Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БҶ: "Ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст"


Тибқи як гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 14.3 дар сад коҳиш ёфтааст. Масъулони Бонки ҷаҳонӣ зимни баррасии вазъи иқтисодии минтақа рӯзи 13-уми уми июл гуфтанд, ки сабаби аслии кам шудани сармоягузорӣ, идомаи бӯҳрони бонкӣ ва боқӣ мондани нобоварии сармоягузорони хориҷӣ аст. Новобаста ба тадбирҳои давлати Тоҷикистон дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ, ин тамоюл ба самти манфӣ идома кардааст. Ҳоло аз чор се ҳисаи сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро, сармоягузории давлатӣ ташкил медиҳад.

Петер Олтер, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки вуҷуди мушкили ҳалношуда сабаби ба кундӣ рушд кардани бахши хусусӣ шудааст. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳам ба гуфтаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ба кундӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои андешида сатҳи камбизоатиро то 29.5 дарсат коҳиш додааст.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки боз шудани марзҳо миёни кишварҳои ҳамсоя, сабаби коҳишёбии таварум дар Тоҷикистон дар соли гузашта ва нимсолаи аввал шудааст. Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки дар шароити феълӣ беш аз 50 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил кардани қарзи берунаи Тоҷикистон, барои кишвар хавф дорад. Зеро ба бовари онҳо, Тоҷикистон тавони пардохти ин қарзҳоро надорад.

XS
SM
MD
LG