Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи сокинони Панҷакент: "Муҳоҷирон баргарданд" ВИДЕО


Бо онки Радиои Озодӣ дар водии Зарафшон хабарнигори доимӣ надорад, зимни сафарамон ба ин минтақа талош кардем, ба зиндагии сокинони калонтарин шаҳри ин водӣ -- Панҷакент шинос шавем. Шаҳри Панҷакент дар 240-километрии Душанбе ҷойгир аст ва ҳудуди 250 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

Орзуи бештаре аз сокинони ин шаҳр аз муҳоҷират баргаштани наздиконашон аст.

Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ аксари сокинони Панҷакент аз мушкилоташон гуфтанд. Шуғли асосӣ дар инҷо кишоварзӣ ва соҳибкорӣ аст мардум аз даромадашон чандон розӣ нестанд. Мавлуда Холмуродова ки дар бозор савдо мекунад, мегӯяд, "андозҳо ҳар сол баланд мешавад. Мардум пул надорад ва савдо нест. Ҳама Русия рафта истодаанд. Дар оила худам танҳо кор мекунам. Писарам як сол боз дар Русия аст. Ҳанӯз ягон бор пул равон накардааст.

Ҷавонони панҷакентӣ ҳалли тамоми мушкилоти молиявиашонро дар муҳоҷират мебинанд. Аксари ҷавонони шаҳр муҳоҷири меҳнатианд. Қариб аз ҳар хонавода як ду ва ё се нафар дар Русия аст.

Амак Зайниев, як сокини дигар мегӯяд, ки ба деҳқонӣ машғул ҳаст ва дар бозор сабзавот мефурӯшам. Ин сокини Панҷакент мегӯяд, ки ният дорад ба Русия равам, чун инҷо дарёфти пул мушкил аст. "Бояд се фарзандамро хононам. Ягон иморат гирам. Замини наздиҳавлигӣ гирам",-афзуд вай.

Панҷакент: Мехоҳем муҳоҷирон баргарданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:25 0:00

Дар Панҷакент сокинон аз нарасидани замини наздиҳавлигӣ ҳам шикоят доранд. Мегӯянд дар бисёр ҳолатҳо муроҷиаташон бенатиҷа мемонад. Маҳмадраҷаб Абдуллоев, як сокини Панҷакент мегӯяд, барои бунёди хона замин надорад ва бо фарзандонаш дар хонаи падариаш бо сар мебарад.

Ин сокини Панҷакент афзуд, ки чаҳор писараш бо ӯ зиндагӣ мекунанд ва аз ҳамин сабаб, ду келинаш хонаро тарк карда ва рафтанд. "Ҳамсарам, ки бемории қанд дошт, аз пушти ҳамин корҳо ҳолаш бад шуд ва ба беморхона афтод. Бисёр шароитҳои вазнин аз сарам гузашта истодааст",-афзуд вай.

Як вижагии шаҳри Панҷакент дар он будааст, ки духтарони ин минтақа нисбат ба дигар навоҳии дурдасти кишвар ба таҳсил таваҷҷӯҳи бештар доранд. Бо чанд духтаре, ки мусоҳиб шудем, таҳсилдида буданд. Умеда Ризоева аз забони русӣ ва англисӣ дар медиҳад. Мегӯяд, ки шавҳараш дар Русия дизайнер аст ва зиндагиашон хуб аст.

Орзуи бештаре аз сокинони ин шаҳр аз муҳоҷират баргаштани наздиконашон аст. Як сокини ин шаҳр гуфт, мехоҳад, ки дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ бештар бошад ва мардум ҳаминҷо кор кунанд ва ба Русия нараванд ва азоб накашанд. "Бачаҳое, ки дар муҳоҷиратанд, ба ватан баргарданд. Ҳаминҷо кор кунанд. Ҷои кор меёбанд. Орзу дорем, ки оянда вазъият аз ин беҳтар шавад",-мегӯяд ин сокини Панҷакент.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG