Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Савганд ба Тоҷикистон, нафақа аз Русия. Имтиёзи Маскав ба баъзе низомиёни тоҷик


Акс аз бойгонӣ

Шӯрои Федератсия – палатаи болоии порлумони Русия – санадеро қабул кард, ки ба низомиён ва аҳли оилаи фармондеҳии СПАД (Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ) ҳаққи дарёфти иқомат дар Русияро медиҳад. Аз Тоҷикистон ду воҳиди низомӣ дар ҳайати нирӯҳои СПАД ҳастанд ва аз ин имтиёзи Русия баҳравар хоҳанд шуд. Аммо мақомот ба далели сирри ҳарбӣ будан шумораи дақиқи низомиёнро ошкор намекунанд.

Хонаи хидматӣ, табобату таҳсили бепул

Аз Русия нафақа гирифтани низомиёни тоҷик ба истиқлоли сиёсии Тоҷикистон ягон иснод намеорад. Чунки ду давлат шарику ҳамкор ва дар арсаи низомӣ дар ҳайати як созмон қарор доранд.

Маҳдии Собир

Владимир Зайнетдинов, котиби матбуотии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ рӯзи 30-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин имтиёз “ба низомиёни кишварҳои хориҷие, ки дар ҳайати ин созмон кор мекунанд, тааллуқ мегирад.”

Бо тасвиб шудани ин ҳуҷҷат зан ва фарзанди низомиён низ аз бисёре имтиёзҳо бархӯрдор хоҳанд шуд. Аз ҷумла, дарёфти хонаи хидматӣ, дастрасӣ ба муолиҷаи ройгон ва таҳсили бепул дар мактабҳои Русия. Ҳамчунон аҳли оила иҷозатномаи иқомати муваққат ё РВП-ро низ ба даст меоранд, ки роҳро барои гирифтани шаҳрвандии Русия боз мекунад.

Аз хазинаи Тоҷикистон ё Русия?

Михаил Козлов, вакили Шӯрои федератсия ҳини муаррифии ин ҳуҷҷат гуфт, “низомиёни СПАД ва аъзои оилаи онҳо аз имтиёзи вежае бархӯрдор мешаванд, ки дар қонунҳои дигар таҷассум наёфта буданд.”

Зимнан, ин танҳо созишномае нест, ки низомиёни тоҷикро аз имтизёҳои Русия бархӯрдор мекунад. Миёни Тоҷикистон ва Русия созишномае амал мекунад, ки ба низомиёни Тоҷикистон ҳақ медиҳад ҳангоми русхат шудан аз артиш ё мақомоти қудратӣ, аз хазинаи Русия ё Тоҷикистон барои худ нафақа дархост кунанд.

Маҳдии Собир, афсари мустаъфӣ ва коршиноси масоили низомӣ, мегӯяд, “тасвиб шудани ин ҳуҷҷат барои низомиёни тоҷик имтиёзи иловагӣ медиҳад. Чунки ҳоло ҳам миёни Тоҷикистону Русия созишномае амал мекунад, ки баъди адои хидмат ба низомиён ҳаққи интихоб медиҳад, ки аз Тоҷикистон ва ё Русия нафақа бигиранд. Ман бисёр низомиёнеро медонам, ки аз Русия нафақа мегиранд, дар онҷо хонаву дар доранд ва соҳиби шаҳрвандӣ гаштаанд”, - иброз дошт Маҳдии Собир.

"Ба истиқлоли сиёсии Тоҷикистон ягон иснод намеорад"

Чун андозаи нафақаи Русия барои низомиёни бознишаста аз Тоҷикистон дида болотар аст, интихоби бисёре аз низомиёни тоҷик рӯи Русия қарор мегирад. Ҳарчанд шумораи дақиқи низомиёни тоҷике, ки шаҳрвандӣ ва нафақаи Русияро пазируфтаанд, маълум нест.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Моҳи июни соли 2017 Тоҷикистон бо ислоҳи қонун дар бораи мақомоти корҳои дохилӣ ва идораҳои дигари ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти афроди душаҳрвандиро дар чунин ниҳодҳо ғайримумкин кард. Дар натиҷа онҳое, ки шаҳрвандии Русияро доштанд ё аз он даст кашиданд ва ё аз мақом маҳрум шуданд. Аз ҷумла, пас аз қабули ин қонун додситони ноҳияи Истаравшан ба хотири доштани шаҳрвандии Русия аз мақом барканор карда шуд.

Маҳдии Собир мегӯяд, дар Тоҷикистон низомиёнро гоҳе таъна мезананд, ки чаро савганди садоқат ба давлатро хӯрдаанд, аммо аз давлати дигар нафақа мегиранд? “Аз Русия нафақа гирифтани низомиёни тоҷик ба истиқлоли сиёсии Тоҷикистон ягон иснод намеорад. Чунки ду давлат шарику ҳамкор ва дар арсаи низомӣ дар ҳайати як созмон қарор доранд. Дар таҷрибаи давлатҳои дигар, аз ҷумла кишварҳои узви НАТО ҳам мебинем, ки чанд кишвар зери чатри амниятии як кишвар қарор доранд ва ин ҳеч бадӣ надорад”, - иброз дошт ин афсари мустаъфӣ.

Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ аст ва як қисме аз нерӯҳои низомии кишвар узви гурӯҳи вокуниши сареи ин созмон ҳастанд. Калонтарин тамрини низомии ин созмон низ моҳи ноябри соли гузашта бо номи “Нерушимое браство” дар Тоҷикистон баргузор шуд. Нерӯҳои Русия дар ин размоиш аз ҷумла мушакҳои навъи “Искандер”-ро партоб карданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG