Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи "Ҳамос" ба оташбас дар Ғазза розӣ шудааст


Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи шашуми май ба оташбас дар Ғазза розӣ шудааст. Дар ин бора Би-би-сӣ бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад.

Роҳбари сиёсии "Ҳамос" Исмоил Ҳания дар бораи розӣ шудан ба оташбас тавассути телефон ба сарвазири Қатар ва роҳбари иктишофии Миср хабар додааст. Ҷузъиёти созиш ҳанӯз ошкор нашудааст.

Доҳа ва Қоҳира барои ба созиш овардани "Ҳамос" бо Исроил миёнаравӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Исроил рӯзи 6-уми май аз фаластиниён хостаанд, бахшҳое аз шаҳри Рафаҳро холӣ кунанд.

Рафаҳ дар ҷануби Ғазза ва дар сарҳад бо Миср воқеъ аст. Ҷое, ки беш аз як миллион фаластинии овора паноҳ ёфта буданд.

Хабаргузориҳо менависанд, ин тасмим баёнгари он аст, ки "ҳамлаи заминии Исроил ба Рафаҳ наздик аст".

Исроил мегӯяд, аз оғози ҷанг дар Навори Ғазза ҳафт моҳ мегузарад ва шаҳри Рафаҳ барои ҳазорон нафар аз аъзои гуруҳи "Ҳамос" ба паноҳгоҳи амн табдил ёфтааст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гуруҳро созмони террористӣ медонанд.

Фаластиниён мегӯянд, ба воситаи паёмак, занги телефонӣ ва варақаҳо ба забони арабӣ дастур гирифтанд, ки ба "минтақаи башардӯстона", 20 километр дуртар аз ҷойи ҳозираашон дар Рафаҳ, кӯч банданд.

Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, чанд оилаи фаластинӣ зери борони сахт монданд.

XS
SM
MD
LG