдида болотар аст”

Мадина Азизова танҳо нест ва зиёданд нафароне, ки баъди солҳо заҳмат нафақаашонро ночиз медонанд.

Абдумудассир Аҳмадзода ҳам аз ҷумла онҳоест, ки нафақаашро ночиз ва низоми нафақаи Тоҷикистонро “системаи беадолат” меҳисобад.

Аҳмадзода афзуд, солҳо дар Афғонистон ҷангид, аммо дар ниҳоят на ӯ, балки “кабинетшинон” аз ӯ нафақаи бештарро соҳиб шуданд.

“680 сомонӣ нафақа мегирам ва он хароҷоти як гӯшаи зиндагиро ҳам намегирад. Қариб 40 сол таҷрибаи корӣ дорам. Одамоне, ки як умр дар курсӣ нишаста ҷангро надидаанд, аз ман зиёдтар нафақа мегиранд. Дар низоми нафақаи Тоҷикистон ба одам на аз рӯи хизматҳои воқеӣ, балки аз рӯзи дигар категорияҳо баҳо медиҳанд,” - афзуд ӯ.

Нафақаи бознишастагӣ аз ҳисоби... писари муҳоҷир
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Аҳмадзода 64 сол дошта мегӯяд, бо ин синну сол маҷбур аст ҳоло ҳам кор кунад. Чун фарзандаш донишҷӯ аст ва нафақаи мегирифтааш ба харҷҳои зиндагиаш кифоят намекунад. Ҳамсуҳбати мо афзуд, барояш аламовар аст, ки ҳаққи бознишастагии ҳамяроқони ӯ дар Русия чанд баробар аз ӯ бештар аст.

“Ба ман ҳам пешниҳод шуда буд, ки шаҳрвандии Русияро бигирам ва аз ин ҳисоб нафақаам зиёд шавад. Ман инро рад кардам, аммо ба Владимир Путин ду маротиба мактуб навиштам, ки ҳамчун меросбари Шӯравӣ нафақаи 9 ҳазор иштирокчии ҷанги Афғонистонро ба уҳда гирад”, - гуфт Аҳмадзода. Вале аз Русия хабаре нашуд.

Ин дар ҳолест, ки бархе нафақахӯрони тоҷики норозӣ аз ҳаҷми пули моҳонаашон талош мекунанд дар сари пирӣ шаҳрвандии Русияро бигиранд, то ба хотири корашон дар давлати шӯравӣ ҳаққи бознишастагиашон дар Тоҷикистон болотар шавад. Як афсари собиқи полиси Тоҷикистон гуфт, ки маҳз ба хотири нафақаи беҳтар соли ҷорӣ ҳамроҳ бо ҳамаи аъзои оилааш шаҳрвандии Русияро гирифт ва мизон нафақааш аз ин ҳисоб панҷ баробар бештар шуд.

“Барои фарзандам либос харам ё барои нафақа ҷамъ кунам?”

Назокат Одиназода, муовини аввали раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯзи 24 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ҳар шаҳрванд барои фардо бояд замина гузорад. Хонум Одиназода қонуни нафақаи Тоҷикистонро “боадолат” номид ва гуфт бар асоси он шахс дар давраи пиронсолӣ аз маҳсули меҳнати худ баҳра мегирад.

Дар ҳамин ҳол қисми аъзами нафақахӯрони норозӣ онҳоеанд, ки аз соли 2017 ва баъди ислоҳи қонуни нафақа ба синни бознишастагӣ расиданд.

Дар соли 2017 дар Тоҷикистон қонуни нав ба иҷро даромад, ки тартиби таъини нафақаро дигар кард. То соли 2017 маоши ду соли охири корманд ҳисоб ва ба 120 моҳ тақсим мешуд ва аз рӯи он нафақаро таъин мекарданд.

Аммо тибқи қонуни нав, маблағҳое, ки корманд дар тӯли тамоми фаъолияташ аз маош ба фонди нафақа фиристодаст, ҳисобӣ шуда, ба 180 моҳ тақсим карда мешавад. Дар натиҷа нафақаи бисёре аз бознишастагоне, ки дар соли ҷорӣ бо қонуни нав ба нафақа баромаданд аз пешиниён камтар аст.

Баъд аз ин масъулин барои нафақаҳои ночиз худи шаҳрвандонро гунаҳкор медонанд, ки давоми фаъолияти корӣ дар фонди нафақа маблағи камтар ҷамъ кардаанд. Аммо сокинон мегӯянд, дар ҳоле, ки даромадашон барои зиндагӣ намерасад, кадом маблағро барои оянда захира кунанд?

Аз ҷумла Абдулқосим Исоев, як сокини 36-солаи вилояти Суғд мегӯяд, се фарзанд дошта дар як моҳ 1500 сомонӣ маош мегирад.

Исоев афзуд, “маошам барои зиндагӣ намерасад, маҷбурам баъди соати корӣ таксронӣ кунам. Дар ҷойи кор ҳам маҷлис карда гуфтанд, ки дар фонди нафақа маблағи зиёдтар ҷамъ кунед, дар оянда нафақаи хуб мегиред. Аммо кадом маблағ, канӣ ҳамон пул? Ман барои фарзандам либос харам, ё барои нафақа маблағ ҷамъ кунам?”

Абдулқосим Исоев ҳамчунин гуфт, умеди аслии ӯ дар пиронсолӣ бештар ба фарзандонаш аст, ки дасти ӯро мегирад. Андешае, ки бар асоси суннатҳои ҷории Тоҷикистон дар зеҳни аксарият ҷой гирифтааст.

“Умеди аслӣ: Нафақа 15 фоиз зиёд мешавад”

Таҳлилгарон низоми баршумурдан ва таъини нафақа дар Тоҷикистонро барои шароити кишвар номуносиб медоданд. Зеро, ба қавли онҳо, ин низом барои кишварҳои пешрафта таҳия шудааст, ки сокинонаш маоши калон дарёфт мекунанд ва замони фаъолият имкони пардохтҳои бузурги иҷтимоӣ доранд.

Як коршиноси масоили иқтисодӣ гуфт, натиҷаи ислоҳоти мутахассисон начандон дурбинона аст. Чун, ба гуфтаи ӯ, беҳтар буд, ки дар ин раванди ислоҳот ба стратегияи дурнамои рушди миллии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 такя мекарданд, ки дар онҷо ҳамаи ин бараъло нишон дода шудааст.

Яъне, вобаста ба инфлятсияи солонае, ки дар Тоҷикистон пеш меояд, нафақаи мардум ҳам бояд боло равад.

Феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 679 ҳазор нафар нафақагир ҳастанд ва ҳаҷми миёнаи нафақа 257 сомонӣ ва ё 28 доллари амрикоӣ аст. Ин нишондод дар қаламрави Шӯравии собиқ пасттарин мебошад.

Бо ин ҳама масъулини Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа рӯзи 24 июл хабар доданд, ки сар аз 1 сентябр ҳаҷми нафақа дар Тоҷикистон 15 дарсад афзоиш меёбад. Хабаре, ки бархе нафақагиронро умедвор кардааст.

XS
SM
MD
LG