Баъди ислоҳоти бознишастагӣ занҳо метавонанд дар синни 60, на 63-солагӣ, ки дар пешниҳоди қаблии ҳукумат буд, ба нафақа бароянд. Ин пешниҳодро президенти Русия Владимир Путин рӯзи чоршанбе дар муроҷиати телевизионӣ ба мардуми кишвараш эълон кард.
Мардҳо дар синни 65 бознишаста мешаванд. Ҳоло синни бознишастагӣ барои мардҳо 60 ва барои занҳо 55 аст.
Путин ҳамчунин пешниҳод кард, ки ислоҳот ҳуқуқи модарони серфарзандро барои нафақаи барвақтӣ дар назар бигирад ва барои аз кор рондани афроди синни нафақа масъулият таъин кунад.
Тарҳи қонуни ислоҳоти баҳсбарангез дар моҳҳои ахир боиси норозигии мардум ва эътирозҳо дар чандин шаҳри Русия шуд. Бунгоҳҳои омузиши афкори омма дар ин робита аз коҳиши маъруфияти Путин хабар доданд. Ҳафтаи гузашта Кремл гуфт, ки эҳтимол Путин ислоҳотро нармтар мекунад ва синни бознишастагиро то 60 барои занон ва 63 барои мардон поён мебарад.
Миёнаҳои моҳи июн Думаи давлатӣ тарҳи қонуни ислоҳот, дар бораи тадриҷан боло бурдани синни бознишастагиро дар хониши аввал қабул кард, ки синни нафақаро барои мардҳо 65 ва барои занҳо 63 солагӣ муаян карда буд.