Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин паёми видеоии Юлия Скрипал баъди ба ҳуш омаданаш


Нахустин паёми видеоии Юлия Скрипал баъди ба ҳуш омаданаш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Юлия Скрипал, духтари Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи Русия пас аз чанд моҳи заҳролудшавӣ ва ба ҳуш омадан дар шаҳри Салсберии Бритониё паёми видеоӣ дод. Падару духтар Скрипалҳо рӯзи 4-уми марти имсол аз гази фалаҷкунандаи "Новичок" заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд. Онҳо муддати тӯлонӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор доштанд, вале баъдан ҳолашон беҳбуд ёфта, аввал Юлия ва сипас падараш ба ҳуш омад. Бритониё дар суиқасд ба ҷони Скрипал ва духтари ӯ Русияро гунаҳкор кард ва гуфт, Маскав барои ҳамла ба онҳо ангеза дошт. Маскав иттиҳомро рад мекунад. Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Бритониё дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG