Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шумо беҳтар аз чиниҳоед" Муҳоҷирони тоҷик – дар рустоҳои "мурда"-и Русия


Нозим Солиев дар мактаби деҳаи Рождественои вилояти Твер ба ҳайси аловмон кор мекунад

Нозим Солиев – муҳоҷири 35-солаи тоҷик – дар 200-километрии шимоли ғарби Маскав, дар рустои Рождественои вилояти Твер, кор карда, ҳар моҳ 250 доллар ба даст меорад. Ӯ бовар дорад, ки ҳузураш дар Русия бештар ба нафъи он кишвар аст.

Дар даҳ соли оянда деҳа ё гум мешавад ё хориҷӣ хоҳад шуд

“Раиси собиқам ба ман гуфта буд, ки Шумо беҳтар аз чиниҳо ҳастед”, - ба ёд овард Нозим Солиев. “Шумо” ишора ба Нозим Солиев ва 46 хонаводаест, ки солҳои охир аз Тоҷикистон ба онҷо кӯчида, аҳолии Рождественоро тақрибан 200 нафар бештар кардаанд.

Солиев озодона бо русӣ гап мезанад ва пайваста аз рубоиёти Умари Хайём, шоир ва мутафаккири форс, иқтибос меорад. Ӯ дар мактаби деҳа ба ҳайси "аловмон" фаъолият дорад ва мегӯяд, даромадаш ду баробар аз ҳадди миёнаи маош дар Тоҷикистон бештар аст.

Мӯйҳои сиёҳ ва доманҳои дароз

Ниме аз донишомӯзони мактабе, ки Нозим Солиев дар онҷо кор мекунад, бачаҳои сиёҳмӯи муҳоҷиронанд. Ҳамсаронашон низ бо доманҳои дароз ва рӯсарӣ аз назди дӯкони воқеъ дар паҳлӯи ибодатгоҳи православӣ маҳсулоти хӯрокворӣ мехаранд.

Занони тоҷик бо кӯдакони худ дар наздикии калисои православӣ дар Рождествено
Занони тоҷик бо кӯдакони худ дар наздикии калисои православӣ дар Рождествено

Ҳузури Нозим Солиев ва миллионҳо муҳоҷири дигари мусалмон аз Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳо ва деҳоти Русия ин фикрро ба вуҷуд овардааст, ки дар сад соли дигар тағйири фавқулодаи таркиби ақаллиятҳо дар ин кишвар мушоҳида хоҳад шуд. Ва бархе аз сокинони Рождествено ва деҳаҳои наздики он ҳам бо нороҳатӣ дар бораи муҳоҷирон ва ояндаи номушаххас суҳбат мекунанд.

"Дар даҳ соли оянда деҳа ё гум мешавад ё хориҷӣ хоҳад шуд”, - мегӯяд нафақахӯр Виктор Ерофеевич. Вай дар деҳаи Бортниково, дар ҳамсоягии Рождествено, ба сар мебарад. Дар ин деҳа танҳо дар 12 манзил одамон доимӣ зиндагӣ мекунанду бас.

Ибодатгоҳи ортодокс дар муқобили мусалмонҳо

Назарпурсиҳо низ баёнгари онанд, ки беш аз 142 миллион аҳолии Русия аз мавҷи муҳоҷирон нигаронанд. Одамоне, ки ба гуфтаи онҳо ташнаи ҷои коранд ва омори демографии кишварро низ ба нафъи худ тағйир хоҳанд дод.

Вячеслав Поставнин, муовини собиқи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ва ҳоло раҳбари "Бунёди муҳоҷирати асри 21", як созмони таҳлилӣ дар Маскав, ин вазъро бо таҳоҷуми муғулҳо дар асри 13 муқоиса кард. “Охирин кор ин аст, ки ҳарчи зудтар калисоҳои ортодокс сохта шавад, то бовари сокинони маҳаллӣ ба фарҳанг ва дини муҳоҷирон коста гардад", - гуфт Поставнин. Вай бовар дорад, шумори тарафдорони дини ислом дар Русия "рӯ ба рушд аст".

Бино ба пурсиши ВЦИОМ, ки соли гузашта анҷом шуд, иддае аз сокинони Русия хостори маҳдуд шудани вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар шуда, бархеи дигар гуфтаанд, ки муҳоҷирон бояд дар минтақаҳои махсус кору зиндагӣ кунанд. Дар ҳамин ҳол, маркази мустақили назарсанҷии "Левада" мегӯяд, ҳар сокини чаҳоруми Русия нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эҳсоси «хашму ғазаб ва тарс» дорад.

Хулосаи чаҳоряк асри баъди Шӯравӣ

Дар ҳоле ки бознишастаҳо дар ноҳияи Рождествено маҷбур ҳастанд ба пули ночизи нафақа қаноат варзанд, бисёре аз ҷавонҳо аз ҳисоби ҷамъоварии картошка ва занбурӯғу тут мехоҳанд даромади бештар бигиранд. Онҳо ҳар чизеро ки ҷамъ кардаанд, ба мусофирон ва ҳамсояҳои тавонманди худ, ки аксаран дар тобистон аз шаҳрҳои бузург меоянд, мефурӯшанд.

"Ман метавонам занбурӯғ фурӯшам. Боз чӣ гуна пул кор кунам?" - мегӯяд Владимир, як сокини бекори рустои Нестерово. Ӯ бо либоси равғанолуд дар роҳи хокӣ истода, чаҳоряк асри баъди фурӯпошии Шӯравиро хулоса мекунад.

Владимир, як сокини бекори рустои Нестерово
Владимир, як сокини бекори рустои Нестерово

"Тамоми фермаҳо аз байн бурда шудаанд", гуфт ӯ ва афзуд, "ҳар як зани пиронсол дар инҷо гову гӯфсанд дошт. Ҳоло ҳеч кас чизе надорад. Ҳатто чӯчаҳо гум шудаанд."

"Тоҷикон аз кор наметарсанд"

Аксарияти хонаводаҳое, ки аз Тоҷикистон ба Рождествено кӯча бастаанд, аз вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҳастанд. Мақомот мегӯянд, тоҷикҳо хеле барвақт ва муштоқона худро ба муҳоҷирати корӣ ба Русияи пас аз Шӯравӣ заданд ва ҳоло садҳо ҳазор нафари онҳо шаҳрвандии ин кишварро гирифтаанд.

Аз наврас то марди чиҳилсолаи тоҷик дар атрофи Рождествено ҳамагуна имконияти корро истифода мекунанд. Онҳо дар ҷамъоварии занбурӯғ ва навъҳои гуногуни тут бо мардуми маҳаллӣ рақобат карда, инчунин дар фермаву сохтмонҳо ва мошину мусофирбарҳо фаъолият доранд. Шаҳрдор Кирданов мегӯяд, "онҳо аз кор наметарсанд ва ин тафовути мусбаташон аз сокинони муқимӣ аст."

Манзили вайронае дар Рождествено, Твер
Манзили вайронае дар Рождествено, Твер

Ҳалли мухолифатҳо бо усули «пирон»

Пайравшо дар Твер кор мекунад ва ҳамагуна ихтилофи миёни тоҷикон ва сокинони маҳаллиро бо истифода аз таҷрубаи «пирон» ҳал менамояд. "Агар ягон нофаҳмӣ шуд, ба назди ман меоянд. Ва мо дарҳол ҳаллу фасл мекунем", - мегӯяд ин падари соҳиби ду фарзанд.

Дар Рождествено аксарият, бо шумули тоҷикон, соҳиби шиносномаи сурхи русӣ ҳастанд. Аммо Пайравшо аз баҳс дар бораи андешаҳои сиёсиашон худдорӣ мекунад. Танҳо мегӯяд, ки "дар ҳар интихобот иштирок мекунанд".

Мансур Мировалев

(Матн бо ихтисор чоп шудааст)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG