Ин сафар бо даъвати Путин анҷом шуда, ҳадаф аз он ширкат дар гузашти низомии бахшида ба иди Ғалаба аст. Мақомоти Тоҷикистон расман дар ин бора хабар надодаанд.
Рӯзи 3-юми май Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва маъракаи башида ба Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард. Ҷузъиёти бештари сафар ҳанӯз маълум нест.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар шароите баргузор мешавад, ки садҳо муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои Русия дармондаанд ва наметавонанд вориди он кишвар шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостаанд, муваққатан ба Русия нараванд.