Пайвандҳои дастрасӣ

Аз яъсу ноумедӣ то қаҳрамонӣ. Достони як варзишгари маълул


Қаҳрамон Мусобоев дар пайи фоҷеаи 14 соли пеш ҳеҷ тасаввур намекард, ки рӯзе зиндагии ӯ хушу муваффақ мешавад ва аз баландтарин минбарҳо ситоишаш мекунанд. Ӯ 27-сола буд, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия дар пайи зиндагии бебандубор дар сардиҳои шадид ду пояшро сармо зад ва табибон ҳукми сахту сангин содир карданд: ҳарду пояшро аз миён поён буриданд.

Аз беморӣ то қаҳрамонӣ

Амалиётро табибон дар Тоҷикистон анҷом доданд ва баъди ин зиндагии ин марди тоҷик комилан ранги дигар гирифт. Вале ҳоло дар 41-солагӣ гоҳҳо Қаҳрамон Мусобоев ба ин андеша меравад, ки ҳамин фоҷеа барояш оғози зиндагиву интизороти наве шуд.

Қаҳрамон мегӯяд, ҳар вақте мисли худаш маъюберо мебинад, ҳатман ӯро дилбардорӣ мекунад, то рӯҳафтода нашавад.

Қаҳрамон Мусобоев охири моҳи апрел аз мусобиқаи навбатии дастхобонӣ баргашт. Дар рақобати миёни варзишгарони маъюб, ки аз 16 то 22-уми апрел дар шаҳри Шучински Қазоқистон барпо шуд, Мусобоев дар мусобиқаи дастхобонӣ бо дасти чапаш нишони тилло ва дасти росташ нишони нуқраи мусобиқаро соҳиб шуд.

Вале то расидан ба қуллаҳои баланди варзишӣ, марҳилаи сангину пурмашаққатро пушти сар кард. Баъди ҷарроҳии сарнавиштсози буридани пойҳояш дар соли 2004 ва то машғул шудан бо варзиш, яъсу ноумедиҳо ва уфту хезҳои зиёдеро паси сар кард.

Солҳои сахти зиндагии Қаҳрамон

Ӯ ба гуфтаи дӯстонаш, аз навҷавонӣ ба варзишу тамрини бадан шавқу ҳавас дошт ва рӯди Сирро дар як рӯз чанд бор шино карда мегузашт. Аммо маъюбӣ ва ба ҳам зуд шифо наёфтани захмҳои пойҳояш, чанд сол ӯро бемори якҷонишин кард.

Қаҳрамон он солҳоро давраи аз ҳама пурмашаққати зиндагиаш меномад. Мегӯяд, маъюбии ногаҳонии писари ҷавон марги модарро ҳам наздик кард ва ниҳоят ба андешае омад, ки бояд яъсу ғамро канор гузорад ва як зиндагии одами комилро барпо кунад:

"Ду-се соли аввал, ки захми пойҳоям ба ҳам намеомад, рӯҳафтодаву хароб ва зиқ будам, дилам аз зиндагӣ монда буд. Баъд як мусобиқаи мисли худам маъюбонро дидаму ба худ гуфтам, ки ман ҳам иштирок мекунам. Чунки аз хурдӣ ба машқи бадан, шиноварӣ, вазнбардорӣ ... шавқу ҳавас дорам ва машғул будам."

Аз Тоҷикистон то мусобиқоти бонуфузи ҷаҳон

Қаҳрамон Мусобоев дар тӯли 10 соли гузашта нахуст дар мусобиқаҳои дастхобонӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ҷои аввалро ба даст оварда, сипас соли 2016 дар мусобиқаи Тошканд сазовори ҷоизаи аввал гардид.

Дар мусобиқаи ахири дастхобонии Қазоқистон, ки дар шаҳри Шучинск доир шуд, Мусобоев ба ҳарифи қазоқаш Азон Шоҳимардонов, ки 120 килограммм вазн дорад, пирӯз омад. Дар ин мусобиқа 19 варзишгари имконияташ маҳдуди тоҷик ширкат карданд ва дар маҷмӯъ байни варзишгарони 12 кишвар, мисли Чину Ҳинду Ҷопону Кореяи Ҷанубиву Муғулистон, сазовори ҷои 3-юм гардиданд.

Акмал Қодиров, қаҳрамони ҷаҳон оид ба дастхобонӣ ва соҳиби ҷоизаи 3-и паралимпиадаи Сочии Русия аз Қазоқистон бо 2 нишони тилло баргашт. Зимнан, Қаҳрамон Мусобоевро Қодиров тамрин медиҳад ва аз соли 2014 дарси маҳорати дастхобонӣ меомӯзад.

"Бовар кунед, ин ҳайратовар аст"

Зокир Комилов, сармураббии дастаи армреслинг ва раиси Федератсияи варзиши варзишгарони имконияташон маҳдуди Суғд мегӯяд, баъди аз сар гузаронидани он ҳама мушкилиҳо, рӯҳи Қаҳрамонро нашикаст ва рӯҳан солим монд. "Кор ва машқ мекунад ва парчами Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷӣ боло мекунад. Бовар кунед, ин ҳайратовар аст. Ва як намуна барои афроди маъюб аст, ки рӯҳафтода шудан лозим нест ва барои ёфтани ҷойгоҳ ва мавқеи худ дар зиндагӣ бояд талошу мубориза кард."

Як мақсади дигари Қаҳрамон ин аст, ки худро дар шиноварӣ бисанҷад ва бо ин навъи варзиш ҷиддан машғул шавад, то дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҳам иштирок кунад. Охири моҳи августи ҳамин сол дар Ҷакартаи Индонезӣ Бозиҳои Осиёӣ барои раҳ ёфтан ба Олимпидаи 2020-и Ҷопон доир мегардад. Орзуи баланди Қаҳрамон -- ширкат дар бозиҳои паралимпӣ аст, ки Тоҷикистон маъмулан дар онҳо ҷойҳои баланд ишғол намекунад.

Қаҳрамон чархи зиндагиашро худ мечархонад

Барои тамрину харҷҳои варзишии Қаҳрамон раиси вилояти Суғд кӯмак мекунад. Ба ӯ стипендия, тамрингоҳ, харҷи сафарҳои мусобиқаҳои варзишӣ пардохт мешавад.

Қаҳрамон Мусобоев мегӯяд, ба ҷуз ин давлат ба онҳо нафақаи маъюбӣ медиҳад. Худи ӯ 400 сомонӣ нафақа мегирад. Ин барои таъмини аҳли оилааш, иборат аз ӯву ҳамсар ва ду кӯдакаш, кофӣ нест ва Қаҳрамону ҳамсараш, ки дӯзанда аст, кор мекунанд. Қаҳрамон қаблан дар ширкатҳои сохтмон ва ордбарорӣ ба ҳайси қабулкунандаи фармоиш кор карда, ҳоло ба худ кори дигар меҷӯяд.

Қаҳрамон мегӯяд, ҳар вақте мисли худаш маъюберо мебинад, ҳатман ӯро дилбардорӣ мекунад, то рӯҳафтода нашавад. "Мегӯям, ки биё, ҳамроҳи мо варзиш кун. Агар дар мусобиқаҳо нишони тилло ба даст наорӣ ҳам, фикрҳои бадро аз сарат дур, зиндагиатро рангинтар ва саломатитро беҳтар мекунӣ. Ин худ дастоварди аз ҳама бузург аст",-афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG