Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтирои аҷиби муҳоҷирони кории тоҷик. ВИДЕО


Даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кору иқомат мекунанд.
Даҳҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кору иқомат мекунанд.

Як муҳоҷири кории тоҷик аз шаҳри Братски вилояти Иркутски Русия ба Радиои Озодӣ видеои як ихтирои гурӯҳе аз сокинони ноҳияи Раштро фиристод, ки кори пухтани палавро бисёр осон мекунад.

Видеои дастгоҳи соддаи реза кардани сабзиро Газаралӣ Эшхонов 20 рӯз ба навор гирифтааст ва дар он бо ҷузъиёт кори «ихтирооташон»-ро нишон медиҳад. Газаралӣ дар ин видео мегӯяд, ки ҳадаф аз сохтани дастгоҳ осон кардани кори ошпаз буд ва ҳам ташвиқ кардани муҳоҷирони тоҷик ба ихтироот, ки онҳо ҳам илҳом бигиранду навоварӣ кунанд.

Дастгоҳ ба гуфтаи Аҳмад, ошпази муҳоҷирон, сокини Дараи Ясман дар Ҳоит кори ӯро ба маротиб осон кард. Видеоро аз тариқи ИМО ба Радиои Озодӣ фиристоданд ва шумо ҳам агар видеои ҷолибе доред, лутфан аз тариқи ИМО, Вайбер, Вотсапп ва Телеграм ба мо фиристед. Шумораи мо дар Прага +420 724 053 959 аст.

Ихтирои аҷиби муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

XS
SM
MD
LG