Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия. САДО


Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе

Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки аз 25-уми май то 25-уми июли имсол аз сафар ба 11 шаҳру вилояти Русия муваққатан худдорӣ кунанд. Ё агар кори муҳиме доранд, масъалаи сабтином ё ба қайдгузории худро аз қабл тарҳрезӣ намоянд.

Бинобар ин, ба сокинони кишвар тавсия мешавад, ки то шурӯи Ҷоми ҷаҳонии футбол масъалаи сабтиноми худро анҷом диҳанд. Безарурат аз вуруд ба ин шаҳрҳо худдорӣ кунанд.

Масъулони вазорат гуфтанд, ки аз 25-уми май то охири моҳи июл дар Русия Ҷоми ҷаҳонии футбол баргузор шуда, масъалаи сабтином ва тафтиши хориҷиён, аз ҷумла тоҷикҳо, шиддат хоҳад ёфт. Як мақоми Вазорати меҳнат рӯзи 27-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин шаҳрҳои Санкт-Петербургу Екатеринбург, Қазон, Калининграду Нижний Новгород, Ростови лаби Дон, Самара, Волгоград, Саранск ва Сочӣ аст.”

Мусоҳиби мо афзуд, дар ду моҳи фасли тобистон муҳоҷирон муваззафанд, ки барои будубоши муваққатӣ, доимӣ ё кор бояд дар тӯли ҳамагӣ як шабонарӯз худро сабтином кунанд. Дар шароити одӣ ин муҳлат 15 рӯзро дар бар мегирад.

“Бинобар ин, ба сокинони кишвар тавсия мешавад, ки то шурӯи Ҷоми ҷаҳонии футбол масъалаи сабтиноми худро анҷом диҳанд. Безарурат аз вуруд ба ин шаҳрҳо худдорӣ кунанд. Зеро тадобири амниятӣ шиддат ёфта, як хатои ночиз метавонад, ки боис ба ҷавобгарӣ ё ихроҷ шавад”, - шарҳ дод мусоҳиби мо.

Тамос бо Вазорати меҳнат дар Русия

Тамос бо кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия:

Маскав:

+7 (495) 967 98 44

+7 (926) 255 09 27;

+7 (968) 733 00 00;

+7 (926) 241 09 09;

Санкт-Петербург, Калининград:

+7 (964) 373 75 01;

Саранск, Нижний Новгород, Самара, Қазон:

+7 (906) 805 329 28 28;

Екатеринбург:

+7 (905) 805 57 77;

Сочӣ:

+7 (926) 578 31 99;

Ростови лаби Дон:

+7 (915) 488 32 23;

Волгоград:

+7(925) 236 67 85

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия низ бо нашри эъломияе гуфт, “дар тӯли баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар 11 шаҳри Русия сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ тавассути почта ё марказҳои муҳоҷиратӣ муваққатан қатъ карда мешавад.”

Қаблан, Каримҷон Ёров, мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар остонаи интихоботи президентии Русия ва Ҷоми ҷаҳонии футбол дар он кишвар муҳоҷирон бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. “Онҳо маҷбур мешаванд, ки дар 24 соат худро сабт кунанд ё ба қайд гузоранд. Ин амалан номумкин аст ва барои ҳамин, ба муҳоҷирон гуфтанӣ ҳастам, ки пеш аз сафар ба Русия аввал ҷои худро ёфта монанд, ки сабташон осон шавад”, - гуфт ӯ.

Ин хабар баъзе аз муҳоҷиронро аз ҳоло нигарон кардааст. Мурод, як сокини ноҳияи Ашт, гуфт, қарор буд, охири моҳи май, яъне дар айни гармшавии ҳаво барои кор ба Волгоград биравад. Аммо зоҳиран кораш ба мушкил хоҳад печид. Ӯ гуфт, “маҷбур ҳастам, ки хеле барвақт ба онҷо рафта, худро сабт кунам. Вагарна дар он шабу рӯзи пурталотум ҷой ёфтан мушкил ва сабт кардан мушкилтар мешавад.”

Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:16 0:00

Мақомоти Русия аз моҳи июн то июли соли 2016 низ ба хотири баргузории Ҷоми Конфедератсияи ФИФА сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар Маскаву Сочӣ ва Санкт-Петербургу Қазон шадидтар карда буданд. Он вақт низ шаҳрвандони хориҷӣ муваззаф буданд, ки дар тӯли ҳамагӣ як шабонарӯз худро дар идораи муҳоҷирати Русия сабтином кунанд.

Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти рисқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар ду соли ахир вазъи будубоши онҳо дар Русия мушкилтар шудааст. “Аз як тараф сабтиному дарёфти иҷозаи кор ва аз тарафи тафтишу санҷиши пайвастаи нирӯҳои амниятӣ, вазъияти муҳоҷиронро танг кардааст”, - хулоса кард яке аз ҳомиёни ҳуқуқ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG