Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Покистон 29 нафар қурбони ду таркиши интиҳорӣ шуданд


Рӯзи 13 июл дар Покистон дар паи ду таркиши ҷудогона дар ин кишвар 29 нафар, аз ҷумла як номзади парлумон кушта ва беш аз 30 нафар маҷрӯҳ шуданд. Полиси Покистон гуфт, ки як маргталаби бомбгузор корвони мошинҳои ширкатдори маъракаи интихоботӣ дар шаҳри Кветтаро ҳадаф қарор дода, дар натиҷа даҳҳо тан кушта шуданд. Дар миёни онҳо - Сироҷ Райсонӣ, номзади интихоботи парлумонии рӯзи 25 июл ва узви ҳизби “Авоми Покистон” мебошад.

Чанд соат пеш аз ин дасти кам чор нафар кушта ва 32 тани дигар дар ҳангоми таблиғи барномаи интихоботии як номзади дигар маҷрӯҳ шуд. Полис гуфт, ки ин таркиш зидди вазири кори собиқ Арамхони Дурронӣ нигаронида шуда буд, вале худи ӯ дар ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд.

XS
SM
MD
LG