Пайвандҳои дастрасӣ

"Футбол"-и муҳоҷирон пеш аз Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия


Дар 11 шаҳри Русия, ки имсол мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018 хоҳанд буд, аз ҳоло аз ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор худдорӣ мекунанд. Ҷоми ҷаҳонии футбол аз 14-уми июн то 15-уми июли имсол дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Калининград, Нижний Новгород, Қазон, Самара, Саранск, Волгоград, Ростов лаби Дон, Сочи ва Екатеринбург баргузор хоҳад шуд.

Ба ман гуфтанд, ки баъди бозӣ биё. Пул сарф карда омадам, намедонам, чӣ кор кунам

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, барои дарёфти иҷозаи кор ва сабтином дар ин шаҳрҳои Русия дучори мушкил шудаанд. Корфармоёну мақомот ҳалли ин масъаларо пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол ваъда кардаанд.

"Кор мехоҳӣ? Пас аз футбол биё"

Таманно Мирзоева, сокини 33-солаи Тоҷикистон, ду ҳафта қабл барои кор ба шаҳри Екатеринбурги Русия рафт. Екатеринбург аз ҷумлаи 11 шаҳри мизбони бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 дар Русия аст. Таманно мегӯяд, корфармо барояш фаҳмондааст, ки то анҷоми бозиҳои футбол имкони ба кор гирифтани ӯро надорад.

Таманно Мирзоева
Таманно Мирзоева

“Ширкатҳо дарди сар намехоҳанд. Аз тафтиши зиёди пеш аз бозиҳо хаста шудаанд. Агар як ҳуҷҷати коргар хато бошад, ҷарима мешаванд. Барои ҳамин, эҳтиёт мекунанд. Ба ман гуфтанд, ки баъди бозӣ биё. Пул сарф карда омадам, намедонам, чӣ кор кунам”, - гуфт ӯ рӯзи 5-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ин духтари тоҷик мегӯяд, ҳоло маҷбур аст, дубора ба Тоҷикистон баргардад ваё то анҷоми бозиҳо аз хонаи иҷорааш берун набарояд. Таманно тасмиме гирифтааст, ки ҷамъияти тоҷикон дар Екатеринбург ба он мувофиқ нест.

Ҷамъияти тоҷикон: “Беҳтараш дарди сар нахаред”

Ҷамъияти тоҷикон дар Екатеринбург ба муҳоҷирон тавсия додааст, ки бе санади дуруст ва ҷойи кори дақиқ ба ин шаҳр сафар накунанд. Дар сурати ҳузур дар ин шаҳр низ агар ҳуҷҷатҳояшон дуруст набошад, ҷамъият тавсия медиҳад, шаҳрро тарк кунанд.

Фаррух Мирзоев
Фаррух Мирзоев

Фаррух Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикон дар шаҳри Екатеринбург, рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрдорӣ дар як ҷаласа эълон кард, ба муҳоҷироне, ки санадҳояшон дуруст нест, имкону муҳлати тарки шаҳрро медиҳанд. Ин мӯҳлат то миёнаҳои моҳи май давом мекунад. “Даъвати мо аз муҳоҷирон ба фоидаи худи онҳост. Агар сабтином накунанд, маҷбур аз Русия ихроҷ мешаванд. Дар ин муддат вазъият ҳассос аст. Ҳадафи мо ин аст, ки шаҳрвандон ихроҷ нашаванд ва аз нони даҳонашон намонанд”, - афзуд ӯ.

“Аз ҳоло “футбол”-и мо сар шудааст”

Муҳоҷироне, ки дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербургу Екатеринбург, Қазон, Калининграду Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Волгоград, Саранск ва Сочи кору зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ҳоло бо оддитарин баҳона муҳоҷирро ихроҷ мекунанд. Мансури Ашраф, як муҳоҷири 24-солаи тоҷик рӯзи 5-уми апрел аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳатто талаффузи хатои номи кӯча ё маҳалли зист боис ба ихроҷи муҳоҷирон мешавад.

Мақомоти Русияро дарк мекунем. Онҳо мехоҳанд, ки дар ҷараёни бозиҳо ягон ҳодисаи нохуш рух надиҳад.

Ӯ гуфт, се дӯсташро рӯзи 26-уми март ба далели инки маҳаллаи “Кубинская”-ро “Кубанская” талаффуз карданд, ихроҷ намудаанд. “Пеш аз бозии футбол “футбол”-и мо сар шудааст. Дар таҳияи ҳуҷҷат аз ин идора ба он идора медавонанд. Дуруст кардани ҳуҷҷат ва гузаштан аз сарҳад ва сабтиноми дубора мушкил шудааст. Дар ҳамин шабу рӯз ба дасти пулис афтодӣ, тамом. Кам иттифоқ меафтад, ки муҳоҷир бе мушкил аз дасти пулис раҳо шавад”, - гуфт ӯ.

“Русия мехоҳад, бозиҳо ором гузаранд”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи мақомоти Русияро дарк мекунанд, ки ба хотири таъмини амният тадбирҳои ҷиддӣ меандешанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон муҳоҷирон бояд аз эҳтиёт кор бигиранд.

Иброҳим Аҳмадӣ
Иброҳим Аҳмадӣ

“Мақомоти Русияро дарк мекунем, ки мехоҳанд, дар ҷараёни бозиҳо ягон ҳодисаи нохуш рух надиҳад. Барои ҳамин, пеш аз бозӣ ва дар давоми бозӣ тафтишу санҷиш шадидтар мешавад. Муҳоҷирон ҳам бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Тамоми чораҳои огоҳкуниро истифода мекунем, ки роҳҳои қонунии кору зиндагӣ дар ҳамин вазъиятро фаҳмонем”, - гуфт ӯ.

Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон расман аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз 25-уми май то 25-уми июли имсол аз сафар ба 11 шаҳру вилояти Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Ё агар кори муҳиме доранд, масъалаи сабтином ё ба қайдгузории худро аз қабл тарҳрезӣ намоянд. Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, қабл аз бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол шароити кору зиндагии муҳоҷирон мушкилтар шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG