Самеъ Хоҷаев бояд ба Русия биравад. То омода шудани шиносномаи хориҷиаш чанд рӯзи дигар мондааст. Ӯ ба зудӣ ба сели муҳоҷирони мавсимӣ хоҳад пайваст.
Дар муқоиса ба солҳои гузашта талабот ба билет кам шудааст. Ин ба Ҷоми ҷаҳонии футбол рабт дорад.
Бо Самеъ Хоҷаев дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе сӯҳбат кардем, ки барои сафараш ба Русия либос мехарид. "Мувофиқ ба сардии Русия бояд либоси гарм бигирам. То ба Русия рафтану пул кор кардан вақт зарур аст. Барои ҳамин, либосро аз инҷо мебарам", - нақл кард мусоҳиби мо.
- Идораи муҳоҷирати Вазорати меҳнати Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар семоҳаи аввали имсол ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, тақрибан 110 ҳазор нафар муҳоҷират кардааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди чаҳор ҳазор нафар кам аст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Ин ҳамсуҳбати мо мисли баъзе дигар аз муҳоҷирони тоҷик таваккалӣ ба муҳоҷират меравад. Медонад, ки барои ӯ кору зиндагӣ дар Русичя осон нахоҳад буд, аммо мегӯяд, барои амалӣ кардани чанд ҳадафаш дар зиндагӣ бояд биравад: "Ҳеҷ кас аз ватан рафтан намехоҳад, бахусус, вақте намедонӣ чӣ сарнавиште интизор аст. Аммо зиндагӣ маҷбур мекунад. Як модари бемор дорам. Бояд кор карда, барои ӯ келин бояд орам. Хона сохтан зарур аст. Аз сабаби набудани ҷой наметавонам хонадор шавам."
Мегӯянд, муҳоҷиронро гашта ба кишвар хориҷ мекунанд, аммо дигар чора надорам. Шаш моҳ бекор будам. То моҳи август интизор шавам, ним соли дигар мегузарад.
Маъмулан оғози баҳор дар Тоҷикистон барои ҳазорон нафар маънои оғози мавсими муҳоҷират ба Русияро дорад. Баробари пушти сар кардани сардиҳои зимистон падарону шавҳарони аксар хонаводаҳо бо умеди дарёфти кору рӯзӣ ва нақшаҳои бузург барои чанд моҳ ё сол тарки хонаводаҳо мекунанд. Ба бовари муҳоҷирон, бо фарорасии фасли гармо имкони дарёфти кори муносиб дар Русия бештар аст ва шароити кор ҳам ба фарқ аз рӯзҳои сарди зимистони ин кишвар – беҳтар.
Аммо ин баҳор вазъ тағйир ёфт. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ билетфурӯшиҳо дар Тоҷикистон пуродам нест ва муҳоҷирон ҳам барои парвоз ба сӯи Русия зиёд талош надоранд. Ҳавопаймоҳо ҳам мисли баҳори як соли пеш пур аз мусофир нест.
Ин на ба хотирест, ки муҳоҷирон ба кор зарурат надоранду шароиташон беҳтар шудааст. Балки метарсанд, ки ба зудӣ дубора аз Маскав ва шаҳру минтақаҳои дигари Русия ихроҷ мешаванд. Адолат Маҳмудхонова, масъули як ширкати билетфурӯшӣ дар Душанбе рӯзи 17-уми апрел гуфт, солҳои пеш дар ин мавсим харидории чипта дар як-ду рӯзи пеш аз парвоз номумкин буд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, "фурӯши чипта то 35-40 дарсад коҳиш ёфтааст".
"Дар муқоиса ба солҳои гузашта талабот ба билет кам шудааст. Ин, албатта, ба Ҷоми ҷаҳонии футбол рабт дорад. Дар ин шабу рӯз шаҳрвандони моро мебояд, ки давоми як шабонарӯз худро сабтином кунанд. Табиист, ки аксари онҳо наметавонанд ва дар натиҷа ба рӯйхати сиёҳ меафтанд ё ихроҷ мешаванд. Аз ин хотир, мардуми мо таваккал намекунанд", - афзуд ӯ.
Дар 11 шаҳри Русия, ки имсол мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол – 2018, хоҳанд буд, аз ҳоло аз ҷалби муҳоҷирони тоҷик ба кор худдорӣ мекунанд. Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон расман аз шаҳрвандони кишвар хостааст, аз 25-уми май то 25-уми июли имсол аз сафар ба 11 шаҳру вилояти Русия муваққатан худдорӣ кунанд.
Ба гуфтаи масъулони ширкатҳои чиптафурӯшӣ, маъмулан ин шабу рӯз онҳое бидуни ҳаросу дудилагӣ билети Русияро мехаранд, ки ё шаҳрвандӣ доранд ё муҳоҷирони қадимианд ва ҷойи кору зисташон мушаххас аст. Масъулини ширкатҳои чиптафурӯшӣ ҳадс мезнанд, ки имсол мавсими сафар ба муҳоҷират ва фурӯши чиптаҳо ба ин самт тобистон гарм хоҳад шуд.
Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки дигар наметавонанд тобистон ва анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футболро интизор бошанд. Онҳо тамоми зимистон дар ватан бекор ва бесаброна интизори баҳор буданд, то барои чархондани зиндагӣ сӯи кишвари муҳоҷират парвоз кунанд. Онҳо таваккал мекунанд.
Нурулло Ҳусайнов тасмим дорад, то 23-юми апрел ба самти Русия билет харад. Вай падари ду фарзанд аст ва таъмини хонаводаву волидонро бар дӯш дорад: "Мегӯянд, муҳоҷиронро гашта ба кишвар хориҷ мекунанд, аммо дигар чора надорам. Шаш моҳ бекор будам. То моҳи август интизор шавам, ним соли дигар мегузарад. Рафтан зарур аст. Бояд кор кунем ва зиндагиро дар инҷо пеш барем."
Интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия яке аз драйвер ё гардонандаҳои иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. То шурӯи буҳрон, муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон соле то 4 миллиард доллар пул мефиристоданд, ки ба нисфи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд.
Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Шароити сахти будубош дар Русия, бидуни ягон сабаб ронда ва ё рӯзу ҳафтаҳо дар боздошт нигоҳдорӣ шудан... ин ва даҳҳо мушкилоти дигар дар он кишвар домангири муҳоҷирони тоҷик мешаванд. Аммо барои пешбурди зиндагии хонаводаҳои бузурги худ дар Тоҷикистон аксаран ин ҳамаро таҳаммул мекунанд ва боз ҳам бо оғози фасли гармо рахти сафар мебанданд.
Муҳоҷирони муваффақ ва онҳое ҳам дар ин миён кам нестанд, ки дигар дар кишвари муҳоҷират роҳу мавқеи худро пайдо кардаанд ва ҳаққи шаҳрвандӣ ҳам доранду бо хонаводаҳои худ зиндагии орому хуб пеш мебаранд.