Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири тоҷик: “Ҳам лотореяамро гирифтанд, ҳам депортатсия мекунанд”


Аҳрор Мустафоқулов
Аҳрор Мустафоқулов

Аҳрор Мустафоқулов, муҳоҷири кории тоҷик мегӯяд, як маъмури пулиси Маскав баъд аз гирифтани 105 ҳазор рубли лотореяаш талош дорад, ки ӯро аз Русия ихроҷ намояд. Муҳоҷири 37-солаи тоҷик айни замон дар боздоштгоҳи “Сахорово” аст. Мақомоти Русия ӯро ба нақзи муқаррароти иқомат муттаҳам мекунанд.

Мо ба Мустафоқулов гуфта будем, ки ба ҳамин роҳ наравад. Аммо боз дар ҳамин метро боздошт шудааст ва бадбахтона, ҳамон рӯз навбатдори пулис боз Илдар Илйин будааст

Мустақофулов рӯзи 17-уми ноябр дар сӯҳбати телефонӣ аз боздоштгоҳи "Сахарово" ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи октябр барои гирифтани бурди билети лотореяаш, ки 105 ҳазор рубл буд, ба идораи “Сто лото” мерафт, вале дар роҳ маъмурони пулис ӯро боздошт карданд. “Маро ба идораи пулиси "Отрадное" бурданд. Санаи сабти иқоматам тамом шуда буд ва нозири пулис Илдар
Эмилевич ҳамаи чизҳои маро мусодира кард. Ман дар ҳамон ҷо гуфтам, ки билети лото гум нашавад, чунки он бурднок аст. Дар пушти билет рамзи бурдро, ки ба рақами телефонам тариқи СМС омада буд, навишта монда будам”
, - нақл кард ӯ.

Аҳрор Мустафоқулов барои лағви ҳукми ихроҷ ва бозпас гирифтани бурди лотореяаш ба Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқ ва вакили дифои тоҷик муроҷиат кардааст. Каримҷон Ёров ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмури пулиси Русия зимни боздошти Аҳрор ба қонуншиканӣ роҳ дода, ба муҳоҷири тоҷик таҳдид кардааст, ки дигар ба назди ӯ наояд.

"Вақте Мустафоқулов ба идораи пулис бармегардад ва аз маъмури пулис бозгардони билети лоторо талаб мекунад, ӯ таҳдид мекунанд, ки дигар бо ин дархост ба онҷо наояд. Вақте мо ҳамроҳ ба идораи пулис рафта протоколи мусодираи ашёи боздоштшударо дархост кардем, дар он ҷо билети лото зикр нашуда буд", - гуфт, Каримҷон Ёров ба Радиои Озодӣ.

Вакили дифои тоҷик дар идомаи сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамроҳ бо Аҳрор Мустафоқулов ба идораи “Сто лото” рафтанд ва бо нишон додани рамзи бурд хостанд, пули лотереяро бигиранд. Кормандони идораи “Сто лото” гуфтаанд, ки муҳоҷир бояд ҳисоби бонкиро пешниҳод кунад, то маблағи бурд ба он интиқол дода шавад. Ба қавли Ёров, рӯзи 5-уми октябр кормандони "Сто лото" ба онҳо итминон доданд, ки ҳеҷ кас пули Мустафоқуловро гирифта наметавонад.

"Мо рӯзи 17-уми октябр ба идораи ширкат рафтем, вале дар он ҷо гуфтанд, рӯзи 10-уми октябр маблағи лотореяи гирифта шудааст. Ба мо ҳамон билетеро, ки корманди пулис аз Аҳрор гирифта буд, нишон доданд" - гуфт, Каримҷон Ёров.

Каримҷон Ёров (аз тарафи чап)
Каримҷон Ёров (аз тарафи чап)

Вакили дифои тоҷик ҳамроҳи соҳиби лотерея ба маъурияти «Сто лото» ариза навиштанд, ки чаро бурди ӯро бидуни таҳқиқ ва пурсиши рамзи махсус ба каси дигар додаанд. Ҳоло мунтазири шарҳи ширкати “Сто лото” ҳастанд. Дар ин ширкат ба муроҷиатҳои батакрори Радиои Озодӣ барои шарҳи ин қазия посух нагуфтанд ва ваъда доданд, ки “рӯзи душанбе (20-уми ноябр) ба дархости шумо ҷавоб мегӯем.”

Тасодуфи аҷиби дигар дар қазияи муҳоҷири тоҷик ин аст, ки Аҳрор Мустафоқулов ҳангоми бозгашт ба хона дар дохили метрои Тимирязевска-Пуховская дар Маскав ҳамон ҷое, ки бори аввал маъмурони пулис дастгираш карданд, дубора дастгир мешавад. "Мо ба Мустафоқулов гуфта будем, ки ба ҳамин роҳ наравад, аммо боз дар ҳамин метро боздошт шудааст ва бадбахтона, ҳамон рӯз навбатдори пулис боз Илдар Илйин будааст"- афзуд Каримҷон Ёров.

Афсари пулис ба дастони Мустафоқулов завлона зада, ба боздоштгоҳ мефиристад, то ӯро ихроҷ кунанд, ҳоло онки ба қавли Ёров, парвандаи ихроҷи Мустафоқуловро додгоҳи зинаи болои бояд баррасӣ кунад. Дар шӯъбаи ҳаштуми пулиси метрои шаҳри Маскав, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Илдар Илйин дар ҷойи кор нест ва “мо ба ҷойи ӯ ҷавоб намедиҳем.”

Вакили дифои тоҷик мегӯяд, ки ҳоло маъмури пулис, пули муҳоҷирро аз худ кардааст, талош дорад, Мустафоқуловро ҳарчӣ зудтар аз қаламрави Русия ихроҷ кунад, то ӯ дигар даъво пеш оварда натавонад.

XS
SM
MD
LG