Пайвандҳои дастрасӣ

Аз замоне, ки иқтисоди Русия дар пайи ишғоли Қрим ва таҳримҳои байналмилалӣ рӯ ба коҳиш овард, оилаҳои муҳоҷирон дар Тоҷикистон ба истилоҳ миёнҳоро маҳкам бастанд ва ба хотири рӯзҳои беҳтар харҷҳои худро хоксорона карданд.

Иқтисоди Тоҷикистон ба маблағҳои муҳоҷирон сахт вобаста аст ва коҳиши иқтисоди Русия мақолеро воқеӣ кард, ки “Маскав, ки атса зад, ба маъноест, Душанбе ҳам шамол хӯрдааст”.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ бо чанд оилаи муҳоҷирони корӣ сӯҳбат карданд, то бубинанд, ки сохтори харҷҳои иқтисодии онҳо дар ду соли ахир чӣ қадар тағйир ёфтааст.

Куртаи кӯҳнаи Маърифат ҳам нав нашуд

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ оиди Тоҷикистон таҳти унвони “Коҳиши рушд ва номуайянии афзоянда” дар соли 2015 пешгӯӣ мешуд, ки хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷик маҷбуранд харҷҳояшонро кам кунанд, зеро интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш меёбад.

Хабарнигорон дар ҳоле ба дидори Маърифат омаданд, ки ӯ баъди иштирок дар ҷашни хурде аз хонаи хешаш берун меомад. Занҳои тоҷик маъмулан либосҳои рангноранг ва дурахшонро дӯст медоранд ва мехоҳанд дар ҳар ҷашну маросим бо либоси нав зоҳир шаванд, вале либоси Маърифат барои ҷашн бисёр хоксорона ва маълум буд, ки хонавода дар “режими иқтисод” зиндагӣ мекунад.

Ду бародари Маърифат 8 сол пеш дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтанд. Бародари бузургаш асосан дар бозор кор мекунад, бародари хурдӣ дар сохтмон. Онҳо пули бисёр хуб ба даст меоварданд ва зиндагии тамоми авлодро таъмин мекарданд. Аммо ду соли ахир интиқоли пули бародарон ба ҳади аққал расид. Онҳо мегӯянд, ки худашон дар Русия ба сахтӣ рӯз мебаранд, пули хонаи иҷораро базӯр пайдо мекунанд ва бахши умдаи даромадашон ба пардохти патенту санадҳои дигар сарф мешавад.

“Бародаронам шикоят мекунанд, ки онҳоро дар Русия бисёр вақт “кидат” мекунанд - яъне кор мефармоянд, вале пулашонро намедиҳанд, - мегӯяд бо алам Маърифат ва меафзояд, - баъзе шиносҳо нақл мекунанд ва ман худам ҳам мебинам, бисёр мардҳо аз Русия маризу бемадор бармегарданд, ҳама аз шароити кор шикоят мекунанд, баъзеҳош барои баргаштан ба ватан пул намеёбанд”.

Хонаводаҳои муҳоҷирон чӣ рӯзгоре доранд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:04:49 0:00

Маърифат мегӯяд, ки ду бародари ӯ дар моҳҳои ахир ба хонавода танҳо 500-800 сомонӣ фиристоданд, ки танҳо барои харидории орду равған сарф шуд. Маърифат се кӯдаки бародаронашро нигоҳубин мекунад. Ҳоло онҳо бисёр зиндагии хоксорона доранд ва кӯшиш мекунанд тангаеро беҳуда харҷ накунанд. Агар дар гузашта як миқдор пул пасандоз мекарданд, акнун он рӯзҳои хуб фаромӯш шудаанд.

Боми хонаи писари Дӯстмурод мунтазири маблағгузорӣ аст

Дӯстмурод Ёрматов дар ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад. Писари ӯ ҳамагӣ чанд моҳ пеш барои мардикорӣ ба Русия рафт. Ӯ дар гузашта ҳам дар Русия кор мекард, аммо баъди сар задани бӯҳрони иқтисодӣ дар он кишвар маҷбур шуд ба ватан баргардад.

Азбаски дар Тоҷикистон ҷои кор ва шарити пулёбӣ нест, писари Ёрматов дубора барои мардикорӣ ба Русия баргашт. “Шукри Худо, то ҳол кораш омад кард ва ӯ ба хона 15 ҳазор рубли русӣ фиристод”, мегӯяд Дустмурод Ёрматов.

Ин маблағ албатта дар муқоиса бо 25-35 ҳазор рубл, ки ӯ то замони мухолифати Русияву Ғарб ва таҳримҳо ба Тоҷикистон мефиристод, зиёд нест. Аммо боз ҳам метавонад зиндагии хонаводаашро каму беш таъмин кунад.

“Дар Русия омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон оиди футбол давом дорад, мубориза бо муҳоҷират сахттар шудааст, ҳуҷҷати зиёд талаб мешавад, - мегӯяд Ёрматов. - Аз пуле, ки писарам мефиристад, 700-800 сомонӣ барои хурокворӣ сарф мешавад. Бо пулҳои боқимонда мо кӯшиш мекунем боми хонаеро пӯшонем, ки писарам бо умед сохтмонашро сар карда буд, то оиладор шавад”,- меафзояд падари муҳоҷири корӣ.

Дустмурод Ёрматов мегӯяд, “ягон 7-8 ҳазор сомонӣ даркор аст, ки барои шифер қарз гирифта будем. Намедонам, чӣ хел мешавад, пул кам аст. Агар каме пул сарфа кунем, оҳиста-оҳиста барои сохтмон оҳану майда-чайдаи дигар мехарем. Қарз гирфтан намехоҳам, дарди сар аст. Асосан бо хӯрокҳои макаронӣ рӯз мебарем. Хайрият, ҳоло дар магазинҳо хӯрокро қарз гирифта мешавад”.

Шукри гови ширдеҳи хона

Азизулло Пирхонов, сокини шаҳри Бохтар аст. Ӯ дар байни дарахтони боровар гашту гузор мекунад ва барфро аз шохаҳои дарахтон матаконад. Се писари дастёраш дар Русия кор мекунанд. Бинобар кам шудани пули муҳоҷирон оилаи Пирхонов ба гуфтаи худаш “як бало карда” зиндагӣ мекунанд.

Азизулло Пирхонов.
Азизулло Пирхонов.

«Ман як боғи начандон бузурги дархатони мевадиҳанда дорам. Бо ин боғ машғулам, ана шохаҳои нодаркорро буридам, - мегӯяд падари се муҳоҷири корӣ ва меоязояд, - картошка шинонда будам, ҳоло ҳосили ҳамонро мехӯрем, зиндагӣ душвор шудааст, аммо таҳаммул мекунам”.

Сарвари ин хонадон мегӯяд, ки хушбахтона, онҳо як гов доранд, ки чанде пеш таваллуд кард. Аз баракати ин гоҳ ҳар саҳар дар дастархони онҳо шири гарм аст ва боз як ду литр ширро ба дигарон мефурӯшанд. Пирхонов ҳам мисли бисёр оилаҳои тоҷик бо умеде зиндагӣ мекунад, ки иқтисоди Русия дубора беҳбуд ёбад. Вазъи бачаҳояшон дар он кишвар хуб шавад ва муҳоҷирон ба хонаводаҳояшон пули бештар фиристанд.

Пешгӯиҳои Бонки Ҷаҳонӣ дар соли 2015

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ оиди Тоҷикистон таҳти унвони “Коҳиши рушд ва номуайянии афзоянда” дар соли 2015 пешгӯӣ мешуд, ки хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷик маҷбуранд харҷҳояшонро кам кунанд, зеро интиқоли пули муҳоҷирон коҳиш меёбад.

“Ҳудуди 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон – сеяки мардони аз 20 то 39 сола дар Русия дар ростои аз даст додани ҷойи кор, коҳиши маош, молиёти зиёд ва имкони ками кӯмаки молӣ ба хонаводаҳояшон дар Тоҷикитон қарор доранд. Бино ба маълумоти ин ниҳоди молии байналмилалӣ 60 дарсади ин муҳоҷирон ғайриқонунӣ буда, наметавонанд ҳуқуқҳои худро бар пояи қонунҳои Русия ҳифз кунанд.

Биноба маҳдуд будани ҷойҳои корӣ, надоштани касбу кори муносиб ва сабқати шадиди корёбӣ дар Тоҷикистон ҳамоиши муҳоҷироне, ки ё аз роҳи депортатсия, ё баъд аз даст додани патент аз Русия баргаштаанд, ба сахтӣ ҷараён мегирад. Онҳо ҳамчунин бинобар мукаммал набудани хадамоти кор дар кишвар ба маълумот дар бораи ҷойҳои холии корӣ дастрасӣ надоранд ва ва ягона ҷое, ки медонанд, бозорҳои хурди мардикорони дохилӣ дар саросари кишвар аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG