Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Саудӣ ба Душанбе. АКС

Гуруҳи беш аз 200-нафарии ҳоҷиёни тоҷик рӯзи 1-уми сентябр аз Арабистони Саудӣ ба Душанбе омад. Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва маросими Тоҷикистон гуфтанд, ки бозгашти ҳоҷиён рӯзи 31-уми август шуруъ шуда, то 15-уми сентябр идома хоҳад кард.
Сафари имсолаи беш аз 6 ҳазор зоири тоҷик барои адои маносики Ҳаҷ 6-уми август шуруъ шуда буд.
Ҳаҷ барои ҳар мусалмон дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ фарз шудааст. Аммо тибқи қарори се соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳақ доранд, ки ба Ҳаҷ бираванд.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG