Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯлоб. Аз тир ба сӯи саги дайду як донишҷӯи Коллеҷи тиббӣ захмӣ шуд


Як донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар пайи поксозии шаҳр аз сагҳои дайду дар ҳафтаи гузашта, бар асари шиллики тир ҷароҳат бардоштааст ва феълан дар бемористон бистарӣ мебошад. Кормандони Идораи коммуналӣ масъулияти ин ҳодисаро бар дӯш гирифта ва гуфтаанд, ки ҷавонро пурра табобат хоҳанд кард.

Фатҳуддин Сайдалиев, донишҷӯи соли аввали Коллеҷи тиббӣ рӯзи 16-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай ҳамроҳи чанд рафиқаш сешанбеи ҳафтаи гузашта дар назди хонаи иҷораашон дар маҳаллаи Борбад нишаста буданд, ки кормандони идораи коммуналӣ омада, ба паррондани сагҳо машғул шуданд. Ба гуфтаи ин ҷавон, ҳарчанд кормандони идораи коммуналӣ онҳоро огоҳ карданд, ки маҳалро тарк кунанд, аммо ӯ то аз ҷой бархост, ки тири ба сӯи як саг андохташуда, ӯро захмӣ кард. Ин ҷавон мегӯяд, тақрибан 20 метр дуртар аз кормандони Идораи коммуналӣ қарор дошт, вале намедонад чӣ гуна тир ба ӯ расид.

Ҷӯрахон Раҷабов, мудири бахши осебшиносии бемористони вилоятии шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷавон худ якҷо бо рафиқонаш ба бемористон омад. Ҷаноби Раҷабов афзуд, ки тир аз бадани ин ҷавон аз роҳи ҷарроҳӣ гирифта шуд. Хонаводаи ин ҷавон мегӯянд, ки нисбати кормандони Идораи коммуналӣ шикоят надоранд, зеро тир нохост ба бадани Фатҳуддин расидааст.

Ин бори аввал нест, ки мақомот дар рӯзи рушан ва миёни мардум ба поксозии сагони дайду машғул мешаванд. Моҳе қабл мардум ба ин иқдоми мақомот, ки дар назди терминали мусофирбарӣ воқеъ дар маркази шаҳр сурат гирифт, вокуниш нишон доданд. Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Кӯлоб, сагҳои дайду дар ин минтақа афзоиш ёфт ва дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 387-тои онҳо нобуд карда шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG