Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз боздоштҳои Маскав. Мақомот аз муҳоҷирони тоҷик "гап" мегиранд


Акс аз бойгонӣ.

Ба дунболи боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми барномарезии амалҳои террористӣ дар Маскав бархе гурӯҳҳои муҳоҷирон шикоят мекунанд, ки кормандони Хадамоти амнияти Русия ба онҳо фишор меоранд, то дар бораи ҳамватанони машкуки худ ба ин ниҳод гузориш диҳанд.

Бозпурсӣ ва тафтиши телефонҳои муҳоҷирон

Ин муҳоҷирон мегӯянд, кормандони амният онҳоро дар маркази дарёфти патент, ҳангоми ворид ё берун шудан аз метро ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ думболагир мекунанд ва талаби ҳамкориро дар миён мегузоранд.

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон низ мегӯянд, ҳоло мақомоти рус аз ҳама василаҳо кор мегиранд, то теъдоди афроди хабаррасон ва ё ҳамкор дар миёни муҳоҷирон, бештар шавад.

Рӯзи 11-уми август дар Маскав се тоҷик бо гумони омодагӣ ба анҷоми амалиёти террористӣ дар маконҳои серодам боздошт шуданд. Дурустии ин иттиҳомро тавассути манобеи мустақил санҷида намешавад ва мақомоти тоҷик ҳам дар робита бо ин қазия шарҳе намедиҳанд. Дар хабари ФСБ гуфта шуд, ки ин афрод фармоиши гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро иҷро мекарданд. Маълум нест то куҷо худи боздоштшудаҳо ба ин иттиҳом розӣ ҳастанд.

Дар пайи ин дар шаҳрҳои бузурги Русия, мисли Маскав ва Санкт-Петербург чораҳои амниятӣ шадидтар шуд ва муҳоҷирон мегӯянд, ҳангоми бозпурсиҳо дохили телефони мобилии онҳо ва мазмуни наворҳои нигаҳдошташуда дар телефонҳо тафтиш мешавад ва зимнан, мақомот аз онҳо даъвати ҳамкорӣ мекунанд.

Пешниҳоди ҳамкорӣ барои "пайдо кардани террористон"

Ширинҷон Қаландаров, як муҳоҷири 27-солаи тоҷик дар вилояти Маскав рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз пеш ӯ ва ду ҳамкорашро дар алоҳидагӣ боздошт карда, пас аз тафтиши дохили телефонҳо барояшон пешниҳоди ҳамкорӣ карда шуд. Ин ҷавон гуфт, ки ду рӯзи пеш вақте аз метро берун мешуд, ду корманди ФСБ-Хадамоти федеролии амнияти Русия ӯро боздошта, аввал ҳуҷҷат ва баъдан дохили телефони мобилияшро аз назар гузарониданд.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Чизе аз дохили телефон пайдо накарданд. Ҳуҷҷатҳоям ҳам дуруст буд. Кунҷе бурданд ва рақамҳои телефонамро гирифта гуфтанд, ки барои мо муҳоҷирони хатарнокро пайдо мекунӣ. Бароям пул ҳам ваъда карданд. Рад кардам, вале ба таҳдид гузашта, бароям як ҳафта мӯҳлати фикр кардан доданд. Шаб омадам, вақте ба ҳамроҳонам гуфтам, ду нафари онҳо ҳам гуфтанд, ки айни чунин ҳодиса бо онҳо ҳам шудааст",-гуфт Ширинҷон. Ин муҳоҷири тоҷик гуфт, ки чор сол боз дар Русия кор мекунад, вале бори аввал чунин пешниҳод барои “пайдо кардани террористон” мегирад.

Шантаж ва тарсонидани муҳоҷирон

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон низ мегӯянд, ҳоло мақомоти рус аз ҳама василаҳо кор мегиранд, то теъдоди афроди хабаррасон ва ё ҳамкор дар миёни муҳоҷирон, бештар шавад. Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “Этнос”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия машғул аст, рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бархе бо роҳи шантаж ва тарсонидан муҳоҷиронро ба ҳамкорӣ ҷалб мекунанд.

Аксаран ба гуфтаи ӯ, мақомот ба хотири нишондод аз натиҷаи кор муҳоҷиронро маҷбур ба хабаркашӣ мекунанд ва эҳтимоли мавриди тӯҳмат қарор гирифитани муҳоҷирон вуҷуд дорад. Ёров гуфт, ки дар як ҳафтаи охир бо чунин мазмун 8 муроҷиат дарёфт кардааст ва аллакай ба ду нафар кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Ӯ гуфт: "Муҳоҷири тоҷик ҳамроҳи ҳамсараш аз Тула ба Маскав омадааст. Аз ФСБ омаданд, ки ҳамкорӣ кун, розӣ нашудааст ва ӯро ҳоло бояд депортатсия кунанд. Мо ҳоло ба суд муроҷиат кардем, ки ҳуҷҷатҳои ин хонавода дуруст аст ва танҳо бо ин далел, ки онҳо ба ҳамкорӣ розӣ нашудаанд, ихроҷ мешаванд. Мардумро барои ҳамкорӣ маҷбур доранд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунанд, дар сурати ғайр бо онҳо бархӯрди дигар мекунанд. Ба ҷавони дигар низ, ки занаш аз Қавқоз аст ва дар як мағоза либосҳои исломӣ мефурӯшад, чунин пешниҳод кардаанд. Ҳатто онҳоро шантаж кардаанд. Ҳамаи инро ин оила сабт кардааст ва онҳо ҳоло дар дасти мо қарор дорад."

Маъмулан, ҳар боре, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия бо иттиҳоми терроризм боздошт мешаванд, бозҷӯии муҳоҷирон аз ин кишварҳо афзоиш меёбад. Аммо Сунатулло Файёзӣ, сокини 26-солаи ноҳияи Панҷ мегӯяд, вазъ ҳоло ба кули фарқ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бозҷӯии дохили телефонҳои мобилӣ ва ҷустуҷӯи наворҳои дорои моҳияти ифротагроӣ дар миёни муҳоҷирон камсобиқа аст. Ӯ гуфт, ӯро ба ҳамкорӣ даъват накардаанд, вале ҳангоми барои тамдид кардани мӯҳлати патетент, дохили телефони мобилиаш бозҷӯӣ шудааст.

Мақомоти рус: "Кори баде нест"

Ташдиди тафтишҳо дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар як изҳорот муҳоҷиронро “манбаи пайдоиши терроризм” дар ин кишвар донист. Зимнан, Сергей Гончаров, президенти анҷумани собиқадорони “Алфа” ва узви ҳайьати мушовараи ФСБ дар Русия рӯзи 17-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нигаронии мақомоти амниятӣ ҷо дорад. Ӯ гуфт, мақомоти Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои терорристӣ ба кор ҷалб мекунанд, ки кори баде нест.

Сергей Гончаров, президенти анҷумани собиқадорони “Алфа”.
Сергей Гончаров, президенти анҷумани собиқадорони “Алфа”.

"Бубинед, ки онҳо дар як доираи муайян зиндагӣ мекунанд ва дар миёни як гурӯҳи хос мушкили худро баҳс мекунанд. Берун аз ин гурӯҳ афкори онҳоро касе намедонад. Суол ин ҷост, ки вақте аз миёни зодагони як кишвари Осиёи Марказӣ барои анҷоми амалиёти террористӣ омодагӣ мебинанд ва онҳо боздошт мешаванд, албатта мақомот ба онҳо таваҷҷӯҳи бештар мекунад. Вақте нисбати зодагони як кишвар шубҳа бисёр мешавад, хадамоти махсус аз ҳамватанони дигари онҳо барои кӯмак муроҷиат мекунад. Вақте як муҳоҷир ба ҷои кори роҳрубӣ васоил барои тарконидани метро ҷамъ мекунад, чаро ҳамроҳи ӯ аз ин ба мақомот хабар надиҳад? Ин хабаркашӣ нест, балки ҳамкорӣ аст. Бубинед, ки ифротиҳо бештар муҳоҷиронро ба худ ҷалб мекунанд, на ин ки русҳоро, аз ин рӯ мақомот ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд", -гуфт ӯ.

Сергей Гончаров мегӯяд, бо вуҷуди тавоноиҳои техникӣ Русия ба ҳамкории муҳоҷирон ниёз дорад. Чун ба гуфтаи ӯ, ҳодисаҳо нишон дод, ки бидуни чунин ҳамкориҳо даҳҳо шаҳрванди Русия ва дигар кишварҳо аз хоки Русия ба Ироқу Сурия рафтанд. Ин дар ҳолест, ки мунаққидони сиёсати Русия мегӯянд, то андозае худи ҳукумат гунаҳгор аст, ки аз қаламрави ин кишвар ба Ховари Миёна ба истилоҳ "сарбозони ҷиҳод" сафарбар шуданд ва мақомот амдан ба ин чиз чашм пӯшиданд.

Гузоришҳои зиёд ҳокист, ки дар миёни ҷалбкунандаҳо ба ҷанг шаҳрвандони Русия - зодагони Қафқоз кам нестанд ва дар бисёр ҳолатҳо барои таъмини "сарбозон" аз ҳисоби шаҳрвандони собиқи Шӯравӣ дар миёни муҳоҷирон саҳмгузор мебошанд. Маркази таҳлилии "Шарқ" дар пайи таҳқиқоти вижае дар Русия гуфт, ки 18 % муҳоҷирони тоҷик дар Русия тарафдори "ҷиҳоданд" ва афкори онҳо маҳз дар муҳоҷират тундтар шудааст.

Ҳомии ҳуқуқ: "Хилофи қонун аст"

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, агар таҷрибаи ҳамкорӣ ва ё таъмини иттилои полис аз ҷониби муҳоҷирон ҳарфи нав набошад, мақомоти Русия чунин ҳамкориро ҳам мехоҳанд бо роҳи зӯр ба роҳ монанд, ки дар ин сурат ин хилофи қонун мешавад.

Лидия Графова, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия.
Лидия Графова, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия.

Лидия Графова, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия гуфт, ҳамкорӣ бо мақомот бо хоҳиши шаҳрванд сурат мегирад ва маҷбур кардани он ба ин кор хилофи шаҳрванд аст. "Мо чунин иттилоъ дорем, ки муҳоҷиронро бо роҳи маҷбур мехоҳанд, истифода кунанд. Аз беҳуқуқӣ ва бечорагии муҳоҷирон сӯистифода мекунанд. Ин роҳи ҳал нест. Баръакс, ин дар дили муҳоҷиронро бадбиниро бедор мекунад ва онҳо баръакс, бештар ба доми ифротагроҳо меафтанд. Шароити кору зисти муҳоҷиронро бояд хуб кард. Ифротагроӣ худаш коҳиш меёбад",-гуфт ӯ.

Русия аз бузургтарин кишвари муҳоҷирпазир аст, ки солона то 15 миллион муҳоҷир, аз инҳо ҳудуди як милион шаҳрванди Тоҷикистонро фаро мегирад. Аксари муҳоҷирон тарҷеҳ медиҳанд наздик бо ҳамватанону ҳамзабонон ба сар баранд, афроди мазҳабӣ ба хусус дар заминаи эътиқод ва мазҳаб ба ҳам меоянд ва эҷоди чунин як муҳити ҳамзистиву корро илоҷи зиндагӣ дар ғурбат дар як кишвари бегона мебинанд. Ҷунин тарзи зиндагӣ, ки аз интеграсия ё ҳамоиш бо ҷомеаи бумии ин кишвар дур аст, то ҷое мояи шубҳа ҳам мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG