Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёдро дар Русия барои 15 ҳазор рубл куштанд. ВИДЕО


Сайёд Сафархоҷаев

Ҷасади як муҳоҷири тоҷик, ки дар муноқишаи гурӯҳӣ дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо зарби чанд корд кушта шуд, рӯзи 17-уми апрел дар зодгоҳаш - ноҳияи Кушониён - дафн гардид. Ба қавли шоҳидон, Сайёд Сафархоҷаеви 26-соларо рӯзи 14-уми апрел дар пайи як муноқиша куштаанд. Баҳси ӯ бо гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик бар сари қарз сурат гирифтааст.

Ин ҷанг барои 15 ҳазор рубли қарз сар зад. Бародари Сайёд аз ин бачаҳо қарз гирифта буд.

Таҳқиқи ҳодисаро пулиси Русия бар уҳда дорад. Ҳикматулло Сафархоҷаев, писарамаки Сайёд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, гумонбарон таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд ва то ҳол касе боздошт нашудааст.

Ҳикматулло Сафархоҷаев гуфт, захми корд дар пойҳои Сайёд бештар ба назар мерасид. Аз ин рӯ, ӯ тахмин мезанад, ки бо эҳтимоли зиёд, Сайёд аз хунравӣ фавтидааст.

Муҳоҷири тоҷикро барои 15 ҳазор рубл куштанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

“Ин ҷанг барои 15 ҳазор рубли қарз сар зад. Бародари Сайёд аз ин бачаҳо қарз гирифта буд. Тафтишот аз рӯзи шанбе оғоз шудааст ва ин ҷавонон дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Дилшод, бародари Сайёд, ки дар муноқиша ҷароҳат бардошт, дар бемористон ҳаст ва номи гумонбаронро ба пулис гуфтааст”, - афзуд ӯ.

​Дӯстони ин ҷавони муҳоҷир мегӯянд, баҳси инҳо аз чанд рӯзи пеш шурӯъ шуда буд ва дар ниҳоят бо куштор анҷомид. Алиакбар Мирзоҳоҷиев, муҳоҷири тоҷик, ки ҳамроҳ бо Сайёд кор мекард, рӯзи 17-уми апрел дар як тамоси телефонӣ аз Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, як рӯз пеш аз ҳодиса шоҳиди баҳси телефонии онҳо шуда буд.

Алиакбар мегӯяд, нафароне, ки ба Сайёд ҳамла карданд, аз дӯстони дерина буда, бо ҳам рафтуомад доштанд. Алиакбар мегӯяд, чанд рӯз пеш Сайёд бо ӯ дар маркази таъмири нақлиёт корро сар карда буд.

Соли гузашта аз Русия ба вилояти Хатлон 271 тобути муҳоҷир оварда шудааст.

Ӯ гуфт, "рӯзи ҳодиса бояд якҷоя ба кор мерафтем ва маслиҳат карда будем, ки ӯро аз хонааш мегирам. Соати 9 ба ман занг зад, хоб будам. Соати 10 навишт, ба бозор биё, ки ҷанг аст. Давида ба бозор рафтам. Ба онҷо расидам, ки гуфтанд, Дилшод, бародарашро ба беморхона бурданд. Вақте онҷо рафтам, аз Сайёд пурсидам, касе даракашро надошт. Гуфтанд, ки рафта ҷустуҷӯ кунед. Гашта омадем, ки Ёрии таъҷилӣ аз пешамон гузашт. Дидем, ки афтодааст ва кормандони милиса гуфтанд, ки аллакай фавтидааст.”

Мақомоти расмӣ ва пайвандони ҷавононе, ки дар куштори Сайёд гумонбар дониста мешаванд, ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дар Русия, ки солона ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор мераванд, ҳалокати муҳоҷирон зиёд ба назар мерасад. Соли гузашта аз Русия ба вилояти Хатлон 271 тобути муҳоҷирони корӣ оварда шудааст. Аксари онҳо дар садамаҳои нақлиётӣ, дар задухӯрдҳои гурӯҳӣ ва дигар ҳодисаҳо ба ҳалокат расидаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG