Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия дигар тоҷиконро камтар "ғам медиҳанд"


Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми истироҳат.
Муҳоҷирони тоҷик ҳангоми истироҳат.

Маҳмадулло Мусоевро аксар сокинони Баклуши – як маҳаллаи вилояти Перми Русия мешиносанд, чун бисёре аз сокинони маҳалла барои иҷрои коре ба ӯ муроҷиат кардаанд. Барои касе боми хонаашро таъмир кардааст, барои дигаре қубури обашро тармим карда ва ё замини ҳавлиашро нарм кардааст.

Мусоев мегӯяд, пас аз чанд соли сарсониву саргардонӣ дар шаҳрҳои калони Русия ба мисли Маскаву Екатеринбург ва Перм, ки кордеҳон борҳо ӯро фиреб додаву пулашро надоданд, зиндагӣ дар маҳалларо интихоб кард. Ӯ гуфт:

«Як дафъа бо даъвати як сокини Баклуши омада, боми хонаашро таъмир кардам. Кори маро дида ҳамсояҳояш барои иҷрои коре даъват карданд. Ҳамин хел бо баъзеҳо ошно шудам ва 7 сол боз дар ҳамин ҷо ҳастам. Кори одамонро буд карда аз ин ҳисоб пул кор мекунам.»

Кам шудани бадгӯии расонаҳо дар ҳаққи муҳоҷирон?

Мусоев, беш аз даҳ сол аст, ки дар Баклуши кору зиндагӣ мекунад ва ва ризқи оилаву фарзандонашро меёбад ва аз ин рӯ барои сокинони он як одами худӣ шудааст ва ҳамагӣ бо ӯ муносибати хуб доранд.

Солҳои пеш шумораи шаҳрвандони Русия, ки мегуфтанд, муҳоҷиронро дар кишвар дидан намехоҳанд, ба 80 дарсад мерасид. Ҳоло аз 50 дар сад камтар аст.

Аммо муносибат ба муҳоҷирон дар ҳама нуқтаҳои Русия яксон нест. Маъмулан дар шаҳрҳои калони Русия мардум ба муҳоҷирон рӯи хуш нишон намедиҳанд. Нигоҳҳои бадхашмона, абрӯвони гирифта ва рафтори дағали сокинони бумиро аксар муҳоҷирон ҳар рӯз таҷриба мекунанд.

Бо ин вуҷуд назарсанҷиҳои ахир дар Русия нишон медиҳанд, ки дар маҷмӯъ муҳоҷирбадбинӣ, ки то соли 2015 дар ин кишвар бисёр боло буд, то ҳадде кам шудааст. Яке аз ин назарсанҷиҳоро маркази таҳқиқи афкори умум «Левада» анҷом додааст.

Карина Пипия, як намояндаи марказ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, муносибати мардум ба муҳоҷирон ҳар сол таҳқиқ мешавад ва имсол омор нишон медиҳад, ки муҳоҷирбадбинӣ камтар шудааст.

«Дар ду соли ахир мо шоҳиди коҳиш ёфтани эҳсосоти муҳоҷирбадбинӣ ҳастем. Солҳои пешин шумораи шаҳрвандони Русия, ки дар пурсишҳо мегуфтанд, ки муҳоҷиронро дар кишвари худ дидан намехоҳанд, ба 80 дарсад мерасид. Ҳоло ин рақам аз 50 дар сад камтар аст.»

Карина Пипия дар шарҳи сабабҳои кам шудани бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ гуфт, тай ду соли охир муҳоҷират аз мавзӯҳои мубрами рӯз дар сиёсати Русия нест ва саҳифаҳои матбуоту пардаи телевизион ҳам канор мондааст. Шояд як сабаби аслии кам шудани номи муҳоҷирон дар матбуот аст, ки ба гуфтаи ӯ, муносибати мардум бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ то ҳадде оддӣ шудааст.

“То ду соле пеш муҳоҷират аз мавзӯҳои доғи сиёсати рӯзмарра ва ҳамчунон матбуоту телевизион буд, ки муҳоҷиронро асосан манфӣ намоиш медоданд. Чунин матолиб муҳоҷирбадбиниро дар сатҳи баланд нигоҳ медошт. Аммо ду соли охир матбуот бештар ба пӯшиши масоили сиёсатӣ хориҷӣ ва моҷарои Украина банд ҳастанд ва масъалаи муҳоҷиратро доман намезананд ва ин вазъиятро ба маҷрои оддӣ бозгардонд” - иброз дошт Пипия.

Намояндаи маркази назарсанҷии “Левада” мегӯяд, тадқиқотҳои чандсола таъсири амиқи кори расонаҳо ба афкори умумро ошкор кард. Барои мисол ӯ, тағйири назари мардум нисбати муҳоҷирон аз Украинаро ёдовар шуд, ки дар ду соли охир таҳти таъсири таблиғоти расонаҳо бештар ба самти манфӣ гаравидааст.

То соли соли 2014 ва таҳримҳои кишварҳои ғарбу Амрико алайҳи Русия муҳоҷирати корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон як мавзӯи ҳамешагии сиёсатмадорону чапу рост дар Русия буд.

Мулоҳизоти сиёсӣ ва талош барои дилёбӣ

Бо доман задани мавзӯи муҳоҷират сиёсатмадорони рус талош мекарданд, имтиёзҳои сиёсӣ ба даст биёранд. Аммо дар шароити афзоиши таҳримҳои байналмилӣ Русия бештар ба кишварҳои ҳампаймонаш дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ниёз пайдо кард.

Дар моҷарои заҳролуд шудани Сергей Скрипал ҷосуси собиқи Русия дар Британия кишварҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла Тоҷикистон аз мавқеи Русия ҳимоят карданд. Дар чунин шароит Кремлин беш аз ҳарвақта ба кишварҳои муттафиқ ниёз дорад ва то ҳадде аз истифодаи фишанги муҳоҷират дар нисбати кишварҳои муҳоҷирфирист, мисли Тоҷикистон худдорӣ меварзад.

Як аломати чунин нармиш изҳороти сиёсатмадорони рус аст, ки гуфтанд, омодаанд, дархости Тоҷикистонро барои соддатар кардани шароити кору иқомати муҳоҷирон дар Русия баррасӣ кунанд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия , ки рӯзи 19-уми апрел дар Маскав бо роҳбарии Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев наухствазири ду кишвар баргузор шуд, Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия гуфт, Маскав омодааст, дархости Тоҷикистон ҷиҳати аз 15 то 30 рӯз зиёд кардани мӯҳлати сабти иқомат барои муҳоҷиронро баррасӣ кунад.

Аз ин пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳам гуфт, ки санадҳои дуҷонибае дар робита ба муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия баррасӣ мешавад, вале нагуфт, чӣ гуна санад ҳастанд.

Дар Русия бештар аз 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон кору иқомат мекунанд. Дар гузашта садҳо нафари онҳо қурбонии ҳамлаи миллатгароёни рус ва ё тоссарҳо шудаанд.

XS
SM
MD
LG