Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ҳизби демократи Тоҷикистон табаддулот карданд?


Лаҳзае аз барномаи Гапи Озод
Лаҳзае аз барномаи Гапи Озод

Тағйири қонунии раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ё табаддулоти навбатӣ дар ин иттиҳодияи сиёсӣ?

Ҳизби кам ё беш фаъоли сиёсии Тоҷикистон бо ҳузураш дар порлумон кисагӣ буд ё акнун кисагӣ мешавад? Ин як талоши худҷӯши дарунии ҳизб буд ё дахолати беруна?

Ин суолҳоро дар барномаи навбатии “Гапи Озод” баррасӣ мекунем. Чаро? Чун саргузаштҳои пешинаи ин ва ҳизбҳои дигари Тоҷикистонро ба ёд меорад ва таҳлили қазия метавонад барои равандҳои ояндаи сиёсӣ арзиш дошта бошад.

11 май дар анҷумани ҳизб раиси он, узви Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор ва раиси шӯъбаи душанбегии ҳизб Шаҳбози Аброрро роҳбари ҳизб интихоб карданд.

Ҷаноби Аброр ва ширкаткунандагони анҷуман барканории раиси ҳизбро қонунӣ меноманд, аммо ҷаноби Усмонзода, ки дар ин анҷуман ширкат надошт, онро дахолати беруна ва табаддулот номида, президенти кишварро ба доварӣ дар ин масъала даъват намуд.

Дар ин сӯҳбат ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор Шокирҷон Ҳакимов ва фаъоли пешини Ҳизби демократ Темур Тошев ширкат мекунанд. Гардонандаи барнома Мирзонабӣ Холиқзод аст.

Барномаро инҷо тамошо кунед:

Дар Ҳизби демократи Тоҷикистон табаддулот карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:42:40 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG