Пайвандҳои дастрасӣ

Тири “дайду” ба хонаи 3 сокини Шаҳритус зарар расонд. ВИДЕО


Тири зиреҳпӯши низомиёне, ки дар "Ҳарбмайдон" тамрин мекарданд, ба манзили се сокини ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон зарар расондааст. Мақомоти ноҳияи Шаҳритус ба сокинон гуфтаанд, ки ҷуброни хисоротро пардохт хоҳанд кард.

Мақомоти идораи ҳолатҳои изтирории ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки хонаи се сокини ин ноҳия аз тири низомиён зарар диданд.

Ин ҳодиса рӯзи 11-уми ноябр дар деҳаи “Иттифоқ”, дакилометрии размоишгоҳи “Ҳарбмайдон”, ба вуқуъ пайваст. Он замон дар “Ҳарбмайдон” нирӯҳои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ тамрин мекарданд. Фарзия ин аст, ки тири "дайду"-и онҳо ба хонаи мардум расидааст.

Саида Қурбонова, сокини деҳаи “Иттифоқ”-и ноҳияи Шаҳритус, рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ба худ наомадааст. Ӯ гуфт, лаҳзае, ки дар хона хамир карда, барои бачаҳояш нон мепӯхт, садои тир ва ларзиши сахти хона ӯро дар ҳолати парешонӣ гузошт.

"Ҳамон рӯз барқ набуд, вагарна..."

Ӯ мегӯяд, ҳамон рӯз дар деҳаашон барқ набуд, вагарна тире, ки бом, шифти хона ва ду деворро сӯрох кард, метавонист паёмади баде ба бор орад. “Тир аз девори хонае гузаштааст, ки бачаҳо маъмулан дар онҷо нишаста филм тамошо мекарданд. Хушбахтона, он рӯз барқ набуд ва баъзе бачаҳо ҳамроҳи ман дар ошхона ва баъзеи дигарашон дар мактаб буданд”, - афзуд ӯ.

Ин сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Шаҳритус гуфт, вақте диданд, ки девори хонаашон сӯрох шудааст, раиси маҳалла ва нозири минтақавиро даъват карданд, то ин ҳодисаро сабт намоянд.

​Муҳиддин Қурбонов, шавҳари Саида Қурбонова, мегӯяд, лаҳзае, ки тир ба девору боми ин хона бархӯрд, ӯ дар бозор буд. Вақте ба хонааш расид, сарбозони зиёдро дид. “Тиреро, ки аз таҳхонаи ҳавлӣ пайдо шуд, сарбозон бо худ бурданд. Низомиҳо намонданд, ки бибинем. Ҳатто наздик нашудем”, - афзуд ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Тири сарбозони СПАД будааст"

Ин хонавода мегӯяд, ҳоло зарари расида ба хонаводаашон ҳисоб нашудааст. Худашон сӯрохиҳои деворро бо лой пур кардаанд, аммо бому сақфи хона ҳанӯз кушода мондааст. Мақомоти ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, дар бораи ин ҳодиса омода нестанд, ки видеоӣ сӯҳбат кунанд, вале гуфтанд, ба хонаводаҳои зарардида кумак мерасонанд. Абдураҳим Урунов, раиси ҷамоати "Холматов", ки деҳаи Иттифоқ дар ҳудудаш воқеъ аст, гуфт, бино ба ҳисоби онҳо зарари хонаи Муҳиддин Қурбонов ду ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст ва мақомот ҳозир ҳастанд ин ҷубронро пардохт намоянд.

Тибқи иттилои мақомоти Кумитаҳои ҳолатҳои изтирории ноҳияи Шаҳритус, ҳамин тавр, хонаи ду сокини дигар дар пайи тири низомиён зарар дидааст. Саид Боронов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Шаҳритус гуфт, эҳтимол ин тири сарбозон аз размоиши "Ҳарбмайдон" буд, ки дар марзи Қубодиёну Шаҳритус, наздик ба марзи Афғонистон ҷойгир аст. Саид Боронов афзуд, ​“ин тири сарбозони СПАД будааст, ки ба се хона зарар расондааст. Ман фикр мекунам, ки тири тонк аст. Ба мо ҳамин гапро гуфтанд.”

Тири "дайду" дар 17 сол 11 нафарро кушт

Дар гузашта ҳодисаҳои бархӯрди тири “дайду” ба манзили зисти сокинони деҳоти атрофи размоишгоҳу пойгоҳҳои низомӣ ба қайд гирифта шудааст. Моҳи июли соли 2015 ба хотири роҳ надодан ба фоҷиа, мақомот аз сокинони деҳаи Дараи оби наздик ба тамрингоҳи "Мумирак"-и пойгоҳи 201-и Русия ба таври расмӣ даъват карданд, ки аз берун шудан аз хона ба ҳангоми тамринҳои низомӣ худдорӣ кунанд.

Дар пайи тамрини онҳо дар панҷ соли ахир ҳудуди 1000 гектар замини ғаллазор оташ гирифта, садҳо чорпои сокинон ба ҳалокат расидааст. Ҳисоб шудааст, ки дар ҳудуди 17 соли ахир аз тири низомиён ҳангоми тамринҳои низомӣ 11 нафар ҷони худро аз даст додааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG