Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримҷон Ёров: Соли оянда барои муҳоҷирон дар Русия осон нахоҳад буд


Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров – вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия – ба далели радди дархосташ барои дарёфти ҳаққи иқомат аз ин кишвар берун рафтааст. Ӯ рӯзи 31-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳаққи иқомати ӯ моҳи сентябри имсол ба поён расида буд ва дигар наметавонист дар ҳудуди он кишвар бимонад. "Феълан дар яке аз кишварҳои Осиё ҳастам", - афзуд Ёров.

Чизе, ки имсол барои муҳоҷирон дардисарсоз шуд ва мояи нигаронӣ буд, тафтиши нирӯҳои ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия аст.

Каримҷон Ёров гуфт, ният дорад, ки дубора ба Русия рафта, барои дарёфти ҳаққи иқомати панҷсола ҳуҷҷат супорад. Ӯ афзуд, "ман ҳаққи иқомати сесола доштам. Ин муҳлат моҳи сентябри имсол ба поён расид. Аммо моҳи март барои дарёфти ҳаққи иқомати панҷсола муроҷиат карда будам. Баъд аз нуҳ моҳ ба ман гуфтанд, ки ҷавоб рад аст. Дигар дар қаламрави Русия наистодам ва берун баромадам. Чун дар оянда ин калтаке ба сари ман мешуд. Дар оянда метавонистанд маро забонкӯтаҳ кунанд, ки ҳуҷҷатҳоямро дар вақташ дуруст накардам ё кадом замон дар ҳудуди ин кишвар ғайриқонунӣ зистаам."

Радиои Озодӣ: Зоҳиран на танҳо вазъи Шумо, балки ба қавли баъзе аз муҳоҷирон, шароити даҳҳо шаҳрванди дигари Тоҷикистон имсол дар Русия хуб набуд. Воқеан, аз нигоҳи Шумо, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2017 чӣ ҳол доштанд?

Каримҷон Ёров: "Вазъи муҳоҷирони мо дар Русия дар муқоиса ба солҳои гузашта на хуб ва на бад буд. Имсол аксари муҳоҷирон талош карданд, ки дар ҳудуди Русия қонунӣ зиндагӣ ва кор кунанд. Яъне, сабти расмӣ дошта бошанд, иҷозаи кор бигиранд. Онҳо дарк карданд, ки нақзи ҳамагуна қонун дар Русия бо ихроҷи онҳо меанҷомад ва роҳашонро аз се то даҳ сол ба ин кишвари муҳоҷирпазир мебандад. Аммо боз ҳам мушкили иқтисодӣ буд, нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон буд. Чизе, ки имсол барои муҳоҷирон дардисарсоз шуд ва мояи нигаронӣ буд, тафтиши нирӯҳои ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия аст. Нирӯҳои ФСБ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик хеле сахтгирӣ карда, баъзеи онҳоро бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои террористӣ ё узвияту пайравӣ аз гурӯҳҳои ифтрогаро боздошт ва ҳабс намуданд. Ҳарчанд хабар дорем, ки чанде аз ин ҳолатҳо тасдиқи худро наёфт. Аз ҷумла, куштори Ибодулло ва Шарифхон Валиев, ду сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз тарафи нирӯҳои ФСБ, ки онҳоро ба қасди ҳамлаҳои террористӣ айбдор карданд. Ҷасади ин ду нафар ба қарибӣ ба ватан фиристода ва дар зодгоҳашон ба хок супурда шуд."

Радиои Озодӣ: Шумо бо муҳоҷирон зиёд сари кор доштед. Онҳо дар соли 2017 бештар чи умедворӣ доштанд. Оё ба он расиданд, нарасиданд?

Каримҷон Ёров: "Бештари муҳоҷирони мо орзуи инро доштанд, ки Тоҷикистон ҳарчи зудтар ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад. Орзуяшон ҳамин буд. Фикр мекарданд, ки увзияти Тоҷикистон дар ин созмонҳо, мумкин аст, вазъи онҳоро беҳбуд бахшад. Яъне, барояшон имтиёз ё сабукӣ медиҳад. Ман ҳам пештар тарафдори ҳамин ақида будам. Аммо баъд аз ворид шудани Арманистону Қирғизистон ва Беларус ба ин созмонҳои таҳти назорати Русия фикрам дигар шуд. Чунки фаъолияти ин ду иттиҳод нишон медиҳад, ки Русия бо ҳар касе ҳар тавре хост, рафтор мекунад, дасти дароз дорад, аммо дигарон кӯтаҳдастанд. Гузашта аз ин, муҳоҷирон ва ман ҳам бовар доштем, ки бо ворид шудани Тоҷикистон ба ин ду иттиҳод мушкил ҳал мешавад. Аммо маълум шуд, ки дар он сурат низ онҳо, масалан, ба ҷои иҷозаи кор бояд шартнома банданд. Бар асоси шартнома тақрибан 13 дарсади ҳаққи кори онҳо ҳамчун андоз ситонда хоҳад шуд. Шояд ягона фоидае, ки мешавад, арзон шудани нархи билети ҳавопаймо аз тарафи ширкатҳои русӣ бошад, тамом."

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо мегӯянд, шояд дар остонаи Ҷоми ҷаҳонии футбол тафтишу санҷиши муҳоҷирон бештар шавад. Фикр мекунед, баъд аз бозӣ вазъ тағйир хоҳад кард?

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров: "Бале, дар остонаи интихоботи президентии Русия ва Ҷоми ҷаҳонии футбол дар он кишвар муҳоҷирон (нафақат муҳоҷирони тоҷик) бо мушкили зиёде рӯбарӯ хоҳанд шуд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки дар 24 соат худро сабт кунанд ё ба қайд гузоранд. Ин амалан номумкин аст. Албатта, ин вазъ ба он шаҳрҳое дахл дорад, ки дар онҷо Ҷоми ҷаҳонии футбол мегузарад. Ба муҳоҷирон гуфтанӣ ҳастам, ки дар соли оянда пеш аз сафар ба Русия аввал ҷои худро ёфта монанд, ки сабташон осон шавад. Вагарна ихроҷ хоҳанд шуд. Гузашта аз ин, бино ба тарҳе, ки дар Думаи давлатӣ чарх мезанад, муҳоҷирон аз сабт ё қайдгузорӣ дар ҷойҳои корӣ маҳрум мешаванд. Онҳо бояд дар манзили шахсӣ худро ба қайд монанд. Аз ҳоло пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо соли осоне барои муҳоҷирон нахоҳад буд. Аз як тараф мушкили иқтисодӣ ва аз тарафи дигар сахтгирии мақомоти интизомӣ азияташон хоҳад дод."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG